Вақтҳое буд, ки агар одамон нафареро медиданд, ки “қуттича”-и пласмасие дар гӯш ҳарф зада истодааст, аз ақл бегонааш мепиндоштанд, ё бо ҳайрати зиёд ба ӯ менигаристанд. Ҳеҷ кас бовар намекард, ки маҳз бо ҳамин “қуттича” метавон аз ахбору навидҳои тамоми олам иттилоъ гирифт ва он кори даҳҳо коргару роҳнаморо ба сомон хоҳад расонд. Ин танҳо як муъҷиза менамуду халос. Аммо ҳозир ҳар як оила соҳиби қуттичаи шахсии хабаррасони хеш аст, ки онро дар лафзи умум телефони мобилӣ мегӯем. 

Айни замон телефони мобилӣ дастраси ҳамагон асту акнун мардум ва махсусан одамони серташвиш аз аксари масъулиятҳо озоданд. Масалан шумо маъракае карданӣ бошед, дигар бароятон одаме, ки ёру рафиқону хешу ақраборо огоҳ намояд, тамоман лозим нест. Як хизматрасонии телефони дастӣ кифоя аст. Агар донишҷӯй бошеду навиштани реферат ё маърӯзае бароятон мушкилӣ кунад, ё натавонед, бемонеа, ҷои гарматонро хунук накарда, бо телефонатон ба олами интернет ворид шуда, тамоми маълумоти лозимаро ба даст оварда метавонед, ё худ, омитар карда гӯем, луқмаи хоидаро ба даҳон меандозед.
Дар масъалаҳои талоқу никоҳ бошад, айни ҳол телефон вазифаи муфтиву шоҳиду шайхро ҳам иҷро карда истодааст. Эҳ, ин телефон не, “роҳати ҷон”. Аммо аз чӣ бошад, кампири ҳамсоя норозиёна “балои охирзамон” мегӯяд… Хайр, инро баъд мефаҳмему ана ман имрӯз ихтирои ҳамин “қуттичаи пласмасӣ”, “телефон” ё худ “балои охирзамон”-ро ба назар гирифта, ба дастоварди бузурге ноил гаштам, ки ҳоло касе аз он хабар надорад ва шумо аввалин шоҳиди он хоҳед гашт.
Камина дар як соати сари миз нишастан ихтирои техникие намудам, ки дар олам то ҳол назир надорад. Ин “роботи орзуҳо” аст. Шояд барои шумо боварнакарданӣ бошад. Аммо ин воқеият аст ва ман бовар дорам, ки дар замони набераву абераҳоямон чун имрӯза телефон дастраси ҳама хоҳад гашт. Айни ҳол бошад, танҳо як оригиналаш дар дасти ман вуҷуд дораду халос. Роботи орзуҳои ихтироъкардаи ман чунин аст, ки вақте хоҳишу матлабҳоятонро дар хотирааш сабт карда, ба системаи фаъолияташ ворид менамоед, техника дарҳол онро ба сомон мерасонад. Ана имрӯз ман барои санҷиш аз роботи орзуҳоям хоҳиш намудам, ки лаҳзае маро ба курсии вазири маориф нишонад. Ҳанӯз лаҳзае нагузашта худро назди бинои Вазорати маориф ва илми ҶТ ва баъдан дар курсии устод Нуриддини Саид дидам. Нигоҳ кунам, устод аллакай дар утоқ нестанд. Ва ба оина назар андохта дидам, ки банда ба сурати эшон даромадаам. Оҳо, ана ин гапи дигар. Қандата зан, роботҷон! Акнун касе намефаҳмад, ки ман вазири аслӣ нестам. Мӯйсарро ба боло шона задаму бовиқор ба курсии вазир нишастам. Аҷаб ҷои гарму бароҳате… боз дар рӯи миз қаҳваи ҳанӯз гармакаке меистод. Афсӯс, ки устод ҳанӯз фурсати нӯшидан наёфта, роботи орзуҳоям эшонро бардошта рафтааст. «Хайр, ин ризқи ман будааст»,- гуфтаму онро гирифта нӯши ҷон кардан хостам, ки ҳамин дам телефони вазир занг зад. Гӯширо бардоштам:
— Ассалому алейкум шогирд. Хуб ҳастед? Корҳову навигариҳо чӣ тавр? Маро шинохтед? Ман устодатон, Фалончиев Фалончӣ. Шуморо фалон вақт, дар фалон донишгоҳ, аз фалон фан, фалон соат дарс дода будам…
«Маълум аст, ки кадоме аз устодони эшон»,- гуфтам ба худ ва овозамро ғафстар сохта, ҷавоб додам:
— Бале, устод, шинохтам. Аҳволи худатон хуб аст?
— Ҳа, ҳа. Хубам шогирд. Лекин агар як хизмат мекардед, боз хубтар мешуд.
— Хуш, хизмат,- гуфтам ман.
— Як набераам омӯзгор шудаасту камтарак камдонишу камтарак камҳавсала аст ва маошаш ҳам хеле кам аст. Агар як “зангак”-и телефонӣ ин сӯ — он сӯ мекардеду ба ӯ камтарак “стаж” ва камтарак “категория” медоданду маошаш камтарак баланд мешуд, мо хело шод мешудем.
— Майлаш устод, майлаш. Ҳеҷ гап не, ман ин масъаларо мебинам,- гуфтам виқори вазириро аз даст надода ва худоҳофизӣ намуда, гӯширо гузоштам.
«Ана барои чӣ мӯйсари устод Нуриддини Саид баъди вазирӣ ин қадар бармаҳал сафед шуда будааст. Ба устод ҳалол бод, ки бо ин “фалониҳову камтаракхоҳҳо” мадоро мекунанд»,- андешидам ба худ ва дарҳол роботи орзуҳоямро фарёд кардам:
— Ин курсиат нашуд. Агар ду нафари дигар занг зада ҳамин камтарак ному камтарак мақом хоҳанд… Беҳтараш маро ба курсии устод Фарҳод Раҳимӣ бубар. Канӣ бинем, Академияи илмҳо чӣ аҳвол дорад?
Вале шукр, ки аз дари Академия надаромада, аз фикрам баргаштам:
— Охир, устод Раҳимӣ ҳам ёру ошнову устоду муаллим доштагистанд. Агар ягон нафари онҳо занг зада камтар мавзуи илмии тайёру камтар унвон хоҳад-чӣ?? Не, не, намешавад. Аз ҳама хубаш маро ба мақоми ягон сарояндаи ҷавони обрӯманди машҳур гузор. Охир, ин ҳозир беҳтарину сабуктарин навъи бизнесшоу гаштааст. Канӣ як бинем, асрораш дар чӣ бошад?
Хоҳишам дарҳол иҷро шуд. Вале боз аз уҳдаи андаке дар ин мақом истодан ҳам набаромадам. Охир, ин сарояндаҳои навбаромад ҳофиз ҳам худашон будаанду шоиру оҳангсозу танзимгару тарроҳ ҳам худашон. Ман куҷову аз уҳдаи ҳамаи ин “вазифаҳои пурмасъулият” баромадан куҷо?…
— Биё, бас роботҷон! Маро ба ҳамон ҷои оддиву осудаяки худам бубар. Аз вақт пешу аз қисмат беш хостан чӣ лозим? Агар системаатро боқувваттару мураккабтар созаму ба бозори иқтисод бароӣ, бемуҳобо ин курсиҳо худашон ба суроғам хоҳанд омад.
Ба курсии омӯзишиам нишастаму роботи орзуҳоямро ба қисматҳо ҷудо намуда, дар қуттӣ гузоштам. Ҳоло то комил намудани системааш вақти зиёд лозим. Эҳ, афсӯс! Баъди онро пора кардан ба ёдам омад. Кош лаҳзае дар вазифаи шефповари ягон ресторани боҳашаммат мешудаму баъд онро вайрон мекардам. Акнун маҷбурам боз дегчаи шӯрбои бобоиро ба ҷӯшиш орам…

ШАҲДНӮШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here