Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, ки мардуми мо аз ин хеле шод гаштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз куҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои куҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Паёмашон Президенти мамлакат қайд намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 хеле бамаврид аст. Зеро табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.

Мо — омӯзгорон ҳам дар баробари омӯзиши пайваста ва аз бар намудани илму технологияи муосир бояд масъулиятро дар заминаи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мактабу маориф ба роҳ монем ва шоистаи гузаштагони барӯманди миллати хеш бошем.

Мо — устодон низ чун дигар аъзои ҷамъияти кишвари хеш пайравони Пешвои миллат ҳастем ва аз дастгирии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» канор намонда, ҳамроҳи дигар кормандони соҳоти гуногун бояд ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Фирдавс ТОШОВ,

омӯзгори Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсуповаи шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here