Дар Тоҷикистон баъзе аз занон шикоят доранд, ки наздиконашон онҳоро барои пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки мувофиқи қонунгузорӣ ин амал берун аз доираи озодиҳои ҳуқуқии шаҳрвандон аст

 

Меҳриниссо Саидова, сокини ноҳияи Файзобод аз он шикоят мекунад, ки шавҳараш ғайри ихтиёри худаш ӯро ба сатр бастан водор намудааст. Ин боиси пеш омадани мушкилиҳои зиёде дар зиндагии онҳо шудааст.

— Қабл аз тӯй рӯмол мебастам ва боре ҳам дар бораи ҳиҷоб шавҳарам чизе нагуфт. Пас аз тӯй шавҳарам иҷозат надод, ки ҳатто ба ҳавлии хона бе ҳиҷоб бароям. Дар мактаб ба кор шуруъ кардам, шавҳарам розӣ нашуд, ки ман ҳиҷобамро гираму бо рӯмол ба мактаб равам,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Меҳриниссо нақл кард, ки ҳар вақте то даромадгоҳи мактаб мерафт, ҳиҷобашро аз сараш мегирифт ва баъди баромадан аз дарвозаи мактаб онро дигарбора ба сар карда, ба хона бармегашт. Ин кораш боис гардид, ки ӯро маъмурияти мактаб чанд маротиба сарзаниш кард.

— Як рӯз директори мактаб ин ҳолати маро дид ва таъкид кард, ки агар ҳамин хел идома диҳӣ, аз мактаб ҷавоб медиҳам, ба мо чунин коргар лозим нест. Ҳамарӯза ҳоли ман ҳамин аст. Чӣ кор кунам, дигар илоҷ надорам. Агар ҳиҷоб накунам, шавҳарам ба ҷудошавӣ таҳдид мекунад,- илова кард ҳамсуҳбати мо.

 

Чаро занон ба хушунат тоб меоранд?

Дар Тоҷикистон, ки вазъияти иқтисодӣ хароб аст, барои зан ҷудо шудан аз шавҳар як мусибати калон ба ҳисоб меравад. Аксари занон маҷбуранд, ки ба хушунат тан диҳанд, чунки пас аз пош хӯрдани оила таъмину нигоҳубини кӯдакон бар гардани занон мемонад.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони «Перспектива+» ва ҳуқуқшиноси тоҷик бар он назар аст, ки ҳар чизе маҷбурӣ сурат мегирад, хушунат аст, вале оқибатҳои манфии худро дорад, ки ба фоидаи зан буда наметавонад.

— Дар мавриди он ки шавҳар занашро ба бастани сатр маҷбур мекунад, ин низ хушунат аст. Бинед, зан ҳуқуқ дорад, ки рафта ба мақомоти дахлдор шикоят кунад, вале оқибаташ ба хонавайронӣ мерасонад. Мард боз рафта зани дигар мегирад, вале занро ҷомеаи Тоҷикистон ба кор таъмин карда наметавонад, то оянда зиндагиашро мустақилона пеш барад,- гуфт ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ҳолатҳои маҷбуркунии занон барои пӯшидани ҳиҷоб кам нестанд. Ҳатто ҳолатҳое низ ҳастанд, ки чунин амалҳо ба хонавайроншавӣ оварда расонидааст.

Наргис Анварова, сокини 30-солаи ноҳияи Варзоб барои он ки шавҳараш ӯро ғайри хоҳиши худаш ба сатр бастан маҷбур кардааст, пас аз ҷанҷолҳои зиёд аз ӯ ҷудо шудааст.

— Ман дар донишгоҳ кор мекардам ва шавҳарам бачаи таҳсилкарда буд. Ӯ зиёд бадрашк буд ва маҷбур мекард, ки сатр бандам. Дар аввал сатрамро мебастам, вале ҳангоми ба донишгоҳ наздик шудан гап нарасад гуфта, онро аз сарам мегирифтам. Ҳангоми ба деҳа рафтан, дубора сатрамро мепӯшидам. Азбаски ман ҳиҷоб пӯшидан намехостам, қариб ки ҳар рӯз бо шавҳарам ҷанг мекардем. Ин боис гашт, ки мо хеле зуд аз ҳам ҷудо шудем,- илова кард Наргис.

Саида Холова як сокини шаҳри Душанбе аст, ки то шавҳар карданаш боре ҳам рӯмол дар сар набастааст ва дар интихоби либос низ озод будааст. Вале дар хонаи шавҳар ӯ маҷбур шудааст, ки ҳиҷоб пӯшад.

— Ман аз аввал медонистам, ки хонаводаи шавҳарам мазҳабианд, вале то ин андоза фикр намекардам. Дар хонаводаи шавҳарам ҳамаи занон ҳиҷоб мепӯшиданд ва маро ҳам маҷбур карданд, ки ҳиҷоб бандам. Дар аввал зид баромадам, чунки намехостам ҳиҷобпӯш бошам. Мо бо шавҳарам қариб ки аз ҳам ҷудо мешудем, вале нахостам, ки оилаам вайрон шаваду маҷбур шудам ҳиҷобро ба гардан гирам. Инак тӯли қариб 10 сол мешавад, ки ҳиҷоб ба сар дорам,- мегӯяд ӯ.

 

Ислом дар бораи сатр чӣ мегӯяд?

— Мувофиқи қавонони дини ислом, ҳар он духтаре, ки ба синни балоғати ҷинсӣ расидааст, бояд мувофиқи меъёрҳои шариат либос пӯшад ва сатр бастан барояш ҳатмӣ аст,- мегӯяд диншинос Юлия Денисенко.

Вале, дар баробари ин, ӯ ба ин ақида аст, ки мувофиқи Конститутсия ҳар як фард ҳуқуқи шаҳрвандӣ дорад, ки озодии бовариро кафолат медиҳад.

Дар мавриди занҳо, ки шавҳарашон маҷбур мекунанд ҳиҷоб пӯшанд, онҳо мувофиқи Конститутсия ҳуқуқи шаҳрвандӣ доранд, ки озодии бовариро кафолат медиҳад,- илова кард диншинос.

Дар Тоҷикистон махсусан дар минтақаҳои дурдаст зиёд ба назар мерасад, ки кӯдакони наврасро волидайн ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мекунанд. Ҳатто аз суҳбат бо кӯдакон маълум аст, ки намехоҳанд ҳиҷобпӯш бошанд. Чунин муносибат ҳатто аз нигоҳи ислом ҷоиз нест, ки кӯдаки ба балоғат нарасида сатр пӯшад.

— Бисёриҳо фаромӯш мекунанд, ки ба сар кардани рӯмол танҳо барои духтарони ба балоғати ҷинсӣ расида ҳатмӣ аст. Чаро кӯдаки худро аз ҷомеа ҷудо кунем ва нагузорем дониш омӯзад? Бояд ҳама чиз меъёр ва мантиқ дошта бошад. Яъне, мавқеи ман, ҳамчун мавқеи дигар диншиносон, нисбати духтарони то 12- сола як аст, пӯшидани рӯмол ва ҳиҷоб барои кӯдакон шарт нест,- илова намуд диншинос.

Диншиноси тоҷик Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки мувофиқи дини ислом ва берун аз он низ маҷбур намудани зан ба бастани сатр кори нодуруст аст. Ҳар он касе, ки занро барои сатр бастан маҷбур мекунад, зоҳирпараст аст.

— Ҳоло бештари занонро маҷбур ба сатр бастан мекунанд, ки ин кори нодуруст аст. Чунки ҳар шахс интихоби худро дорад. Лекин дар гузашта касе фикр намекард, ки шояд дигар хел либос пӯшидан мумкин бошад. Ҳоло дунё тамоман тағйир ёфтааст, замона дигар шудааст. Ислом ҳам мегӯяд, ки имон бояд дар дил бошад, на дар пӯшиши либос ва нафаре, ки маҷбур мекунад, вай зоҳирпараст аст,- қайд кард диншинос.

 

Занон дар миёни обу оташ

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ворид шудани занҳои сатрпӯшро ба биноҳои вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ бо қабули қонун манъ кунанд.

Айни замон як гуруҳи махсуси корӣ ба таҳияи тарҳе пардохтаанд, ки интизор меравад ворид шудани занҳои ҳиҷобдорро ба тамоми идораву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, манъ кунад. Ин гуруҳ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ташкил шудааст.

Дар ин ҳолат фишори дуҷониба ба занон сурат мегирад, яъне ҳам аз ҷониби шавҳар, ки маҷбуран ҳиҷоб кун мегӯяд ва ҳам аз ҷониби мақомот, ки онро баръакс аз сар гиред мегӯянд. Пас, зан ба гапи шавҳараш итот кунад, то ин ки оилаашро нигаҳ дорад, ё ин ки ба гапи мақомот, ки онҳо низ фишори равонӣ меоранд?

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст

1 бинависед

Добавить комментарий