«IRS» дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳро таъмири асосӣ карда истодааст. Бинобар ин, то анҷоми таъмир ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёти боркаш  дар ин масир аз соати 9:00 то 20:00 боздошта мешавад.

Айни замон таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе — Чанок, хоса дар минтақаи Варзоб аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  босуръат идома дошта, бо ин мақсад зиёда аз 40 техникаву механизм ҷалб гардидааст. Корхонаҳои асфалти марбут ба филиали ширкат теъдодашон 3-то аст, фаъолияти пурмаҳсул дошта, ин омил имкон фароҳам овардааст, ки таъмири асосӣ ва ҷории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шавад.

 

Тибқи нақша дар як муддати кӯтоҳ танҳо дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ бояд таъмири куллӣ ва қисмати боқимонда таъмири ҷорӣ шавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо ин мақсад бояд зиёда 16000 тонна асфалт харҷ шавад. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, шаҳодати он аст, ки азми роҳбарият ва кормандони филиали ширкат баҳри нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва нияташон нек аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа, босуръат ва дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани ин раванд шуруъ аз 29 майи соли равон то анҷоми таъмири роҳ аз соати 9:00 то 20:00 ҳаракати тамоми намуди нақлиёти боркаш боздошта шуд.

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад.

Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва зиёда аз сад километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали ширкат мансуб мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шуруъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудааст. Ба касе пӯшида нест, ки роҳи Душанбе-Чанок, ки қисмати зиёдаш аз минтақаҳое мегузарад, ки аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро тавсеа бахшидаанд.

Дар маҷмуъ, роҳбарияти филиали ширкат бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла харидории техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрӯз бо шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе- Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.

Муҳим он аст, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе-Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ  масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.

Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти ширкат нисбат ба  нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанду намекунанд. Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки тамоми ибтикори мо, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ, дар ихтиёр доштани зиёда 200 техникаву таҷҳизот, омодагии ҷиддӣ дидан ба мавсими сармо, фароҳам намудани шароит барои ҷойгирнамоии нафарони дар банди барф дармонда, таври густурда ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил намудани навбатдории шабонарӯзӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии ронандагону мусофирон нигаронида шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба-устоҳои роҳ бо мадади техникаи махсусгардонидаи ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъмин карда шудааст, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд то қисмати ба онҳо вогузоштаро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд.

Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад.

Дар маҷмуъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбат дигар кард.

 

Далери АБДУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here