Имӯрзҳо агар ба кадом мағозае сар нахалонед, ҳатман бо сақич мебароед. Чунки дар ҳар як мағоза қариб 10 намуди сақичро дидан мумкин аст. Мабодо агар бақияатон танга бошад, хоҳед ё нахоҳед ҳам, ба шумо сақич медиҳанд. Новобаста ба он, ки бақияатон чанд дирам аст. Арзиши сақич аз 20 дирам шуруъ шуда, то ба 16 сомонӣ рафта мерасад.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сақич хоидан аз рӯйи одаб нест. Мутаассифона, феълан ҷавонон ба дарди сақичхоӣ гирифторанд, ки бе он гӯё зиндагӣ карда наметавонанд. Барои мисол, дар аудиторияи мо ҳар рӯз устод донишҷӯёнро гӯшмол медиҳад: “Сақичатро гир! Медонӣ киҳо онро ба даҳон мегиранд?”. Дар ҷавоб донишҷӯён мегӯянд, ки ҳоло пулашро набаровардаанд, ё ин ки шириниаш нарафтааст! Як мухлиси ашаддии сақич мегӯяд, ки “дар як моҳ ба ҳисоби миёна барои харидани сақич 10 сомонӣ сарф мекунам”.

Дар ҳар куҷое, ки агар нишаста монеду баногаҳ дастатон ба таги миз расад, ҳатман ба дастатон сақич мечаспад. Муаллифи ин сантрҳо чандин бор бо чунин ҳодиса рӯ ба рӯ шудааст. Як рӯз дар ошхонаи маркази савдои “Ашан” нишаста будам. Ногаҳон қошуқам афтод ва хостам онро аз замин бардорам. Дар вақти рост шудан, назарам ба таги миз ғалтид. Дар таги миз ду сақич бо ҳамдир часпида буданд, гӯё дугоник бошанд. Баъд аз ин хостам, ки ин мавзуро пайгирӣ кунам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Зеро, мехостам фаҳмам, ки ин танҳо дар маркази савдои “Ашан” ба назар мерасад ё дар дигар ҷойҳо ҳам дидан мумкин аст. Баъд аз ин дар ҳар куҷое, ки менишастам, ҳатман дастамро ба таги миз мебурдам.

Ман чун донишҷӯ ҳастам, хостам ин мавзуро ба ҳаёти донишҷӯён тавъам намоям. Ҳар донишҷӯ ба кадом як синфхонае, ки дарояд, сараввал таги мизҳоро аз назар мегузаронад, чун ба он боваранд, ки ҳамсолони худашон сақичи корношоями худро ба ҷойи номаълуми курсӣ ё миз часпонидаанд.

Боз намедонам чаро, ки дар ҳама боғҳои фарҳангию фароғатӣ қуттичаҳои партов насб карда шудаанду мардуми мо сақичҳои худро дар харакҳои боғ мечаспонанд. Рӯзе дар Боғи ҷавонон вохӯрӣ доштаму ба қавле, аз ҳама либосҳои қиматамро пӯшида, ба ҷои лозима рафта расидам. Ҳамин тавр, суҳбатамон гарм шуд. Пас аз як соат бояд ба донишгоҳ мерафтам. Вақте ки аз харак хестам, шимам аллакай дар харак часпида буд. Инро фаҳмида будаму аммо аз шарм ба ҳамсуҳбатам ҳеҷ чиз нагуфта, зуд аз наздаш дур шудаму ба хобгоҳ баргаштам. Ҳамон рӯз ҳатто ба донишгоҳ нарафтам. Шимеро, ки 150 сомонӣ харида будам, сақич доғдор кард.

Дар ягон кунҷи хотирамон намеояд, ки сақич чӣ балоҳоро боз ба сар меоварад? Зарари сақичро аз забони Аъзамҷон Эргашбоев — муовини директор оид ба корҳои табобатӣ шунидем. Ӯ чунин арз дошт: “Сақич ҳангоми бисёр хоидан луоби даҳонро зиёд намуда, ба бемории меъда оварда мерасонад. Ин одат бемории гастритро авҷ мебахшад ва ё ба пайдо шудани захми меъда боис мегардад. Барои равон шудани нутқи кӯдакон ҳам сақич халал мерасонад”.

Ба гуфтаи табиб, рӯйхати бемориҳоеро, ки аз пушти сақич сар заданашон мумкин аст, боз идома додан имкон дорад. Акнун гӯед, ки оё сақичи майдача шуморо ҳам ба ташвиш монондааст? Оё метавонем, ки аз он камтар истифода кунем, ё фанати ашаддии сақич шуда мондаем!?

Аминҷон РАҲМАТЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here