Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Аҷоиб-ул-ғароибро дӯст медоранду пайваста аз пайи ба вуҷуд овардани ҳаводиси ногуфтанӣ мешаванд.

Махсусан, кормандони бонкҳои Гулобод дар сохтани ин ва дигар гуна ҳолатҳое, ки ба гуфти кампири Гулбибӣ «дар қуттии аттор намеғунҷад», устухон надоранд. Эшон ҳатто асари машҳури Айнӣ — «Марги судхӯр»-ро ба гунаи дигаре амалӣ месозанд. Ин ҳам истеъдод талаб мекунад, ки дар ин масъала низ «панҷ панҷаашон ҳунар» аст, ин бонкирҳои ҳозиразамонро. Агар дар асари Айнӣ бечора Қорӣ Ишкамба аз сӯхтани пулаш дилкаф шуда, ҷон ба Ҷонофарин супорида бошад, необанкирҳои Гулобод худашон қарздоронро аз дорулфано ба дорулбақо роҳхат медиҳанд. Ҳатто масъулияти муҳру имзои ҳазрати Азроил низ имрӯзҳо ба дасти эшон гузаштааст. Шояд иҷрокунандаи вазифа Малакулмавт дар ин дунё бошанд.

Чанд сол қабл вақте ки корди бонкирҳову бонкҳои Гулобод болои равған буд, шавҳари яке аз дугонаҳои кампири Гулбибӣ аз як бонк қарз гирифта буд. Кампири Гулбибӣ, ки пули калонрову сайру саёҳатро хеле дӯст медошт, ба бечора бобои Гулбиддин рӯз нишон намедод, ки ӯ низ қарз гираду онҳо — пиру кампир як оламро давр зада гиранд. Бобои Гулбиддин, ки Қорӣ Ишкамбаву моҷарои пули калонро хуб медонист, розӣ набуд, ки бо бонк ҳамкорӣ намояд. Лекин кампир аз раъяш намегашту ду поро ба як мӯза ҷой намуда, исрор менамуд, ки қарз гирад. Кор то ба ҷое расид, ки бечора бобо аз хонаи худаш гурезон шуду чун Маҷнун худро ба саҳро гирифт. Моҳу солҳо бо як миҷа задан гузашта рафтанду маъшуқааш кампири Гулбибӣ аз талабаш намегашт. Шояд ягон амали неки бобои Гулбиддин мақбули Худованд гардида бошад, ё боз ҳам ба қавли кампири Гулбибӣ, «кори девонаро Худо осон мекунад» буд, ки бобо назди кампири ба ҷон баробараш баргашт.

Агар ба Маҷнун шоҳи кишвари дигар кӯмак карда бошад, ба бобои Гулбиддин бонкҳо кӯмаки беғаразонаи ба хона баргаштанашро намуданд. Бобои Гулбиддин бо умеди он, ки шояд кампири Гулбибӣ шайтонро ҳай зада бошаду аз фикри аз бонк пул қарз гирифтан гашта бошад, ба хона баргашту кампирашро наёфт. Дилашро гургон тала карданд, ки мабодо қарз гирифта, ба хориҷа сафар кардаву дар он ҷо аз бобои Гулбиддин беҳтарашро наёфта бошад. Андешаашро ҳамсояи деворбадевораш осон намуд. Бо мӯйсафед гарму ҷӯшон пурсупос намуду аз баргаштанаш хурсанд гардид. Чун бобо аз кампири Гулбибӣ пурсон шуд, ҳамсоя бо андуҳ хабар дод, ки шавҳари дугонаи наздики кампир пули аз бонк қарз гирифтаашро баргардонида натавонистаасту маҷбур шудааст худашро дар оғил ба дор овезад. Раҳматӣ ба ҷонаш ҷабр кард. Кампири Гулбибӣ беш аз як моҳ шуд, ки ба ғами ба сари оилаи дугонааш омада шарик аст. Шояд баъди гузаронидани себегаҳу ҳафту бисту чил баргардад.

Дасту пойи бобо суст шуду бо кӯмаки ҳамсоя ба суфаи назди дарвозааш нишасту ба хайриятгӯйӣ сар кард ва чанд бор пайи ҳам «хайрият, хайрият» гуфт. Ҳамсоя ҳайрон-ҳайрон ба бобо нигоҳ карду дарав аз хонааш об бароварда ба бобо нӯшонд. Бобо баъди ба худ омадан боз як бори дигар хайрият гуфта монд. Ҳамсоя дид, ки аҳволи бобо беҳтар шуд, сабаби хайриятгӯйиро пурсон шуд. Бобо сабаби чандин солҳо аз хонаву дар дур буданашро, ки сабагораш нагирифтани қарз аз бонк буд, нақл кард ва дар фароварди суханаш боз калимаи хайриятро ба забон оварду гуфт, ки хайрият, ки аз бонк қарз нагирифта будааст. Агар қарз мегирифт, шояд дар қатори ун бечора ҷанозаи боборо низ мехонданд.

Нав бобо нафасашро рост карда буду суҳбаташон қӯр гирифта буд, ки аз дур кампири Гулбибӣ намудор гашту бо дидани бобои Гулбиддин афтону хезон, ҳалпанг-талпанг давида худро ба пеши пойи бобо партофта, ба узрпурсӣ даромад. Бобо бо чашмони лиққи об кампирро аз замин бархезонду ҳарду ба ҳавлӣ даромаданд. Ҳатто ҳамсояро даъват кардан он тараф  истад, хайрухушро бо ӯ насия намуданд.

Дар хона кампир худро сарзаниш намуда, аз боборо овораву саргардон намуданаш бахшиш пурсида, ба нақли ҳодисаи рухдода пардохт:

— Садқат шавам, мӯйсафед, ки аз рӯйи гуфти ман амал накардиву саратро гирифта рафтӣ. Набошад, «то бад нагирӣ, нек намеояд» гуфтаанд. Кӣ медонад, ки дар ҳолати баргардонида натавонистани қарз чӣ кор мекардем. Бечора дугонаам. Намедонад сарашро ба куҷо занаду фарзандони бепадар мондаашро чӣ хел ором намояд. Ин қарзи бонку бедодгариҳои бонкирҳо чунин оқибатҳои вазнини ногуфтанӣ доштааст. Пулашон аз сарашон монад, бонкҳои Гулободро бо банкирҳояшон. Қариб дар айёми пирӣ бева мемондам-е!

Бобо, ки пастиву баландии ҳаётро медонист ва бо гузашти ин чанд соли дар саҳро ба танҳоӣ гузаронидааш таҷрибаи ҳаётиашу дидаш ба оламу одам боз ҳам пеш рафт, кампирро насиҳаткунон ором намуду аввал каме ба андеша фурӯ рафта, гӯё фикрашро ҷамъ намуду ба гуфтан оғоз кард:

— Медонӣ кампир, дар ягон солу замон бонк ба фоидаи мардум кор накардаасту намекунад. Шартномаҳояш ҳам яктарафа аст. Дар ҳолати аз тарафи қарзгиранда дар вақташ пардохт нагардидани қарз, чизи ба гарав мондааш, ки аз пули қарз ба маротиб баланд аст, ба фоидаи бонк мусодира карда мешавад. Лекин, дурусттар гӯш кун кампиру ба дигар дугонаҳои пулдӯстат ҳам расон. Вақте ки мардум ба бонк пул монданӣ шаванд, ягон шартномае, ки ба фоидаи мардум бошад, ё кафолати пули гузоштаашон бошад, нест, ба ҷуз фоизаке, ки болои пулашон гӯё зам мешавад. Пас куҷост адолату куҷост боварӣ ба бонкҳои Гулобод? Бечора бо умед пулашро дар бонк мегузорад, ки ба як рӯзи некаш ё бадаш зарур мешавад. Вале ба рӯзи нек он тараф истад, Худо накарда агар мусибате рӯй диҳад ҳам, гирифта наметавонад. Чандин нафаронро медонам, ки бо мақсади табобат намудану барқарор сохтани саломатиашон ба пул ниёз доранд, ҳамон пули бо ду дасти адаб дар бонкҳои Гулобод мондаашонро гирифта наметавонанд. Маблағе, ки бо ғалбер бурда, бо ду дасти адаб супорида буд, имрӯзҳо бо элак дар як моҳ як маротиба агар шиносе дар бонк дошта бошад, мегираду халос. Ба кадом даре, ки муроҷиат намоянд, суде нест. Баҳона якто. Бонк муфлис шудаасту бо гирифтани қарз аз дигар давлатҳо ва фурӯхтани амволи бонк пулҳои муштариён дар кӯтоҳтарин муддат баргардонида мешавад. Лекин ун қарзи аз дигар давлат меомада ё гӯшти асп хӯрдаасту ё бо шутури ланг меояд, ки ҳеҷ тӯли ин қадар сол омаданаш маълум нест ва ҳатто шубҳаовар низ ҳаст. Кӣ ба бонкҳои муфлисшуда қарз дода, ба гуфти мардуми Гулобод «ба даст теву ба по дав» сарашро гаранг мекунад? Ваъдаҳои пучу хаёлҳои хом. Необанкирҳо бошанд, аз ҳисоби пули халқ ҳавлиҳои боҳашаммату қасру кӯшкҳо, мошинҳои дакаданг доранду ҳар сари чанд вақт бо хонумҳояшон (агар ду-сето набошад) барои барқарор намудани саломатии «аз кори бонку хизматрасонӣ ба халқ сустшуда» ба истироҳатгоҳҳои гароннарх чун Сочиву Анталия мераванд. Оё боре шунидаӣ, ки кадом шахси оддие ба ивази пули надодаи бонк хонаи банкир, мошини банкир ё ягон ягон амволи бонкро ҳамчун ҷуброн гирифта бошад? Ҳеҷ гоҳ намешунавиву ин хел шуданаш ҳам номумкин аст. Дар тамоми давру замон бечора халқ месӯзад.

Лекин бисёр ҳолатҳои аксро дидан мумкин аст. Мешунавӣ, ки хонаи касеро бонк ба ивази қарзи пардохт нанамудааш кашида гирифтаасту ун бечора бо фарзандони ноболиғаш дар таҳхонаҳову кӯча ба кӯча саргардон шудааст. Ё мефаҳмӣ, ки бонке мошину дӯкони тиҷоратиашро мусодира намудааст. Лекин аз ин ҳам бадтару сахттар ҳангоме мефаҳмӣ, ки аз сабаби саривақт насупоридани пули бонк ҷонро ба Ҳақ супоридааст, даҳшат аст.

Ҳозир дар Гулобод ҷонро ба Ҳақ супоридан осонтару арзонтар аст, аз пули бонкҳои Гулободро бо фоизҳои гарони миёшикан бозгардонидан. Бин, ҳар рӯз як хабари нав. Яке худро овехтааст, дигаре худро оташ задааст, сеюми доруи бисёре хӯрда, зану кӯдаконашро ба ҳукми тақдир гузоштаасту рафтааст. Лекин миҷаи касе аз мутасаддиён хам намехӯраду пинакашонро низ вайрон намекунад. Зеро шиори эшон «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» шудаасту бас. Халқу азобаш ба эшон дахл надорад. Ана, ин аст аҷоиб-ул-ғароиби бонкҳои Гулобод. Ту пул медиҳиву фоизи кам мегирӣ, ягон кафолат нест. Онҳо пул медиҳанду фоизи баланд мегиранду бар болои ин ҳар лаҳза метавонанд хонабардӯшат кунанд, ҳатто ҷонатро гиранд.

Ана, кампири ҷон, барои чӣ ман аз бонк қарз нагирифтаму бар ивазаш чанд соламро дар дашту биёбон гузаронидам. Лекин аз ҳама асосиаш, зинда баргаштам. Фикр мекунам, ки азоби чандсолаи ман шояд ба туву дугонаҳоят дарс мешаваду шавҳаронашонро бе ресмон баста ба бонк намесупоранд. Шояд мақоли «Нимта нон — роҳати ҷон» аз нав зинда мегардаду мардум ба ҷони ҷавону ширинашон ҷабр намекунанд…

 

Бахтиёр Облоқулзодаи ГУЛОБОДӢ

Добавить комментарий