Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Ба Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим

Ба Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода

Дар тамоми давру замон пойдевор ё шоҳсутуни давлату давлатдорӣ андоз ба шумор меравад. Маҳз ҷамъоварии андозҳо ҳаст, ки давлат уҳдадориҳояшро пеши шаҳрвандони худ ва ташкилотҳои молии ҷаҳонӣ иҷро намуда, институтҳои давлатдорӣ, аз қабили мақомоти қудратӣ, маориф ва тандурустӣ, фарҳанг, сохтмонҳои калони сохташаванда ва дигар вазорату идораҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳатто фаъолияти корпусҳои дипломатии хориҷ аз кишвар ва намояндагони давлат дар дигар ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, ки қисми асосии маблағҳоро кормандони мақомоти андоз ҷамъоварӣ менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҳатмӣ мебошад ва саркашӣ кардан аз пардохтҳои давлатӣ ҷиноят аст. Ҳатто дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки онро давлати сирф демократӣ мегӯянд, яке аз ҷиноятҳои басо мудҳиш – ин пардохт накардани андозҳо ё пинҳонкунии он ба шумор рафта, барои ин амалҳо дар қонунҳои ин кишвар ҷазоҳои вазнин пешбинӣ карда шудааст.

Аз тарафи давлат ва Ҳукумати кишвар сар карда аз соли 1995, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ арзи ҳастӣ намуд, қонун ва санадҳои мухталиф ҷорӣ карда шудааст, то ба соҳибкорону тоҷирон, алалхусус истеҳсолкунандагони ватанӣ сабукиҳо оварда шавад. Вале ба ин нигоҳ накарда, сол то сол сафи конуншиканиҳо байни соҳибкорону хоҷагидорон зиёд гардида истодааст. Гузашта аз ин, боз хоҷагидороне ёфт мешаванд, ки худ воситаҳои нави фишорро ба корманди андоз касб кардаанд, то ба фаъолияташон касе кордор нашавад.

Вақтҳои охир сари мавзӯи андози шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ зиёд гапу калочаҳо пайдо гардида, кор то ба ҷое расидааст, ки соҳибмулки яке аз корхонаҳои тиҷоратии таъмиру васлкунии гази моеъ ба номи “Атикер” хостааст гӯё аз боиси монеагиҳои намояндагони мақомоти андоз ва дигар мақомоти қудратӣ корро бас карда, корхонаи худро фурӯшад. Гузашта аз ин, ин амали худро соҳибмулки ин корхона тариқи воситаҳои ахбори омма шарҳ додааст, ки гӯё маҳз фишорҳои роҳбари Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷаноби Бедил Ҳусайнзода сабаб гардидааст, ки вай корхонаро фурӯхта, аз кишвар кӯч бандад. Гӯё маҳз фишори кормандони андоз сабаб гардидааст, ки чанд нафарро бе ҷойи кори доимӣ монда, соҳибмулк ҷаноби Юлдошев Фарҳод аз кишвар фирор мекардааст. Бинобар ин, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки оид ба ҳолати воқеии ин амал ва сабабҳои ба ин кор даст задани ин соҳибмулк ва андозсупорандаи “бовиҷдон” гузориши вижа омода намояд ва хонандагони азизу гиромӣ ва ҳаводоронашро аз ин ҳақиқат огоҳ намояд.

Кормандони МТЖТ нахуст аз корхонаи “Атикер”дидан намуда, баъдан ба нозироти андоз ташриф оварданд. Метавон гуфт, дар ҳар ду корхона мо ягон мушкил оид ба дарёфти ҳақиқат надоштем. Дар “Атикер” Норхуҷаев Файзулло оид ба мушкилоти мақомоти андоз доштааш чунин шарҳ дод, ки “дар корхонаи “Атикер” 4 нафар коргар фаъолияти корӣ доранду боз ду шогирди таҷрибаомӯзи дигар бе музди меҳнат инҷо фаъолият намуда, рӯзе ҳамагӣ ба як ё ду автомашина таҷҳизоти гази моеъ мечаспонанд. Нархи як таҷҳизоти гази моеъ бо ҳама кораш ҳамагӣ 1700 сомонӣ мебошад. Роҳбари корхона Юлдошев Фарҳод дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад. Рӯзи 14-уми декабри соли 2019 бо роҳбарии Муъмин ном корманди андоз 4-5 нафар аз сӯхторнишонӣ, милиса, андоз, боз намедонам аз куҷо омада буданд. Корманди андоз ба дигарон фармон медод, ки “инту кунед, инту кунед”. Ва ба сӯхторнишон фармон дод, ки “ҳама ҷоро нигоҳ кунед”. Кадом ҳуҷҷате тартиб доданд, ман имзо накардам, чун роҳбарамон нест ва ман наметавонам ба ҷои он кас имзо кунам. Баъди он, ки ҳама ҷоро муҳр заданд, мо шефда баромадем ва гуфтем, ки бо роҳбари андоз вохӯрданашон лозим ва калидҳоро бурда ба хонаашон супоридем. Баъд он кас омада, рӯзи 18-19-уми декабр гӯё бо сардор вохӯрдаанд”.

Ба гуфтаи Абдукарим ном сокини шаҳри Бӯстон, “тавре мегӯянд, “дузди зӯрро баъди дуздӣ қарақчӣ мезанад”. Бояд аввало мақомдорон муайян кунанд, ки барои чӣ соҳибмулк ё тоҷири “Атикер” аз Русия истода чигуна дар Тоҷикистон тиҷорат менамудаасту боз ба мақомдорон, аз ҷумла ба мақомоти андоз барои фаъолияташ боз монеа эҷод мекардаасту номи неки кормандони як сохтори бонуфузро доғдор месохтааст?”.

Аз тарафи кормандони МТЖТ низ маълум гашт, ки корхонаи “Атикер” яке аз манбаҳои муташаккилонаи пинҳон намудани манбаъҳои андоз буда, метавон гуфт, рӯзе то ба 20-25 автомашина таҷҳизоти газиро аз 1700 то 3200 сомонӣ васл намуда, танҳо давоми як рӯз даҳҳо ҳазор сомонӣ маблағро аз мақомоти дахлдор пинҳон намуда, аз ҳисоби буҷаи давлат оши худро гарм менамояд ва гарчанде бо дастгириҳои Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат фазои муътадил баҳри дилхоҳ самти соҳибкорӣ муҳайё карда шуда, зиёд намудҳои соҳибкорӣ аз пардохтҳои гумрукию андозҳо озод гашта бошанд ҳам, вале чи хеле ки мебинем, боз шахсоне ёфт мегарданд, ки баҳри қонеъ гардонидани нафси беохири худ аз ягон амали ношоистаю туҳмату буҳтон даст намекашанд ва Тоҷикистони азизу кишвари зебои моро пеши дигарон бадном карда, мехоҳанд ба ин васила сармоя ҷамъ намоянд. Ва мехоҳанд касе пишаки онҳоро пишт нагӯяд ва накунаду касе аз онҳо оид ба даромаду манбаҳои даромад ё воситаҳои асосии даромадашон пурсон шавад, гӯё Азроил ба ҷонашон даст зада бошад, тамоми воситаҳои ғайриинсониро дар ҳаққи кормандони давлатӣ ё шахси санҷишгар амалӣ менамоянд, то аз инҳо чизеро напурсанд. Чунин нафарон то ба кай бо чунин тарз (бо роҳи бадном кардани мардум) умр ба сар мебурда бошанд? Кӯза то кай аз лаби чашма сиҳат бармегашта бошад?

Он хонаеро, ки дар кӯчаи Энгелс 73-и шаҳри Бӯстон, ки ба ҳамсояи Бедил Ҳусайнзода тааллуқ дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи ӯ шарҳ додаанд. Хонаи номбурда дар кӯчаи Қурбон Раҷабов 71 (Энгелс 71) буда, як хонаи одӣ мебошад ва хонаи зебои ҳамсояро ба номи Бедил Ҳусайнзода рабт додаанд, ки туҳмати маҳз аст.

Ба гуфтаи Маҳкамов Муродҷон, дар корхонаи “Атикер” 10-12 нафар кор мекунанду нархҳо вобаста ба ғунҷоиши газ аз 1700 то 3200 сомонӣ мебошад. Ба ғайр аз ин, инҷо боз таъмиру ташхис сурат мегирад ва таҷҳизоти газиро низ дар бинои дуқабата мефурӯшанду ба касе чипта ё чек доданро фаромӯш менамоянд. Ин нуқтаи хизматрасонии таҷҳизоти газӣ чанд сол боз фаъол буда, танҳо бо мақсади пинҳон кардани даромади худ дар девори бино навиштаҷоти “аз барои андоз корхонаамро мефурӯшам” муғризие беш нест.

Дигар ин ки, барои чӣ ҷаноби Юлдошев Фарҳод аз Русия омада, бо сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд вохӯрд, вале ба вохӯрӣ сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон Бедил Ҳусайнзодаро таклиф накарданд? Ё инҷо зери коса нимкосае ҳаст? Агар сардори нозирот аз ӯ пора талаб карда бошад, барои чӣ ӯ ба мақомот муроҷиат накард? Ё чаро ақаллан гуфтаву туҳматҳояшро дар ҳақи кормандон дар ҳузури сардори раёсат тасдиқ ё исбот накард?

Инҷо зиёд муаммову саволҳо ҷой доранд, ки танҳо мақомоти тафтишотӣ метавонад исбот намояд, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ.

Дақиқ ин аст, ки новобаста аз дар кадом самт фаъолият кардан, шаҳрванд бояд пардохтҳои давлатиро супорад ва ин тартиб тибқи Конститутсияи кишвари мо муқаррар карда шудааст. Ҳар амали вобаста ба монеагӣ дар ин самт ҳамчун монеа ба фаъолияти корманд дар Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода мешавад, ки дар ин маврид мо посухро аз мақомоти дахлдор интизорем.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

1 бинависед

  1. Аз кай боз кумитаи андоз бар дигар макомотхо фармон медодаги шудааст. «Корманди андоз ба дигарон фармон медод, ки “инту кунед, инту кунед”. Ва ба сӯхторнишон фармон дод, ки “ҳама ҷоро нигоҳ кунед”.»
    Фикр мекунам баьд аз гу…. чорзону шиштан фоида надорад.
    Аз хамин тадкикотчи пурсидании хастам ки бар ивази чи кадар пул хамин маколаро навиштааст. Агар ин макола дар хакикат хамин тавре ки хаст рост бошад хуш ба холи ин нависанда ва илло агар ин фармоиши бошад , сад хайфи калам!.

Добавить комментарий