Илми имрӯз ба бисёре аз суолҳои беҷавоби табиат посух дорад. Ҳатто дар бораи он ки рустаниҳо низ ба ҳам душманӣ доранд ва ё ҳамдигарро истисмор мекунанд, мақолоти ҷолибу хондание ба нашр расидааст. Инҳоро бо истилоҳи рустаниҳои паразит ё ангал ёд мекунанд.

Гиёҳи ангал чист? Гиёҳест, ки тамом ва ё миқдоре аз ниёзи худ ба маводи ғизоиро аз гиёҳи зиндаи дигар мегирад. Ҳамаи гиёҳони ангал решаҳои тағйири шаклёфтаи ба ном маканда доранд, ки ба гиёҳони мизбон нуфуз карда ва онҳоро ба системаи ҳидоятии гиёҳ – бофти чӯбӣ ё бофти обкаш ё ҳарду васл мекунад. Ин кор тавоноии ҷазби об ва маводи ғизоиро аз бадани мизбон барои онҳо фароҳам меоварад. Яке аз ин гиёҳон омелаҳо ё омулҳо (номи илмӣ: Viscum) мебошанд.

Тарзи ҳаёти ғайримуқаррарии онҳо ва шаклу шамоили зоҳириашон муҷиби тааҷҷуб шуда ва одамон онҳоро гиёҳони ҷодуӣ меноманд. Дар бораи омулаи сафед (Viscum album) аз оилаи тасмагулҳо низ ривоятҳо эҷод кардаанд (омулҳо наздик ба 70 намуданд).

Омела – нимаангалӣ аст, зеро аз рустанӣ-хуҷаин вай танҳо об ва намакҳои минералӣ мегирад, аммо моддаҳои органикиро худаш дар баргҳои сабз ва пояҳояш тавлид мекунад.

Табиат усули паҳншавии омеларо хеле хуб “фикр кардааст”. Моҳи сентябр меваи часпаки рангаш сафеди омелаи сафед мепазад. Дар гузашта аз ин меваҳо барои шикори болдорони хурд ширеш тайёр мекарданд ва ба шарофати ҳамин омела боз як номи дигар ёфт: “ширеши паранда”. Барои одам меваи омелаи сафед хӯрданӣ нест, аммо парандаҳо, бахусус дурроҷ онро бо иштиҳо мехӯранд. Дар меъдаи паранда тухмӣ то маконҳои дигари зист сайр мекунад. Акнун аз ин ба баъд бисёр чизҳо барои онҳо аз “толеъ” вобаста аст. Агар якҷо бо саргини паранда ба замин уфтанд, мемиранд. Вале агар дар шохи дарахт уфтанд, ба он бо воситаи ҳамон ширеши ҳанӯз ҳазмношуда мечаспанд. Баҳорон ин тухмӣ ба сабзиш оғоз мекунад: поя дароз мекунад ва дар шохи дарахт-хуҷаин ба воя мерасад ва тадриҷан рушд мекунад. Аммо “нақлиёти зинда”-е, ки омела барои ҷойгир шудан истифода мебарад, камбудиҳои худро дорад. Узви ҳозимаи парандагон зуд кор мекунад ва меваи хӯрдаи онҳо дар муддати камтар аз ним соат ҳазм мешавад. Биологи австралиёӣ В.Сервентӣ мегӯяд дар ҷазираи Тасмания омелаҳо нестанд, ҳарчанд дар Австралия он хеле паҳн шудааст. Аз Австралия то Тасмания бо парвози паранда бештар аз як соат роҳ аст ва тухмиҳо наметавонанд ба манзил расанд, онҳо аз ҳаво ба оби баҳр сарозер мешаванд.

Ривоятҳо дар бораи омела

Одаме, ки дар аввали солшумории мо дар яке аз дарахтзорони муқаддаси галлҳои қадим (номи римии қабилаи келтҳо, ки дар асри 4-и қабл аз милод дар як қисми хоки Фаронса ва Белгия сукунат доштанд) меафтад, метавонад шоҳиди маросими таъзим ба омела – ин рустании пурасрор, ки дар шохи дарахтон сабз шудааст, бошад. Галлҳо бовар доштанд, ки омела соҳиби нерӯи шифобахшист, он давои ҳамаи дардҳост ва барои ин танҳо кофист, ки ба он даст расонанд.

Ин амали муқаддас дар рӯзи инқилоби зимистонии Офтоб (22-уми декабр. Убури Офтоб аз дуртарин ё наздиктарин нуқтаи эклиптика. Шаби ялдо), вақте ки “ҳокимияти шаб” ба поён мерасад ва рӯз тадриҷан ба дарозшавӣ оғоз мекунад, рух медиҳад. Гуфта мешуд, ки маҳз дар ҳамин айём нерӯи табобатии омела қавитар аст. Ба булутзор ду барзагови сафедро, ки то ин замон ягон маротиба ба онҳо тавқ баста нашуда буд, ронда меоварданд. Ҳайвоноти қурбонӣ гӯиё ҷараёни маросимро табаррук мекарданд. Коҳин дар тан либоси сафед болои дарахти булут мебаромад ва бо доси тиллоӣ омеларо мебурид ва дар рӯмоли сафед меандохт. Бо шохаҳои ҳамешасабзи омела хонаҳо ва ибодатгоҳҳоро оро медоданд.

Эҳтироми омела ҳамин минвол то ба охир дар Фаронса гум нашуд, ҳарчанд, ки роҳибони калисои католикӣ овардани шохаҳои он ба калисоро манъ карда буданд ва онро русуми бозмонда аз замони бутпарасӣ медонистанд. Дар остонаи Соли нав ҳар марду зани фаронсавӣ нидо мекард: “Соли наватон бо омела!” Ҳоло ҳам дар Англия ва Фаронса дар зодрӯзи Масеҳ (а) дар девори хонаҳо метавон шохчае аз омеларо метавон дид. Дар Австралия низ намудҳои таҳҷоии омела чун “дарахти мавлудӣ” парастиш мешавад.

Достону қиссаҳо ва асотири қадимро халқҳои зиёде мебофтанд ва ин мансуби як миллат ё як қавм набуд. Тибқи асотири скандинавӣ боре ба Худои оқил ва шуҷоъ Болдр (худои нур, покӣ, лаззат, маъсумият ва дӯстӣ дар асотири искандановӣ) марги муфоҷоро пешгӯӣ карда буданд. Модари вай Фригг (яздбонуи издивоҷ, ишқ, зоиш, модарӣ, хирад, резандагиву бофандагӣ дар асотири искондановӣ) аз ҳама мавҷудоти зидаву мурда, ки дар обу хушкӣ мерӯиданд, савганд гирифт, ки ба писари вай зарар намерасонанд. Танҳо аз омелаи камарзише, ки дар шохаҳои дарахтон сабз мешуд, фаромӯш кард, ки ин гуна савганд гирад. Болдр барои ҳар силоҳ ва ҳар тир, ки худоён тирандозӣ мекарданд, осебнопазир буд ва ба вай наметавонистанд зарар расонанд. Вале худои бадқаҳру шарир ва маккор Локи аз навдаи омела тири марговар сохт ва ноаён онро назди худои нобино Ҳудар (ё Ҳуд – худои нобиноӣ ва торикӣ ва зимистон) гузошт. Худо Ҳудар тир андохт ва Болдрро кушт. Барои юнониён ва румиҳои қадим омела тимсоли “шохаи тиллоӣ” хизмат мекард. Гап сари он ки ҳарчанд баргҳои тару тозаи омела ранги рушани сабз доранд, вақте хушк мешаванд тиллоиву зард ва сахт мешаванд, ки ёде аз тилло мекунанд. Дар достони Вергилия “Энеида” фолбин ба қаҳрамони асотирӣ Эней, ки падари мурдаашро бубинад, ин гуна машварат медиҳад:

Гӯш кун чӣ бояд кунӣ

Ҳоло зарур аст бисёр вақт махфӣ шавӣ

Шоха тиллоист ва

баргҳояш низ аз тиллоянд.

Танҳо ҳамин шохи тиллоӣ метавонад ба одами зинда роҳ ба олами мурдагонро нишон диҳад.

Локдаун ба кадом маънист ва чӣ итиботе бо коронавиурс дорад? Карантин, фосилагузории иҷтимоӣ, кор аз хона, рафтан ба супермаркету бозорҳо бо ниқоб ва ғайра аллакай зиндагии маъмулии шаҳрвандонро тағйир дод, низоми пешин такон хӯрд, ба ҷойи он як низоми дар оғоз бароямон куллан ноошно, вале ба назар муваққат ҳоким шуд. ВВС дар як гузориши хеле муфассал назари коршиносону таҳлилгарон, ҷомашиносон ва табибони маъруфро гирдоварӣ кардааст, ки бахше аз онро ин ҷо меоварем.

Панҷ марҳилаи локдаун

Аввал дар бораи истилоҳ. ЛОКДАУН – лафзи инглисии Lockdown буда, ба маънои дастури хонашинӣ омадааст. Истилоҳ то кунун ба тоҷикӣ баргардон нашудааст, аммо Донишномаи озоди форсӣ ин гуна шарҳ додааст: “Ин як ҳолати изтирорӣ аст, ки аз афрод хоста мешавад дар ҳамон ҷойе, ки ҳастанд, боқӣ бимонанд ва озодона аз манзил хориҷ нашаванд. Ин дархост маъмулан барои муҳифизат аз ҷони худи шахс ва ва ё дигарон содир мешавад”. Дар мавриди имрӯз ин карантинест, ки мо дар шакли содатар ва кишварҳое, ки аз вируси короно заҷри зиёд диданд, дар шакли пурра аз сар мегузаронем. Карантини худро мо карантини нарм номидем.

Инак, шарҳи мавзӯъ: Сарвари Анҷумани равоншиносони Австралия Мария Коллинз дар як мақола панҷ марҳилаи асосиеро ном бурдааст, ки одамон дар карантин ва ё ҳолати худинзивоъ аз сар мегузаронанд. Ин тартиб то ҳадде аз марҳилаҳои анъанавие, ки соли 1969 доктор Элизабет Кюлер – Росс нишон дода буд, фарқ мекунад. Дар дастури Кюлер-Росс ин панҷ марҳила чунин буд: “рад кардан, ғазаб, тиҷорат, рӯҳафтодагӣ ва қабул”.

Аммо ба андешаи Коллинз марҳилаҳои инзивоъи коронавирусӣ инҳоянд: “нобоварӣ, (рад кардан), ғазаб, андӯҳ, қабул ва умед”. Дар марҳилаи аввали карантин, ки аз моҳи март шурӯъ шуд, мо қабул надоштем, ки ҷиддан ва фавран одатҳои худро дигар кунем ва ҳаёти худро бо сабабе, ки бароямон ноаён аст, маҳдуд созем.

Нобоварӣ ба ғазаб табдил мешавад. Мо аз он дар хашм мешавем, ки тарзи ҳаёти маъмулиамон аллакай хароб шудааст ва ҳатто имконе надорем чорае андшем. Ин марҳиларо одамон гузаштанд ва ҳоло, ки дар ин бора мехонем, ҳар кадоми мо медонем, ки ин чӣ маъно дорад.

Марҳилаи сеюмро андӯҳ номиданд. Ҳар касе замони карантин аз тиреза ба берун менигарист ва кӯчаҳои холӣ аз одамон ба чашм мерасиданд, мағозаҳои ба муҳлатҳои номаълум бастаро медид, ба маънои ин истилоҳ сарфаҳм меравад. Мо ҳамагӣ имрӯз ҳам мебинем, ки бо вуҷуди он ки карантини мо нарм аст, вале на ҳама бозору мағозаҳоямон бозанд, на ҳама тафреҳгоҳҳо аз маҳдудиятҳо озоданд. Ҳоло аксари мо дар марҳилаи қабул ё пазириш аз рӯйи ҷадвали Мария Коллинз қарор дорем. Ва акнун маҳдудиятҳои карантин, одатҳои нави замони коронавирус бароямон маъмулӣ шуданд. Мо ҳатман баъди бозгашт аз мағоза дасту рӯй мешӯем, ҳатман маводҳои антисептикӣ истифода мекунем ва ё агар ба супермаркет меравем, медонем, ки дами дар моро бо маводи антисептикиву баъзан бо ҳароратсанҷ истиқбол мегиранд. “Мо ҳоло дигар инро пазируфтем, бароямон ин одати мъмулӣ шуд, ки бачаҳоямонро дар хона дарс омӯзем, аз хона кор кунем. Оқибати аз кор ихроҷ шуданро медонем ва ҳоло мунтазирем, ки ҳукуматамон чӣ гуна моро дастгирӣ мекунад”, – менависад ӯ.

Аммо марҳилаи панҷум, яъне хушбинӣ аз лағви баъзе маҳдудиятҳо дар карантин шурӯъ мешавад. “Дар ин марҳила системаи асаб ба ҳолати маъмулӣ бармегардад, одамон бештар ба оянда бовар мекунанд, маҳсулнокии меҳнаташон бештар мешавад, тафаккурашон назар ба марҳилаҳои аввал хубтар фаъол мешавад”,- мегӯяд Коллинз.

Вале донишмандон мегӯянд ҳоло хеле барвақт аст, ки локдаун ё худ дастури хонашинӣ аз тафаккури мо дур шавад, паёмадҳои буҳрон солҳо эҳсос хоҳанд шуд ва ин ба рафтори ҳамарӯзӣ ва ҳатто ба одатҳои мо бетаъсир намемонад…

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here