Ин воқеа дар деҳаи калону ободи назди маркази вилоят рух дод. Ҷавонзан Рухшона пагоҳӣ ҳамроҳи ду кӯдакаш Рухсораи сесола ва Далери яксола ба хонаи дугона ва ҳамсояаш Нигина омад. Нигина, ҷавонзани боодоби меҳмондӯст аз ташрифи дугонааш хурсанд шуда, Далерро аз дасти ӯ гирифта, Рухшонаро ба оғӯш кашида бӯсиду ҳис кард, ки чашмони меҳмон аз гиря сурх, рӯяш варам аст, аён мегашт, ки вай хеле ашк рехтааст.

— Тинҷӣ, ба ту чӣ шуд, чаро ин қадар гиря кардӣ?
— Ҳеҷ гап не, андаке тобам нашуд, — ҷавоб дод Рухшона.
Нигина аз бозуи Рухшона гирифта ба хона даровард ва ба роҳаткурсӣ ҷой кард, Рухсораро ба курсии дигар шинонду дастархон густурд ва онро бо нону мева зеб дод.
— Ташвиш накаш, ман саросема, фақат бо илтимосе наздат омадам, -матлаб гуфт Рухшона.
— Саросемаҳо куҷо рафтанд, ки мо мондем, — ҳазл намуд соҳиби хона. — Ту чанд вақт ин ҷониб ба хонаи мо наомадӣ, пазмонат шудам.
Нигина ба ошхона баромад ва чанде пас дар дасташ чойники чой оварда, рӯ ба рӯи Рухшона нишаста, ба пиёлаҳо чой рехт, ба Рухсора шоколад дароз карда нон шикасту гуфт:
— Ба дастархон нигар, як пиёла чой нӯшу гап зан, ки чӣ воқеа шуд, чаро ошуфтаӣ, гиря кардӣ, кӣ туро ранҷонд?
— Қиссаи ман хеле ҷонкоҳ аст, — як қулт чой нӯшида гуфт Рухшона.
— Маро ба тори туҳмат печонданд…
Рухшона нафасгир шуда, маҷоли гап заданро гум кард, — Нигина наздаш омада ӯро ба оғӯш кашида, тасалло доду хоҳиш кард, ки воқеаро нақл намояд.
— Ҳафтаи гузашта дар хонаи мо пул гум шуд, касе сандуқро кушода маблағи пасандоз кардаи оилаамонро дуздидааст. Хушдоман, хусур, Комил ва хоҳарарӯсамон Асал ҷамъ шуда, хеле ин тарафу он тарафро кофтанду аз пул нишон наёфтанд ва дар охир ба ман бало монданд.
— Чӣ хел аз ту гумонбар шуданд, ягон асос ё далел ёфтанд?
Нигина Рухшонаро хуб мешинохт, аз вақти ба ин хонадон арӯс шуда омаданаш риштаи дӯстӣ пайваста буд, дар ин муддат ягон маротиба кирдори бади ӯро надид ва якбора ин ҷавонзан модари ду кӯдакро дузд хонданро тасаввур намекард. Вай аз қиссаи ба ин деҳа арӯс шуда омадани Рухшона хабар дошт. Дугонааш сокини ноҳияи Ҳисор буд ва чор сол пеш Комил ҳавлии онҳо рафта, ҳавлиашонро сафолакпӯш мекунаду ба духтари хонавода Рухшонаи зебо ошиқ мешавад. Духтар ҳам нисбати ҷавон бетараф набуд ва ба вай дил баст.
Баъди ба анҷом расидани сафолбандии ҳавлӣ Комил ба хонааш бармегардад ва назди волидони Рухшона хостгор мефиристад. Падари духтар, ки марди боғурур буд, розӣ нашуд, аммо модари Рухшона тарафи духтарашро гирифт.
Тахмин мерафт, ки Рухшона модарашро ба гап гирифта розӣ кардааст, фаҳмондааст, вай ба Комил майл дорад ва нисбаташ бетараф нест.
Хостгорон розигии падари духтарро гирифта натавониста баргаштанд, вале Комил онҳоро ба ҳолашон намемонд. Мегуфт, ки ваю Рухшона ҳар рӯз тавассути телефон гуфтугӯ мекунанд, духтару модараш розиянд, фақат розигии падарашро гиранд.
Падар намехост, ки духтарашро ба ҷойи дур баранд, вале ба занашу духтараш зӯраш нарасид ва билохир ба хостгорон розигӣ дод, вале шарт гузошт, ки духтарашро намеранҷонанд, дур аз волидон гӯён зулм намекунанд.
— Не, қудоҷон! Мо Рухшонаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунем, -ҷавоб дод модари Комил, қасам, ки келинро баробари духтар мехонем.
Тӯй дар шаҳри Хуҷанд барпо гашт, аз он ҷо арӯсро ба деҳа оварданд. Зиндагии ҷавонон хуш ибтидо гирифт, аз чизе камбудӣ надоштанд. Рухшонаро дар деҳа хуш пазируфтанд, занону духтарон ба вай унс гирифтанд.
Аз байн чор сол гузашт. Комилу Рухшона соҳиби ду фарзанд шуданд ва зиндагии ҷавонон рангинтар гашт. Асал шавҳар кард, вале зиндагиаш нобарор сурат гирифт ва соле пас ба хонаи волидон бо тифлаш баргашт. Вай асабию дағал шуда омад ва нобарориашро дар хонаи волидон гӯё аз дигарон мегирифт.
Якбора ба ин хонадон чашм расид. Он рӯз ба хушдоман пул лозим шуд ва ӯ сандуқро кушода маблағи гузоштаашро наёфту доду вой кард, аҳли оиларо ба наздаш даъват намуд. Аз ҳар яке пурсид, ки пулро нагирифтааст? Зан гоҳ аз яке шубҳа мекард, гоҳ аз дигаре, бо алам мегуфт, ки дар сандуқ ду ҳазор доллар ва даҳ ҳазор сомонӣ маблағ гузошта буд, вай мехост бо ин маблағ мошин харад, вале ба қавли худаш акнун хар ҳам харида наметавонад.
Асал ба хонаи фолбин рафта фол кушода хабар овард, ки ба хона каси бегона наомадааст, дузд аз худӣ аст. Аз ину он шубҳа карданд ва тирчаи шубҳа ба Рухшона расид.
— Ман пулро чӣ кор мекунам, онро куҷо мебарам, — худро сафед мекард ҷавонзан.- Дар оилаамон серию пурӣ ҳукмфармост, онҳо ба чизе муҳтоҷ нестанд, пули худашон ба зиндагӣ мерасад, сониян ман ба хонаи волидон нарафтаам, онҳо ҳам наздам наомадаанд.
— Дар хонаи мо ягон маротиба пул гум нашудааст,- мегуфт Асал.- Ин бори аввал аст, нафари бегона ба ҳавлиамон наомадааст, ки аз вай шубҳа кунем.
— Магар ту аз ман шубҳа мекунӣ? — ҳайрон шуд Рухшона.- Ман дар умрам тини касеро нагирифтаам ва дар чунин оила ба воя нарасидаам.
— Хушдоман ҳам ба тарафи Асал майл намуду аз ман шубҳа кард,- бо алам ба Нигина гуфт Рухшона. — Ман ба қадрам сӯхтаму ду кӯдакамро гирифта аз хона баромадам.
— Ту вазнин шав, шояд пул аз ягон ҷой барояд,- маслиҳат дод Нигина.
— Ту равӣ онҳоро аз худат гумонбар мекунӣ.
— Бало ба паси гумону шубҳаҳояшон. Медонам, ки як рӯз дузд маълум мешавад, аммо ман ба ин таҳқири кардаашон тоб намеорам, то мурдан инро фаромӯш намекунам.
— Дигар барнамегардӣ? — пурсид Нигина.
— Ҳозир меравам ва роҳи ман бебозгашт аст.
— Ҳозир ман додарамро таклиф мекунам ва мо туро то мошинистгоҳ мебарему роҳкиро дода, гусел мекунем.
Нигина он рӯз Рухшонаю ду кӯдакашро гусел кард, ӯ медонист, ки ба дугонаи мусофираш туҳмат карданд ва аз сабаби бекасӣ нафаре ёфт нашуд, ки тарафи ӯро гирад.
Аз байн ду ҳафта гузашт. Он рӯз пагоҳӣ мошине назди дарвозаи ҳавлии шинос истод ва ҷавони либоси ҳарбипӯш аз дарича дод зад:
— Комил, ту дар куҷоӣ, ин ҷо биё.
Комил назди дарвоза омад ва нозири минтақаи деҳаро дида салом дода, вохӯрӣ карду пурсид:
— Чӣ хизмат сардор?
— Дарвозаро кушо,- фармуд нозир.
Комил дарвозаро кушод ва мошини сияҳшиша ба ҳавлӣ даромад. Аз нишастгоҳи қафо се нафар берун шуданд, ду марди либоси ҳарбӣ дар бар ва марди дар даст завлонадоре. Хушдоман, Асал ва хусур ҳайрон шуда, ба пешвози онҳо омаданд.
— Худаш чӣ гап, тинҷӣ? — пурсид соҳиби хона.
— Не, нотинҷ,- гуфт нозир. — Ба хонаатон дузд даромада пулатонро бурдаасту шумоён ба милитсия хабар надодед ва қозӣ шуда, келинатонро дузд хондеду, аз хона рондед.
— Нафаҳмидам, дузд кӣ будааст?
— Ҳозир ҳамаашро мефаҳмонем,- гуфт нозир ва афзуд. — Комил дарвозаро пӯш.
Марди завлонадорро ба мобайн гирифта, хона дароварданд. Вай сархам буд, маҷоли ба чашми дигарон нигаристан надошт.
— Нишон деҳ, чӣ хел ба хона даромадӣ ва чӣ кор кардӣ?- дӯғ зад ба мард нозир.
— Аз дар даромадам, сандуқро кушодам, пулро гирифтаму ба сандуқ қулфи худашро зада рафтам.
Рафтору гуфтори мардро ба навор гирифтанд. Аҳли оила моту маҳбут буданд, касе маҷоли ҳарф задан надошт.
— Чанд пул гирифтӣ?- пурсид вайро нозир.
— Ду ҳазор доллари амрико ва даҳ ҳазор сомонӣ
Милисаҳо рафтанд. Воқеа дере нагузашта дар деҳа овоза шуд, Нигина ба Рухшона телефон карда ин хабарро расонда афзуд:
— Ҳамашон ба хонаатон рафта, аз ту узр мепурсанд. Тезтар биё дугона, туро пазмон шудем.
— Ман ба ту гуфта будам, ки роҳи ман бе бозгашт, кушанд ҳам барнамегардам, — гиря кард Рухшона.- Волидонам ҳам рафтан намемонанд…
— Гуноҳи Комилро бахш вай дар ин моҷаро айб надорад.
— Чӣ хел айб надорад, марди тарафи занашро нагирифта манфиати ҳамсару ду кӯдакашро ҳифз накарда магар мард аст?…
Оқибати ин моҷаро бо чӣ анҷом меёфта бошад?

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here