Вуруди 15 номгӯйи нави техникаву механизм ба он

 

Ба Парки техникии филиали ширкати IRS 15 номгӯйи нави техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда, ки бо мақсади дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани таъмир ва нигоҳдории роҳ харидорӣ шудаанд, ворид гардид. Онҳо намунаи беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, аз техникаҳо барои бартараф намудани асфалти осебдида ва хобонидани асфалти нав, мошинҳои калони боркаш ва ғайра иборат мебошанд. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, шаҳодати он аст, ки азми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва нияташон нек аст.

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар роҳи Душанбе — Чаноқ бетаъхир чораандешӣ мешавад.

Тавре масъулини филиали Ширкат гуфтанд, дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 50 километр роҳ таьмири куллӣ ва зиёда аз сад километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шуруъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат, ки дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ҷойгиранд, дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Ба касе пӯшида нест, қисмати зиёди роҳи Душанбе — Чаноқ аз минтақаҳое мегузарад, ки аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконот аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани ҳолатҳои зикршуда (манзур тармафароӣ, лағжиши сангпора ва ғайра аст) кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар менамоянд.

Махсусияти дигари роҳи Душанбе — Чаноқ, ки нигоҳдориаш ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб маҳсуб мешавад. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали Ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз авлавиятҳо медонад.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои  ногувор хоҳад дошт.

Дар маҷмуъ, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла харидории тезникаву механизмҳои махсусгардонидашуда вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Боиси қаноатмандист, ки дар давоми солҳои охир ин раванд тавсеа ёфта, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам ва дақиқкор буда, кормандони он бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебаранд.

 

Маркази матбуоти роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ

Добавить комментарий