Агар дар солшумории мелодӣ моҳи январ нахустин моҳи сол бошад, дар солшумории ҳиҷрӣ аввалин моҳ моҳи муҳаррам аст, ки дорои фазилату бузургии зиёд мебошад. Ҷузъҳои ба ҳам пайванди аҳкоми шаръ ва арзишҳои ахлоқии онро ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳам ҷудо карда намешавад. Аз ҷониби дигар бандагони Худо вазифадоранд, ки аҳкому қонун ва дини Ӯро пурра ва бе чуну чаро қабул намоянд. Аз ҷумла солшумории исломӣ мебошад, ки надонистани он нақсу камбудии динии ҳар фарди мусалмонро нишон медиҳад. Оё дар масоҷиди ҷомеъ ва дигар маҳфилҳои динӣ дар ин маврид сухан пардохта мешавад, чунонки дар боби садақоту хайрот ва дигар арзишҳои исломӣ сухан меравад? Табиист, ки аксарият аз ин ҳақиқат бехабаранд ва қариб ки атрофи ин масъала сухан нест. Пас, месазад эълон намоем, ки соли нави мусалмонон чанд рӯз шуд, ки ворид гардидааст. Аниқтараш 31-уми августи соли ҷорӣ 1-уми моҳи муҳаррам, яъне соли 1441 ҳиҷрӣ даромад. Агар аҳамияту вижагии ин солшуморӣ аз як ҷониб ба он баргардад, ки халифаи дуввуми Ислом Умар ибни Хаттоб онро таъсис додааст, аз ҷониби дигар ба ҳиҷрати мубораку тақдирсози расули Ислом рабт мегирад. Аз он рӯзе, ки Паёмбари бузургвор ба хотири зулму ситами душманон ва ояндаи дурахшони Ислому муслимин аз ватан рахти сафар баст, солшуморӣ аз нав ба ҳисоб гирифта шуд. Яъне аз он рӯзи пурбору пурбаракат акнун 1440 сол сипарӣ ва соли 41-ум ворид гардид. Он аз ҷумлаи чор моҳи ҳаром аст, ки дар онҳо ҷангу ҷидол, кашмакашу хунрезӣ ва дигар маъсиятҳо барои арабҳо мамнуъ ва ҳаром гардида буд.

Расули Худо (с) дар фазилати моҳи муҳаррам чунин фармудаанд: “Бузаргтарин рӯза баъд аз моҳи рамазон моҳи Худо, яъне муҳаррам аст…” (Ривояти Муслим). Ин сухани Паёмбар (с) барои баёни фазлу бузургии моҳи муҳаррам кифоя аст, ки онро ба исми бузурги Аллоҳ алоқаманд гардонида, моҳи Худо унвонаш кардаанд. Дигар фазилаташ дар он аст, ки бузургтарин рӯза пас аз моҳи рамазон рӯзаи моҳи муҳаррам мебошад. Яке аз омилҳои дигаре, ки ба фазоили моҳи мазкур афзудааст, рӯзи Ошуро мебошад. Ибни Аббос ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) “Вақте ба Мадина меояд, бо яҳудиҳое дучор мешавад, ки рӯзи Ошуроро рӯза гирифтаанд. Аз онҳо мепурсад, ки “Ин чи рӯз аст, ки рӯзааш медоред?”. Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ин рӯзи бузургест, ки Худованд дар он Мӯсо ва қавмашро наҷот дода, Фиръавн ва қавмашро ба дарё ғарқ кардааст. Мӯсо ба хотири шукргузорӣ он рӯзро рӯза дошта, ва мо барои пайравии ӯ низ оно рӯза медорем. Расули Худо (с) гуфтанд: “Мо нисбати Мусо (а) аз шумо дида ҳақдортар ва сазовортарем” (Ривояти Муслим). Ҳамин тавр Расули Худо (с) ин рӯзро рӯза дошта, асҳобашонро низ ба гирифтани рӯзаи он рӯз амр фармуданд. Дар ривояти дигар аз Ибни Аббос омадааст, ки “Расули Худо (с) рӯзи Ошуроро рӯза дошта, дигаронро низ ба рӯзаи он амр карданд. Саҳобагон гуфтанд, эй расули Худо, ин рӯзест, ки яҳуду насоро онро таҷлил мекунанд. Паёмбар (с) фармуданд: “Агар Худо хоҳад соли оянда нуҳуми моҳи муҳаррамро низ рӯза медорем”. Ровии ҳадис мегӯяд, соли оянда нарасида Паёмбар (с) аз дунё гузаштанд” (Ривояти Муслим).  Вобаста ба фазилати рӯзаи Ошуро дар ривояти дигар аз Қатода омадааст, ки гуфт, “Аз Паёмбар (с) дар бораи рӯзаи Ошуро пурсиданд ва ӯ гуфт: “Рӯзаи Ошуро гуноҳони соли гузаштаро маҳв месозад…” (Ривояти Муслим).

Фазилату бузургӣ, ҳақиқату воқеияти таърихии ин рӯзро аҳодиси мазкур хулоса мекунанд, ки атрофи моҳи муҳаррам ва рӯзи Ошуро дигар масъалаи мубҳаму печидае боқӣ намемонад. Он чи аз доираи суннат ва аъмолу гуфтаҳои Паёмбар (с) берун аст, ба ҷуз бидъату хурофот чизи дигаре нест. Чунонки донишмандон таъкид кардаанд, “Ҳар он ҳадисе, ки дар бораи Ошӯро, ба ғайри фазилати рӯзаи рӯзи Ошуро аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, дурӯғу бофта аст. Аз қабили ғусл дар рӯзи Ошуро, сурма кашидан, намози махсус хондан ва ғайра”. Мутаассифона таърих тасодуф ба миён оварду дар рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам набераи Паёмбар (с), Ҳусайнро қатл карданд. Аҳли ташайюъ он рӯзро рӯзи мотам эълон намуда, то имрӯз бо шукуҳу шаҳомат ва тантанаҳои махсус таҷлил мекунанд, ки амали эшон ба Ислом ва суннати Паёмбар (с) ҳеҷ рабте надорад. Ҳақиқати таърихии Ошӯро бо амалҳои номатлуби шиаҳо омехта гардид, ки аксари мусалмонон миёни он ду ҷудоӣ ва фарқ гузошта наметавонанд. Яъне Ошӯрои аҳли суннат ба Ошӯрои аҳли ташайюъ ягон иртиботу алоқае надорад ва ба масофаи замину осмон фарқ дорад. Гузашта аз ин амали аҳли ташайюъ вобаста ба бузургдошти Ҳусайн ва рӯзи Ошуро аз ҳама ҷониб ғайримантиқӣ ва мухолифи суннати саҳеҳ аст. Мухолиф ба суннати Паёмбар (с) будани кори онҳо ошкору равшан аст. Аммо аз нигоҳи ақлу мантиқ мебинем, ки дар масири таърихи башар паёмбарони Худо, саҳобагони бузургвор ва дигар афроди барҷастаро ба қатл расонидаанд ва ин як суннати илоҳӣ асту ҷои тааҷҷубе надорад. Аммо то имрӯз касе ба унвони бузургдошту ҷонибдории онҳо рӯзи муайянро ҷашн намегирад.

Агар кори онҳо аз рӯи ақлу мантиқ мебуд, дар навбати аввал рӯзи таваллуду марги паёмбарон таҷлил мешуд. Аз ин лиҳоз мусалмонон, аҳли суннат ва ҷамоатро зарур аст, ки дар ин самт зиракию заковатро пеша намоянд ва аз доираи суннат ва мазҳаби ҳанафӣ берун нашаванд. Ба унвони пайравӣ аз суннати саҳеҳи Паёмбар (с) аҳли оила ва дигар наздиконро аз соли нави ҳиҷрӣ огоҳ созанд, табрик кунанд ва рӯзҳои моҳи муҳаррамро, махсусан рӯзи ошӯроро рӯза доранд. Ҳақиқати рӯзи Ошӯро ҳамин аст ва аъмоли аз ин доира берун ба мазоҳиби аҳли суннат алоқае надорад.

 

Хайруллоҳи АКОБИР

Добавить комментарий