Ногаҳон назарам ба вожаи “шаҷара” бархӯрду фарҳангро ба даст гирифтам, то бо аслу маънову муҳтаво ва баромади забонии он ошно гардам. Аз шаҷараи растаниҳо сар кардаму баъдан ба шаҷараи одамони бузургу олинасаб ошно гаштам. Хулоса, аз шаҷараҳои моддӣ ба маънавӣ гузаштам. Хело мавзуҳои аҷиб дошт. 

Аз ҳама аҷиб мавзуи “Шаҷараи сарватмандӣ” буд. «Оҳо! Ана инро ҳатман хондан даркор»,- гуфтам дастҳоро каф зада. Кайҳост донистан мехостам, ки асрори бенуқсону бардавом парваридани ин дарахти камёбу серталаб дар чист? Ва чаро он дар боғи ҳама самар намедиҳад?
Хондан даркор, ҳатман хондан даркор! Шояд баъди хондан майнаам хубтар ба кор дарояду имкони парвариши ин нахли нодир дар боғи мо ҳам пайдо шавад…
Хулоса, мавзуъ аз бобҳои зиёд иборат буд, ки ҳар яки онро бодиққат аз назар гузаронидам.

БОБИ 1
Шаҷараи сарватмандиҳои авлодӣ
Агар ба решаву патакрешаҳои ин шаҷара нигоҳ кунем, мебинем, ки ҳанӯз дар зинаҳои аввали инкишоф ба оби он чун ғизо витамини “хасисӣ” илова карда шудааст. Баъдан бо таъсири ин витамин ҳосил хубтар гардида, дар зинаи дуюм барои беҳтар инкишоф ёфтани он шохаҳояшро аз шаҷараҳои аллакай қадафрохта пайванд кардан лозим аст, ки иловаи биологӣ ба ин андаке витамини “лутф” ва андаке “тамаллуқ” мебошад. Дар зинаи сеюм омӯзонидани ин навъи парвариш ба ворисони ҳушёру зирактар лозим меояд, ки он аллакай қомат афрохтану реша давондани “шаҷараи сарватмандии авлодӣ”-ро таъмин менамояд.

БОБИ 2
Шаҷараи сарватмандии дербунёду камҳосил
Дар натиҷаи он, ки соҳибони ин шаҷара андаке дар парвариш коҳилӣ менамоянду саривақт моддаҳои ғизоноки лозимаро ба решааш намерезанд, аз ҳамин хотир, он дер инкишоф меёбаду он қадар ҳосили хуб ҳам намедиҳад. Хайр, ба ҳар ҳол, дар қатори дигар шаҷараҳо мақоме дорад…

БОБИ 3
Шаҷараи сарватмандии тезбунёду серҳосил
Айни ҳол ин навъи шаҷара хело паҳн шудаву зиёд ба чашм мерасад. Лекин парвариши ин ҳам осон ба даст намеояд. Балки парваришгарони онро лозим меояд, ки қоидаҳои зеринро хуб аз худ намоянд, то ҳангоми инкишоф ёфтани он ба хатоӣ роҳ надиҳанд ва аз моддаҳои нолозим истифода нанамоянду ба пӯсиши бармаҳали решаҳои ин нахли нодир рӯ ба рӯ нашаванд.
Қоидаҳои лозима дар аввал:
— Андаке сархамиву гапшунавӣ.
— Бештар дилёбиву чаққонӣ.
— Зиёдтар кордониву “қадрдонӣ”.
Баъдан барои хуб нигоҳ доштани он:
— Андаке ғурур. Маводи содагиву ростӣ тамоман ба кор намеояд. Чунки баъдан ҳар “роҳгузар”-е шохчае аз дарахти бо хуни дил парвардаи шумо шикаста, мевае ба даҳон андохтан мехоҳад.
— Қадре салобату виқор. Бе ин моддаи баландтаъсири “кимиёвӣ” ба муҳити атроф шаҷараи шумо тамоман аз равнақ монданаш мумкин аст.
— Қадре сиёсату шуҷоат. Соҳибони ин шаҷараро лозим меояд, ки ақаллан алови чашми ҳамсару коргарони зердасташонро гирифта тавонанд. Зеро бештари сӯхторҳои бузург дар ин гуна “ҷангалзорҳо” аз ҳамин гуна “оташакҳо” сар мезанад.
Ана, донистани ҳамин қоидаҳо ба шумо имкон фароҳам меорад, ки навъи беҳтарину олии “шаҷараи сарватмандӣ”, яъне шаҷараи сарватмандии тезбунёду серҳосилро дар боғи хеш парваред.
Аҷабо! Ҳамаи ин қоидаҳо осону якеаш мушкил. Охир, ҳар парваришгарро лозим меомадааст, ки моддаҳои асосии барои парвариши шаҷара лозимаро худаш тайёр намояд. Афсӯс, ки банда филологам, кош “биолог” мешудам. Хайр, шояд дар рафти ҳаёт ва таҷрибаи рӯзгор имкони дарёфту ҳосил кардани ин моддаҳо пайдо шаваду ин нахли нодир дар боғи мо ҳам “самар” диҳад.
Хело ҳам мавзуи ҷолиб буд. Дар ҳаётам чунин чизи аҷиб нахонда будам. Лекин дар як чиз ҳайрон шудам. Чаро ин шаҷараро чун дарахте, ки вазнинтарин меваҳоро ба бор меорад, ба китоби рекордҳои «Гиннес» шомил накардаанд? Охир, на ҳар шохаи дарахте имкони бардоштани “меваҳо”-е чун «Лексус», «Хамер», «Лимузин», хонаи се — чорҳуҷрагии этажӣ, ҳавлии дуошёнаи заминӣ ё худ дача, мағозаҳои шахсӣ ва ғайраҳоро дорад. Не, не, ин масъаларо ҳатман дидан даркор. Бояд “шаҷараи сарватмандӣ” ба ин китоби ҷаҳонӣ ворид карда шавад…

ШАҲДНӮШ

Добавить комментарий