Худоё, тавба! Чӣ давру замон шуд, ки одамон пулу мол гуфта, хайру саховат, меҳру муҳаббат, эҳтироми мою шуморо фаромӯш кардаанд.

Мана, ба одамони кӯча, ба фурӯшандаҳои нохонда нигаред. Чизе пурсиданӣ ё хариданӣ шавед, вой бар ҳолатон, саду як гапи пасту баланд мегӯянд. Масалан, ин хел: «Ту кӯдакӣ, ки роҳ нишонат диҳем?», «Чашм надорӣ, ки пурсида гаранг мекунӣ?». Дар ҷамъомаду маъракаҳо сухан ба пирони солору рӯзгордида намерасад. Тавба! Дар кӯча ё бозор, андаруни мусофиркаш кашмакашу хархашаи касеро дида, дахолат кунеду гӯед, ки «ин коратон нағз не», мурдам гуфтан гирею. Чунон латукӯб ё ҳақоратборон мекунанд, ки аз гуфтаатон сад бор пушаймон мешавед. Ё мебинед, ки зан байни мардум кӯдакашро одоб доданӣ шуда, шаппотӣ мезанад, дашномҳои қабеҳ медиҳад, ба қавле худро модари сахтгиру тарбиятдиҳанда нишон медиҳад. Аз дасти шогирди ноаҳл дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ устодаш хуни ҷигар… Тавба! «Ура бине, магар ҷои намозӣ кам аст, ки дар сари кӯчаи ифлос намоз мегузорад? Мегӯянд, ки ҷойи пок, ҷомаи пок, нияти пок. Худашонро намоиш медиҳанд-да…». Тавба! Ҷавонӣ мегӯем. Ҷавонӣ ҳам як лаҳзаи зиндагӣ, мисли шаршара, аспи ҷавмасту раъду барқи баҳорӣ тезсуръат. Ё чун накҳати гули шукуфтаи субҳидам меояду мегузарад. Ҷавонон бошанд, даврони тиллоии ҳаёти хешро аз даст медиҳанд. Охир, ҷавонӣ бозгашт надорад. Худоё, Худовандо, ба ҷавоне, ки ҳаёти хешро бесамар мегузаронад, чашми биною ақли расо деҳ!

Дар баъзе оилаҳо фарзандони нохалаф пар-пар зада, эҳтироми падару модари хешро фаромӯш кардаанд. Шабгардию майнушӣ, носу сигареткаширо аз ҳурмати падару модар авло медонанд. Ман гӯям, шумо гӯш доред: Фарзанди бадахлоқ мисли саги девонаест, ки рӯ ҷониби соҳибаш меҷакад. Тавба! Аз Худованди мутаъол илтиҷо кунед, ки ҷавонон бештар хонанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, вагарна оқибаташ роҳгум задан аст. Хондан гуфтем? Чаро нагӯем, ки оғои китобдор гиря намекунаду бас. Ӯ ба ин забон шиква мекушояд: «Мардуми имрӯзаро чӣ бало задааст, ки ба китобхонӣ ҳавас надоранд?». Дӯкони шаробфурӯшӣ, носфурӯшӣ ва дискфурӯширо бинед, ҳамеша навбат. Тавба! Кампири Холдона бошад, набераашро маҷбур мекунад, ки рафта аз дӯкон диски силсилафилмҳои «Ҳомиён»-у «Хаёлҳои сабз», «Пайроҳаи тақдир»-у «Садоқат» ва «Пирони ғоратгар»-ро биёрад. Магар кампири Холдона мурданро фаромӯш кардааст? Охир, ба ҷои тамошои филм намоз хонаду набераю абераашро нигоҳубин карда, дар ҳаққи ҷавонон дуои хайр кунад, хуб нест?!

«Ман ба ту ҳайронам Табаралӣ! Чаро худ бо худ ғуррида, дарун ба дарун зардоб мешавӣ? О, ба пешравии замона чӣ рашк мекунӣ?». «Мебинам, ки аз замони навин фарсахҳо дур мондаӣ, мисле, ки дар охири асри нуздаҳ бошӣ»,- эрод мегирад Досталӣ. «Тавба, магар намебинӣ духтарҳо нимурён мегарданд ё бо сатр пӯшидан хешро бо иффат нишон доданӣ мешаванд, забони гуфтугӯяшон ҳам ким-чи хел омехта. Ҳаминро навигарӣ гуфтан мумкин?». «Бо шумо, пирони майнахароб баҳс кардан бефоида»,- мегӯяд Досталӣ. Табаралию Тешаалӣ ба Досталӣ теғ кашида мегӯянд: «Ту, Досталӣ, одами замони нав ки ҳастӣ, ба мо омехта машав». Досталӣ мебинад, ки ба Табаралию Тешаалӣ фаҳмонидан фоида надорад, мегӯяд: «Гапҳоятон маъқул, мебинам, ки аз ҳушёрони ҳуҷҷатдор дида девонаҳои беҳуҷҷат ҳушёртару ростгӯйтаранд». «Валлоҳ, ки рост мегӯӣ,- зуд тан дода, садо мебароранд Табаралию Тешаалӣ.- Ана, то дирӯзакак мулло Фураймон ихтирооти илмиро кори шайтон мегуфт. Шогирдонаш ба ӯ мошини хориҷӣ туҳфа карданд. «Ин атои Худо» гуфт. Бо ин хел бандаҳои Худо чаро тавба нагӯӣ? Магар намебинӣ, ки муаллиму духтур, олиму нависанда, ихтироъкору санъаткор назди муллои нохонда ба нул баробар шудаанд? Ин кори тавба нест магар?! Ҳоло саги занҷирбанди дари хонаи сардор қадр дораду одамони кампул не. Агар «бонкир» бошӣ, вазифаи калон, замину рамма ва мошини қиматбаҳои хориҷӣ дошта бошӣ, ҳама гирдат парвона мешаванду наздат аломати савол». «Шумо, Табаралию Тешаалӣ, гӯё аз сайёраи дигар афтода бошед, ки ҳайрон-ҳайрон ба одамон менигаред. Ана, бинед мансабдоронро, маъракаашон, раҳгардиашон, сарулибосашон ва ҷои хӯрокхӯриашон аз дигарон фарқ мекунад. Худо гӯед, ки табибу милисаро инсоф диҳад, вагарна… Эъ, акаи Табаралӣ, барои милиса ҷинояткор, ба табиб бемор ва ба сардор пора бошад, шуд».

Тавба, тавба! Шумо, Досталӣ, дар ҳақиқат рост мегӯед, мо бошем, беҳуда баҳс карда гаштем. Кару фарашон аз рӯи мардум асту лекин ба болои мардум қадам мезананд. Шумо ҳақиқат мегӯед. Бечора муаллим Шамсӣ ҳақиқат гуфта рагу ришта гаштааст, ҳеҷ не ки якаш ду шаваду рӯзаш беҳ. Ана самараи ҳақиқатҳоят.

– Акаи Табаралӣ, беҳуда каллаи ларзонакатро вайрон накун, магар намедонӣ, ки қонуни табиат ҳамин аст. Дар дарё моҳии калон моҳии хӯрдро мехӯрад.

– Додарам Досталӣ, олами ҳайвонотро ба олами инсонӣ баробар накунед,- ҳамроҳ шуд ба гап Тешаалӣ.- Ҳамааш маълум, одамият бояд раҳму шафқат, имону инсоф, меҳру муҳаббат дошта бошад.

Досталӣ дид, ки баҳс бо Табаралию Тешаалӣ бетаъсир аст, гуфт: «Беҳтараш, як порча замин гирифта меҳнат кунед. Замин касро пулдор мекунад. Пулдор ки шудед, мансаб мехаред».

– Ҳай гап задед! Ҳамон заминро гирифтам, ҳосилро рӯёндам, магар барои фурӯхтанаш ба мани камбағал дар бозор имконият медиҳанд? Деҳқони бечора дар офтоби сӯзон ҷон меканаду бозоршин осонакаку арзонакак молашро харида пул мекунад. Дониста бош, ки дӯкони бозор ба деҳқон расад, медонӣ чӣ мешавад? Нарх паст мешавад.

– О-бо, кай гуфтаи шумо меша вад?…

– Тавба, ба додари маслиҳатгарам, замин набошад, дар қабристон меҳнат кунам,- кафид Тешаалӣ.

– Ҳоло, ака, барои ба мазор рафтани шумо барвақт. «Дунё ба умед гуфтаанд…

Қ. ҶОМӢ, омӯзгор

Добавить комментарий