Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои манзараҳои тамошобоб, кӯлу дарёҳо ва дараҳои хушманзара буда, диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб мекунад. Дараи Қаратоғ яке аз мавзеъҳои хушманзараи диёр ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019 ва Нақша-чорабиниҳо доир ба беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав аз 19 июни соли 2014 таҳти рақами №121 дар бораи таъсис додани Парваришгоҳи “Кӯли Темурдара” ба тасвиб расидааст, ки он аҳамияти маҳаллӣ дошта, масоҳати умумии он 300 гектарро ташкил медиҳад.

 

Парваришгоҳи “Кӯли Темурдара” ба сохтори Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда мансуб буда, мақсад аз таъсис ёфтани он афзун гардонидани сарватҳои экосистемаи табиӣ, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, захираи гулмоҳии амударёӣ, фаъол намудани таблиғоти экологӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои экологии аҳолӣ, алалхусус насли наврас, ҳамчунин рушди туризми экологӣ мебошад. Масъулияти рушди Парваришгоҳ ба зиммаи Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии ҳудудҳои табии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон” вогузор аст. Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии ҳудудҳои табии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон ” бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ дорад.

Бо пешниҳоди ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии ҳудудҳои табии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон” бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани табиати нодиру зебои дараи Қаратоғ ҳамчун мавзеи нодири сайёҳӣ дар заминаи парваришгоҳи “Кӯли Темурдара” аз 16 то 22-юми июли соли ҷорӣ лагери тобистонаи экологии омӯзишӣ бо номи “Мо озодапалангро ҳимоя мекунем” ташкил карда шуд. Лагери тобистонаи экологӣ 35 нафар талабагони синфҳои аз 6 то 11-ро бо шумули муҳассилини мактаб-интернати Шаҳринав ва 10 нафар мураббиёнро ба омӯзиш фаро гирифтаст. Баргузории чунин чорабинӣ аз ҷониби Хазинаи Кристенсен, ки бо масъалаҳои гуногунии биологӣ кор мебарад, дасгирӣ гардид.

Наврасон андешаҳои худро дар бораи моҳияти гуногунии биологӣ ва муҳимияти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баён доштанд. Намоянда аз Иттиҳодияи ҷамъиятии “Куҳҳои Помир” Мастура Насрадиншоева , ки аз ин мавзеъ дидан кардааст, мегӯяд, ки чунин лагери барои наврасон аз ҷиҳати шароити истироҳат ва аз лиҳози омӯзишӣ бесобиқа дар ҷумҳурӣ буда ва он ягона аст. Ҳоло ин мавзеъ ба яке аз минтақаҳои барои сайёҳӣ муносиб табдил ёфтааст. Иштирокчии дигари лагер Ақдодова Шарофат низ аз табиати зебои ин диёр зиёд хушаш омадааст ва ӯ ҳоло бо ҳамсолонаш аз Суғду Хатлон истироҳати худро дар ин ҷо хуб мегузаронад. Намоянда аз Итиҳоддияи ҷамъиятии “Оби зулол” Шарифов Алиҷон , ки худ зодаи Хатлон аст мегӯяд: “Ман дар ин ҷо ба соҳаи замбурпарварӣ, парвариши моҳии амударёӣ ошноӣ пайдо кардам”.

Навраси дигар Асанбекова Адиба аз он хурсанд аст, ки дар лагер дӯстони нав пайдо кардааст. Аксари наврасон хушҳол аз онанд, ки тобистони гармро дар мавзеи сарсабз сипарӣ мекунанд, аз ҷумла Каримов Марван аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар н.Шаҳринав мегӯяд, ки “Хеле шодам, ки дар ин гармои тоқатфарсои тобистон ба ин биҳишти табиӣ, ки дорои ҳавзи шиновариву табиати нодир аст, паноҳ бурдаам”.

Иштирокчиёни лагер дар давоми 8 рӯз дар доираи барномаи таҳиягардида бо бунёди ҷангал, соҳаи боғпарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Қабл аз анҷоми лагери тобистона наврасон барои бардоштани таассуроти рангин ба ташаббускорон ва саҳмгузорон, аз ҷумла Хазинаи Кристенсен ва ТҶ “Маркази дастгирии ҳудудҳои табии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон” минатдории самимонаи хешро баён карданд.

Метавон гуфт, ки ташкили чунин лагерҳои омӯзишӣ барои баланд гаштани савияи дониши наврасон мусоидат менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии ҳудудҳои табии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон” баргузории чунин лагерҳои тобистона ва хатсайрҳои сайёҳиро ба дӯстдорони табиат пешниҳод менамояд.

 

Олимаи АБДУСАТТОР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here