Барои Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин нигаронкунанда аст, ки дар Тоҷикистон сафари ҳаҷи фарзӣ бо ҳар баҳона сол ба сол афзоиш меёбад.

Пас аз шаш соли интизорӣ барои Зоҳир Обидов навбаташ барои зиёрати Каъба расид. Зоҳир Обидов, ки 56 сол умр дорад, мегӯяд беш аз 35 ҳазор сомонии (ҳудуди 3720 доллари ИМА) маблағи ҳаҷро супоридааст. Аз Кумитаи дин гуфтаанд, ки ин маблағ барои билети рафту баргашт, будубош дар Маккаву Мадина ва пули гӯсфанди қурбонӣ масраф мешавад.

Обидов мегӯяд, ки ба ғайри ин маблағ дар ҳар сари қадам ва барои ҳар хизматрасонӣ пул талаб мекунанд. Масалан, барои ташхиси тиббӣ, барои таҳияи ҳуҷҷатҳо… Ба болои ин боз 750 сомониро (ҳудуди 80 дуллор ИМА) “барои хароҷоти эҳтимолӣ” меситонанд.

Зоҳир Обидов мегӯяд, ки хароҷоти сафари ҳаҷ ҳамасола афзоиш меёбад, вале касе эътироз намекунад. Зеро касе эътироз кард, билфосила нафари дигаре пайдо мешаваду маблағи бештаре пардохт карда, ба зиёрати Макка меравад. Даҳҳо ҳазор нафар дар навбат истодаанд.

Вай дар ҳайрат аст, ки Тоҷикистон як кишвари фақир асту нархҳо ин қадар баланд. Масалан, як рафиқаш, ки шаҳрвандии Русияро дорад, аз шаҳри Қазон ба сафари ҳаҷ меравад. Тамоми хароҷоти сафар 2700 долларро ташкил додааст, ки нисбат ба сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон 1000 доллар камтар аст.

Зимнан, дар остонаи сафари ҳаҷи имсола парлумони Тоҷикистон харҷи сафарро боло бурд. Бар асоси тағйироту иловаҳое, ки рӯзи 26-уми апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба Қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ворид шуд, ҳар нафар барои сафари ҳаҷи фарзӣ ва умра бояд ба миқдори 500 сомонӣ ё 50 доллар ба Кумитаи дин хироҷ пардохт кунад.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сафари Ҳаҷҷро ба уҳда дорад, “ин маблағ барои хизматрасонӣ ва таҳияи санадҳои зоирон” масраф мешавад. Ин дар ҳолест, ки то ҳол ин кор аз ҳисоби маблағи умумии пардохтшуда иҷро мешуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ин тасмими Вазорати молия ва Кумитаи дин интиқод кард. “Мардуми Тоҷикистон солҳои зиёд барои анҷоми сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекунанд. Шумо арзиши ин сафарро боз ба 50 доллар зиёд мекунед. Оё фикри мардумро мекунед ё не?”,- гуфт ӯ.

Зимнан, нархи сафари ҳаҷи фарзӣ дар соли ҷорӣ бо ҳисоби сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ (ҳудуди 190 доллари ИМА) бештар аст.

Аммо қиммати сафари ҳаҷ дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ  чи гуна аст? Дар Қазоқистон 2700 доллар, дар Қирғизистон 2890 доллар ва дар Русия 179 640 рубл ё ки 2700 долларро ташкил медиҳад.

Дар Ӯзбекистон харҷи зиёрати Макка дар замони ҳаҷи фарзӣ ҳудуди 4000 доллар буда, аммо ахиран давлати ин кишвар эълон кард, ки хароҷоти ҳаҷи имсола ба миқдори 1 миллион сум ё беш аз 1000 доллар коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳоле ки умури ҳаҷҷи фарзӣ дар Тоҷикистон ба уҳдаи Кумитаи дин вогузор шудааст, дар бештари кишварҳо ташкил ва хизматрасонии ҳаҷи фарзӣ ва умраро ширкатҳои хусусӣ ба уҳда доранд. Масалан, дар Қазоқистон 18 ширкати хусусии сайёҳӣ ба зоирони қазоқ дар зиёрати Каъба хизмат мерасонанд. Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ мераванд (барои сафар ҳудуди 22,2 милюн доллар месупоранд).

 

Пули ҳаҷ ба куҷо масраф мешавад?

Дар посух ба саволи беш аз 35 ҳазор сомонии пули ҳаҷ ба куҷо масраф мешавад, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон чунин посух дод:

— Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар давоми мавсими ҳаҷ, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гуруҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда — Макка — Мино — Арафот — Муздалифа — Мино — Макка — Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон.

Тибқи иттилои ин кумита, арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2019” 35 ҳазору 128 сомониро ташкил медиҳад.

Чаро ҳамасола нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ гарон мешавад? Бино ба маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим нархи хизматрасонии сафари ҳаҷ дар соли 2016-ум 28 ҳазору 649 сомонӣ (ҳудуди 3000 доллар), соли 2017-ум 33 ҳазор сомонӣ ($3670), соли 2018-ум 33 ҳазору 410 сомонӣ (ҳудуди $3720) ва соли ҷорӣ 35 ҳазору 128 сомониро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сафари Ҳаҷҷро ба уҳда дорад, дар соли 2019 мизони андоз ва нархи молҳо дар Арабистони Саудӣ боло рафта ва ин амр ба афзоиши нархи сафари ҳаҷ (то 420 доллар) таъсир гузоштааст.

Аз Кумитаи дин гуфтанд, ки нархи сафари ҳаҷ ҳамасола бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин ҳадаф аз ҷорӣ кардани боҷи ҳатмӣ барои сафари ҳаҷро “навъи пур кардани буҷет” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи вай, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад бо ҳар роҳ, боло бурдани нархҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сафари ҳаҷ ё сайёҳӣ мушкилоти буҷети кишварро пур кунад.

— Ба андешаи ман, 500 сомонии боҷи ҳатмӣ барои зоирон чандон маблағи калоне нест. Шахсе, ки барои сафари ҳаҷ 3700 доллар пардохт кардааст, пардохти 50 доллари дигар мушкил нест. Вале ин чиз нигаронкунанда аст, ки сафари ҳаҷи фарзӣ бо ҳар баҳона сол ба сол афзоиш меёбад,- гуфт Ҳодизода.

 

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

Добавить комментарий