Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд

Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар вилояти Суғд буда, соли равон аз таъсиси он 70 сол пур мешавад. Аз соли 1949 то 1967 Литсей ҳамчун курси 10 моҳа аз рӯи ихтисосҳои сохтмонӣ фаъолият мекард. Омӯзишгоҳи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 630 нахуст ба Литсейи касбӣ-техникии №31 ва баъдан ба Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд табдил дода шуд. Муассис ва соҳибмулки Муассиса Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мақоми ваколатдори он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хатмкунандагони литсей дар заминаи синфи 9 бо муҳлати таҳсили 2 сола соҳиби аттестат ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ-Диплом бо дараҷаи тахассусии дуюм ва сеюм мегарданд. Хатмкунандагони литсей дар заминаи синфи 11 бо муҳлати таҳсили 1 сола соҳиби дипломи касбӣ бо дараҷаи тахассусии дуюм ва сеюм мегарданд. Муассисаро дар айни замон устоди соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» Ғаниҷон Раупов роҳбарӣ мекунанд.

Ихтисосҳое, ки дар ЛКТС-и шаҳри Хуҷанд омӯхта мешаванд
Литсей фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Оинномаи худ ба роҳ монда, донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:
«Хиштчин-деворгар», «Кафшергари барқию газӣ», «Кафшергари газӣ», «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Дӯзанда», «Ҳисобдор», «Туроператор», «Дуредгар», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил», «Сиситемаи компютерӣ ва Интренет-технология», «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ».
Аз рӯи ихтисосҳои мазкур дар литсей дар айни замон 16 гуруҳҳои буҷавӣ ва 7 гуруҳҳои шартномавӣ фаъолият дошта, 558 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 108 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ
Литсей бо лоиҳаи «Бонки Осиёии Рушд» шомил гардидааст, ки таъмири куллии коргоҳи «Челонгари таъмири автомобил», устохонаи «Дуредгарӣ», «Кафшергари газу барқӣ», синфхонаи «Монтёри барқӣ» ва ташкили синфхонаҳои «Челонгар оид ба тайёр намудани қисмҳо ва ҷузъҳои техникӣ- санитарӣ», «Хиштчин деворгар» бо маблағгузории он ба нақша гирифта шуда, таъмири хобгоҳи литсей мувофиқи нақша анҷом дода мешавад.
Литсей инчунин бо коллеҷи муҳандисӣ-сохтмонии № 26 шаҳри Москва ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Федератсияи Русия ҳамкорӣ менамояд, ки бо адабиётҳои тахассусии тозанашр таъмин намудан, мадад мерасонад. Хатмкунандагони литсей барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии дар боло зикршуда равона карда мешаванд.

Усули гузаронидани дарсҳои истеҳсолӣ дар литсей
Дар барномаи омӯзиш 2 давраи таълими истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст, ки давраи якум дар устохонаи таълимӣ ва давраи дуюм дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад. Устохонаҳои таълимии литсей бо ҳама шароитҳо барои омӯзиши касб муҷаҳҳаз буда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки бевосита бо дастгоҳҳои зарурӣ, техника ва технология фаъолият намуда, дараҷаи тахассуси худро баланд бардоранд. Дар мавриди гузаронидани таълими истеҳсолӣ, литсей бо якчанд корхонаҳо аз ҷумла ҶСШК «Сорбон», ҶСШК «АРЗ-4», Раёсати Агентии суғуртаи давлатии иҷтимои ва нафақа дар вилояти Суғд, ҶДММ «Хуҷандторгмаш», шабакаи барқии шаҳри Ҳуҷанд, КВДК «Хуҷандобуканал” ҶДММ «Фирӯз», ширкати «Суғдиён Помир Тур» ва якчанд соҳибкори инфродӣ шартнома ба имзо расонидааст, ки хонандагон дар якҷоягӣ бо устодони соҳибтаҷриба дар ширкатҳои номбурда таҷрибаи истеҳсолӣ гузаронида, касбияти худро баланд мебардоранд.

Курсҳои кӯтоҳмуддат дар соли рушди сайёҳӣ
Дар литсей курси кӯтоҳмуддати 3 моҳаи омӯзиши ҳунари «Йурмадӯзӣ», «Монтёри барқӣ», «Челонгари таъмири автомобил», «Кафшергари барқӣ» амал мекунад, ки бо роҳбарии устои таълими истеҳсолӣ Турсунова М. ташкил шуда, дар соли 2018 80 нафар онро хатм намуда, соҳиби «Шаҳодатномаи касбӣ» гардидаанд. Ҳамчунин бо роҳбарии устоҳои таълими истеҳсолӣ Комилов А., Ашӯров А., Расулов А. ҳунарҳои чӯбтарошӣ (сохтани гаҳвора, асбобҳои рӯзгор, яъне тахта ва тирак, нонпар ва ғайра), кандакорӣ ташкил карда шуд.

Заминаҳои моддию техникӣ
Литсей касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд дорои як бинои таълимии сеошёна, як бинои хобгоҳи чорошёна, як бинои устохонаи таълимӣ, як бинои нигоҳдории нақлиёт, як бинои толори варзишӣ, як бинои китобхона, маҷлисгоҳ-осорхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар қисми якуми биноҳои таълимӣ 2- озмоишгоҳи тахассуси дӯзандагӣ ва 16 синфхонаҳои муосир, дар қисми 2-юми таълимгоҳ 12-синфхона ва як хонаи муаллимон ҷойгир аст. Устохонаи таълими литсей бошад дорои 1 синфхонаи фанни тахассусии «Дуредгарӣ», 1-синфхонаи «Челонгари таъмири автомобил» бо қисмҳои эҳтиётии автомашина ва як адад мошинаи сабукрави таҷҳизонидашуда, синфхонаи кафшергари газу барқӣ бо таҷҳизоти кафшергарӣ, 2 сехи дуредгарӣ ва 3 сехи кафшергари газу барқӣ мебошад.
Литсей инчунин дорои 2 озмоишгоҳи компютерӣ, озмоишгоҳҳои фанҳои химия ва физика, 1 синфхонаи лингафонӣ, 3 адад тахтаи электронӣ, 3 адад проектор ва 55 адад компютерҳои замонавии ба воситаи шабакаи локалӣ ба Интернет пайваст мебошад.

Таъминоти кадрӣ
Дар литсей масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои муҳандисию педагогӣ таҳти назорати маъмурияти литсей қарор дорад. Тибқи ҷадвали басти вазифаҳо 84 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Аз 31 нафар омӯзгорон 1 нафарашон дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва 3 нафар олии нопурра, боқимондаҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Чор нафар аз устодон бо унвони олии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, 12 нафар дорои дараҷаи олӣ, 9 нафар дорои дараҷаи 1, 6 нафар дорои дараҷаи 2 мебошанд.
Дар муассиса 22 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ фаъолият бурда, ба таълиму тарбия ва амалӣ намудани нақшаи барномаҳои таълимӣ-тахассусӣ аҳамияти чиддӣ медиҳанд.

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо
Дар олимпиадаҳои дохилӣ хонандагони литсей аз фанҳои таълимӣ ва тахассусӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, аз фанни забони англисӣ хонандаи гуруҳи 5 бо ихтисоси «Монтёри барқӣ» Ашрапов Акмал, хонандагони гуруҳи «Ҳисобдор» Акрамхонов Интизор, Абдуназаров Сомон ва хонандаи гуруҳи 10 бо ихтисоси «Дӯзанда» Саидбекова Истад иштирок намуда, ғолиби олимпиадаҳо гардиданд.
Хонандагони пешқадам Саидбекова Истад, Ӯлмасов Раҷаббой, Муродова Фарзона, Боқиев Абдунабӣ, Ҷалилов Олимҷон бо идрорпулии раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Дасти мадад ба донишҷӯёни ятим
Дар муассиса ба донишҷӯёни ятими кул аз тарафи маъмурияти литсей ва иттифоқи касаба барои беҳтар намудани шароити моддӣ ва маишӣ мадад расонида мешавад. Онҳо бо сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар вақти таътил бо роҳхати ройгон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаанд.

Китобхона
Литсей дорои китобхонаи замонавӣ ва толори хониш мебошад, ки бо китобҳо ва асбобҳои айёнӣ муҷаҳҳаз гадонида шудааст. Фонди умумии китобхонаи литсей 15522 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин, шумораи умумии адабиётҳои таълимӣ 1685 адад, адабиётҳои тахассусӣ 3816 адад, адабиётҳои методӣ 1462, адабиётҳои бадеӣ 5609, адабиётҳои сиёсӣ 2587 адад, асарҳои илмӣ 56 ададро ташкил медиҳад.

Синфхонаҳои компютерӣ
Литсей дорои 1 озмоишгоҳи компютерӣ буда, озмоишгоҳи мазкур бо 1 адад тахтаи электронӣ ва 11 адад компютерҳои замонавии ба воситаи шабакаи локалӣ ба интернети доимӣ пайваст муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаи «Ҳисобдор» 10 адад компютерҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд, ки бо тариқи «модем» ба шабакаи «Интернет» пайваст карда шудаанд. Барои пешбурди фаъолият барои маъмурият ва хонаи омӯзгорон 16 адад компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Ҳамагӣ дар литсей 55 адад компютерҳои замонавӣ ба истифода дода шуда, 6 адад компютерҳо дар ҳолати корношоям қарор дорад. Соли 2017 дар синфхонаи нави компютерӣ барномаҳои 1С муҳосиб, барои гузаронидани машғулиятҳои амалии гуруҳҳои ҳисобдор ба истифода дода шуд.

Шароити манзилию маишии ҳонандагон
Хобгоҳи литсей соли 1967 таъсис ёфта, аз 3 қисм иборат аст ва масоҳати умумии он 1169 метри мураббаъ аст. Дар ошёнаи якум ҳуҷраи назоратчӣ (комендант), ҳуҷраи мураббӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи дамгирӣ ҷойгир аст. Дар қисми блоки «Б»-и бинои хобгоҳ китобхона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи таомхӯрӣ, нуқтаи истироҳатӣ мавҷуд мебошад. Хонаи истироҳатӣ бо телевизор, шоҳмот, шашка, рӯзнома ва маҷаллаҳои даврӣ таъмин буда, хонандагони дар хобгоҳ истиқоматкунанда се вақт бо хӯрок таъмин карда мешаванд. Мувофиқи нақша, соли равон хобгоҳ аз тарафи лоиҳаи «Бонки Осиёии рушд» аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.

Камбудиҳои литсей
Аз суҳбат бо маъмурияти литсей маълум шуд, ки алъон барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мушкилоти зерин мавҷуданд:
— таъмин ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо техникаву лавозимоти замонавӣ;
— нарасидани китобҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ аз фанни «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил» ва «Монтёри барқӣ», «Дуредгарӣ» ба забони тоҷикӣ.

Ба ҷои охирсухан
Омӯзиши мо нишон дод, ки корҳои таълимии Литсей дар асоси барнома ва нақшаҳои таълимӣ барои муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ монда шуда, маъмурият ва аҳли кормандони литсей тамоми малака ва маҳорати худро ба он равона намудаанд, ки мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи иқтисоди бозоргониро таълим ва тарбия намоянд. Ин аст, ки кулли кормандони муҳандисӣ-омӯзгории литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Ҳуҷанд тамоми маҳорат, дониш ва қувваи ҳудро барои баланд бардоштани сатҳи касбомузӣ, донишазхудкунӣ ва хушахлоқии хонандагон равона менамоянд. Дар соли таҳлили 2018 аз 321 нафар хатмкунандагон 110 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷ дохил шудаанд, 22 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои фаъолият аз рӯи ихтисосашон рафтаанд ва 197 нафар бо кор дар корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ таъмин гаштанд, ки ин нишондод, дар муқоиса бо литсейҳои дигар баланд аст.
Дар суҳбат бо мо директори литсей Ғаниҷон Раупов изҳор дошт, ки ҳайати омӯзгорони Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд доимо кӯшиш менамояд, ки омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ мувофиқи талаботи замон бо истифода аз усулҳои пешқадами тадрис раванди таълиму тарбияро ба роҳ монанд.

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here