Гуфтану нигоштан дар ин бораҳо мамнуъ ҳам набошад, чандон расму анъана набуд. Ба сиёсати он замона мувофиқат намекард. Аммо ман бе истиҳола ва биму ҳарос ин «қолабро» мешиканам. Дар бораи корномаҳои бобою бибӣ ва бобокалону бибикалонҳоямон қисса мекунам. Зеро корномаҳои онҳо дар маҷмуъ корномаҳои Ватан – Тоҷикистони азиз аст. Аз дигарон низ ҳамингуна амалро хоҳонам.

I

 ЗИНДАГАРДОНИИ КОРНОМАҲОИ ҶАДҲО

ОМИЛИ МУҲИМИ ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ

Наберагону аберагони воқеӣ ва маънавии ман. Шумо бо ҷадҳо, яъне авлоду аҷдоди дуру наздик — бобокалону бибикалон, бобою бибӣ ва падару модари хеш ифтихор кунед. Мисли баъзе нафароне набошед, ки ба ҳар роҳу восита, бо ҳар баҳонаю сабаб гузаштагони худро ёд овардан намехоҳанд, ному кори эшонро пинҳон медоранд ва дар бештар маврид аз кадом авлод будани хешро ҳам намегӯянд. Аммо, азизони дил, бовар кунед, агар бовар надоред, аз калонсолонатон пурсед. Онҳо албатта тасдиқ мекунанд, ки гузаштагони ҳар яки мову шумо, арзанда ва сазовори ёдоварианд, шоистаи қадрдонию қадршиносианд, муносиби дар ёду дилҳои наздикон боқӣ мондану лоиқи дар таърихи авлоди хеш дарҷ гаштананд.

Шояд дар замонҳои пештар ҳам буд. Аммо ман аз солҳои бачагию ҷавонӣ ёд дорам, ки дар бораи худ ва авлоду аҷдод гуфтану нигоштан расм набуд. Агар касе дар ин роҳ андаке ҷаҳд мекард, рӯшоду пинҳон ба ӯ айб мегирифтанд. «Худхоҳ», «худпарасту авлодпараст»-аш мегуфтанд. Яъне, гуфтану нигоштан дар ин бораҳо мамнуъ ҳам набошад, чандон расму анъана набуд. Ба сиёсати он замона мувофиқат намекард. Аммо ман бе истиҳола ва биму ҳарос ин «қолабро» мешиканам. Дар бораи корномаҳои бобою бибӣ ва бобокалону бибикалонҳоямон қисса мекунам. Зеро корномаҳои онҳо дар маҷмуъ корномаҳои Ватан – Тоҷикистони азиз аст. Аз дигарон низ ҳамин амалро хоҳон ҳастам.

Зарурати иҷрои ин амал дар чист? Дар он ки мехоҳам, дар амалисозии таъкидҳои сарвару роҳбари азизамон оид ба бедоркунӣ ва тарбияи эҳсоси меҳанпарастӣ, ватандорӣ, ватансозӣ ва раиятпарварию миллатдӯстии фарзандон ҳиссае дошта бошам. Яъне, ҳақиқат он аст, ки агар дар навбати аввал падару модар, бобою бибӣ, макони рехтаи хуни ноф, ҷадҳо, деҳа ва шаҳратро дӯст надорӣ, дар маҷмуъ халқ, миллат ва Ватанатро дӯст дошта наметавонӣ. Зеро бе ин гуна таҳкурсиҳо вуҷудатро майл, рағбат, эҳсос ва завқи табии дӯстдории халқу Ватан фарогир намешавад. Расул Ғамзатов гуфтааст: Ман тамоми Русияро барои он дӯст медорам, ки дӯстдори Доғистонам ҳастам. Дар ҳамин радиф ман гапи кайҳо вирди забонҳо бударо такрор мекунам: «Тамоми Тоҷикистонро барои он дӯст медорам, ки дӯстдори деҳаам ҳастам. Дӯстдории Тоҷикистон барои ман аз дӯстдории деҳаам сар мешавад».

Фарзандон ва набераю абераҳои азизи ман. Имрӯзу ояндаро дар заминаи гузашта месозанд. Инро ба эътибор гирифта, шумоёнро тадриҷан бо корномаҳои ҷадҳоятон — бобою бибиҳо вабобокалону бибикалонҳоятон, бо маконҳои рехтаи хуни нофатон, ошно месозам, то ки, барои дӯстдории Ватан ва халқи азиз таҳкурсии устуворе пайдо кунед. Аммо зарур аст, ки шумо ва аз шумо калонсолтарҳо ба ман пайравӣ кунанд, аз хусуси корнамоиҳои гузаштагони авлодашон, ҳамдеҳагону ҳамшаҳриёнашон беистиҳола нависанд. Зеро чуноне, ки ишора кардам, ин кор дар маҷмуъ таърихи арзандаи халқу Ватан мешавад ва омили муҳиме мегардад дар тарбияи ватанпарастии ҳамдиёронамон.

Инак, камина силсилаи нигоштаҳоеро, ки атрофи ҳамин мавзуъ дорам, аз як корномаи модари шодравонам сар мекунам. Шод мешавам, бовар дорам дигарон низ шод мегарданд, агар маро пайравӣ кунед.

II

ОТАШ ЗАБОНА МЕЗАД

 Ин воқеаи бас даҳшатнок соли 1952 ё 1953 рух додааст. Дар нигориши он фишурдаи гуфтаҳои Ҳасан Холов, Сангимурод Назаров, Ҳусейн Расулов, Очилдӣ Ҳакимов, Мирзоюсуф Ҳакимов, Қурбонбӣ Баротова – чун иштирокчиёни бевоситаи воқеа ва нақли худи модарам истифода мешаванд. Ҳамаи инҳо замони суҳбат сокинони деҳаҳои Авзикент, Сасибулоқ ва Қаҳрамони ҷамоати он замон Қарамқул, ҳоло М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор буданд. Таъкид мекунам: Дар нигошта тахаюли муаллифӣ нест. Ҳамааш воқеият аст, бо андаке обуранги бадеӣ ва дурусткунӣ ба қолаби забони адабӣ.

Гуфтаҳои эшон дар шакли сабтҳои овозӣ дар бойгониам маҳфузанд, ки рӯзҳои 19-24-уми августи соли 1987 сабт шудаанд.

Оташ забона мезад. Ҳама хушку тари атрофу акнофро ба коми худ фурӯ мебурд. Ҳавои гарми тобистон, шамоли пешин аз ҳар ҷиҳат ёрирасонаш буданд. Махсусан, шамоле, ки дар натиҷаи ба ҳам омезишёбии гармии оташ ва ҳавои атроф ҳосил мешуд, ёварии бештараш менамуд. Забонаҳояшро ҳар чӣ қадар, ки метавонист болотар мебардошт, онҳоро бо омехтагии чӯбчаю хасҳои нимсӯхта то як метру ду метр пештар мепартофт ва бо ин усул нуқтаҳои беҳисоби сӯхторро ба вуҷуд меовард ва ҳар лаҳза майдони оташгирифтаро васеътар менамуду дуди онро аз пастхамии дашти Арал ба фалаки осмон мебардошт. Ин буд, ки одамон он дудро аз дуриҳои дур ҳам мушоҳида мекарданд. Дар Авзикент бошад, аввалин шуда, онро модари мо дид.

Вақти суҳбат он кас як бора ва ғайри ихтиёр нидо карданд:

— Ваҳ! Арал алов гирифт!

Ҳамин нидо ва сухани хитобӣ дар таркиби гуфтаҳои модарам ҳаст. Ӯ ин суханро тарзе ба забон овард, ки гӯё дуди ба осмон печидаи сӯхтори дашти Аралро маҳз ҳамон лаҳза дид. Дар ҳайрат мондам: «Ӯ баъди 34-35 соли рухдиҳии ин ҳодиса то ин андоза онро хубу аниқ дар хотир нигоҳ дошта тавонистааст, то ин андоза онро наздику дақиқ эҳсос карда метавонад».

— Тамоми корҳоямро партофтаму мардуми русторо садо кардам: «Ғаллаи Арал алов гирифт! Ғаллаи Арал алов гирифт! Шитобед, хурду калон об гиред, ба оташхомӯшкунӣ меравем!»

— «Ҳамаи корҳоям» гуфтед. Кадом корҳоятонро партофдеду аз пайи хомӯшкунии оташ шудед?

— Лаҳзаи дуди оташро дидан як карсон хамирро пӯхта будам. Барои пӯхтани хамири карсони дигар танӯрро тасф медодам, ки дуди оташро дидам. Хамирро ба ихтиёри Гулинори ҳамсоя дода, худ аз пайи сафарбаркунии мардум шудам. Дар як лаҳза пайроҳаи байни деҳаву Арал, ки аз Дараи шӯрак мегузашт мисли роҳи мурчагон шуд. Хурду калон, зану мард — ҳама дар роҳ, бо об, бо бел, каланд, хода, ҷандаю ҷорӯби тар. Обашон дар кӯза, дар каду, дар сатил, дар офтоба. Хулоса, ҳама шитобон ба сӯйи Арал, барои ҳимояи нон аз оташ. Худам ҳам дар сафи онҳо. Бо ду кӯза оби ба хар боркарда. Боз як сатили дигар дар даст, ки аз тез гаштану гоҳо давидан обаш шалапида–шалапида қариб тамом шуд. Вақте ки ба ҷойи воқеа расидем, оташ аллакай майдони хеле васеъро фаро гирифта буд. Гандум ҳам месӯхту алафҳои тару хушк ҳам. Тракторон, ки алав аз трактори ӯ афтода будааст, аз тарс дар суроби девонаҳо буд. Қад-қади забонаи оташ боло медавиду поён. Дод мегуфту мегирист. Сар меканду мӯ. Одамони бисёрро дида андаке ба худ омад. То тавонистем, ӯро ором кардем. Хирманкӯбону чигинакашҳо низ расида омаданд. Ёд дорам. Як нафарашон Очилдии додари Зиёвиддин буд.

— Ҳама ба оташ часпидем, — ёдовар гардид акои Очилдӣ. — Обҳои оварда он қадар ёрӣ надоданд. Дигар чӣ карданамонро надонистем. Ҳама ҳайратзада ба оташ менигаристем. Забонааш лаҳза ба лаҳза баландтар мешуд. Зеро шамоли баъди пешин оғоз гардида, онро «пуф» мекард, аланга медод, барои «ҷаҳида» дуртар рафтанаш ёрӣ мерасонд. Ин буд, ки зуд ба қадду бар меафзуд, васеъ мегардид ва ҳама тару хушкро ба комаш мебурд.

«Ҳама маро гӯш кунед!» Дар ҳамин лаҳзаҳои пуризтироб садои ғулғуладори зане диққати ҳамаро ҷалб кард. Ин садои зани бригадир — аппаи Аноргул буд. Ҳама ҳушу гӯш ба ӯ шудем.

Ман бо акои Очилдӣ Ҳакимов ва дигарон дар рустои Авзикент ва Ҳасан Холов дар рустои Сасибулоқрӯзи 20-августи соли 1987 суҳбат доштам. Бо Қурбонбӣ Баротова рӯзи 21-ум ва Сангимурод Назароврӯзи 24-августи ҳамон сол дар рустои Қаҳрамон. Яъне, суҳбатам бо онҳо дар фосилаи 5 рӯз дар рустоҳои гуногун ба вуқуъ омад. Аммо ҳамаашон ҷараёни воқеаро тақрибан якхела баён доштанд. Лекин, акои Сангимурод ва Мирзоюсуф ҳолатҳои хомӯшкунии оташро бурротар, бо тафсилтар, ҳатто таҳлил кардаю гоҳҳо бадеитар намуда, ба шаддаи сухан кашиданд. Аз ин рӯ нигориши сухтори Арал минбаъд пурра ҳам набошад, бештар мувофиқ ба гуфтаҳои эшон баён мегардад.

— Задухӯрди оташу одам сония ба сония авҷ мегирифт. Аммо оби кӯза ё кӯзача ба як рехтан тамом мешуду ба масоҳати калони паҳншудаи оташ ва забонаҳои баланди он таъсире намекард, — ёдовар шуд акаи Сангимурод. — Ба болои ин, забонаҳои баланду сӯзон имкон намедоданд, ки об аз наздиктар рехта шавад. Ин бошад, боис мегардид барои бефоида истифода шудани об, ки миқдоран кам буд. Аз замини сахту хушк бо белу каланд хоки зиёд ҳам гирифта намешуд. Он чи ки мегирифтем ба оташи забонадор таъсире намебахшид. Хоки аз гандумзор гирифта бошад, бо танаю хӯшаҳои гандум меомад, ки вақти ба оташ партофтан, баръакс, алангаашро зиёдтар менамуд. Ин мушкилот ва саросемагӣ дар ибтидо сабаби номуваффақиамон гардид. Аз ҳаракатҳои тез, гармии сӯзони оташу офтоб, чангу дуд қобилияти одамон заифтар мешуд, хастагиашон меафзуд, яъсу ноумедӣ лаҳза ба лаҳза фарояшон мегирифт. Ин буд, ки оташ «завқ» мебурд, «ҳавасманд» мешуд ва боз ҳам бештар, босуръаттар, баландтар забона мезад, меҷаҳид, доман паҳн мекард, сӯзонтару ваҳмангезтар мегардид. Чунки ғаллазори баланду хушк, шамоли дашт, гармии рӯз аз ҳар ҷиҳат ёвариаш карда, барояш имконоти бештару мувофиқтарро фароҳам мекарданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои маъюсию қариб умедро аз даст додан садое баланд шуд:

— Ҳама маро гӯш кунед!

Ҳамагон ба ӯ нигаристем. Ҳамсари бригадир буд – Аноргул Расулова. Дар пойҳояш ниммӯзаи резинӣ. Поҷомааш даруни мӯза. Дар тан ҷомаи калтаи мардона. Мӯйҳояш зери матои зуд оташ намегирифтагӣ маҳкам, абрӯву мижаҳояш сӯхтаю ҷинҷ зада, тарҳи рӯяш аз гармии оташу офтоб суп-сурх, тори сару китфонаш пур аз чангу хокистар ва сӯхтаи гандуму хору хас.

Ҳушу гӯш ба ӯ шудем — давом дод акаи Сангимурод. — Холаи Аноргул бо овози бас баланду ҷарангосӣ гуфт:

Бо ин тарз мо ба оташ ғолиб омада наметавонем. Мардҳои белу каланддор! Онҳое, ки табару дос доред! – хитоб кард ӯ. — Ин асбобҳоятонро гирифта аз атроф, аз наздику дур зуд янтоқҳои сабзи ғафсбутта, ҷорӯбҳои баланди сабз, буттаҳои талхак, шохчаҳои газ, дарахтони дигар – ҳар он чи ки зуд даргиранда набошад биканед. Шумо «фалонӣ-фалониҳо» досҳоятонро гирифта бо онҳо равед, буттаҳои задаашонро бо химчаю бандинаҳо бандеду даста-даста карда, ба ин ҷо биёред! Дигарон, оби боқимондаро ба оташ нарезед, чилча ҳам накунед, фоида намебахшад, – бо хитоб гуфт холаи Аноргул. – Беҳтараш ҷандаҳо, тӯқуму ҷилди маркабу аспҳо, ҳар он чи ки обро меҷабаду дар худ нигоҳ медорад, тар кунед ва то омадани буттаҳои тар мо то метавонем бо ин усул пеши оташро мегирем.

— Дар ҳамон лаҳза ин амал ҷуръат, ҷасорат ва матонати бас бузург буд. Ифодагари кордонӣ, серғайратию нотарсии модари ту буд, — гуфт бобои Мирзоюсуф Ҳакимов. — Маҳз ҳамин ҷуръату ҷасорати ӯ нақши ҳалкунанда бозид. Зеро, мардумро руҳбаланду умедбахш кард. Агар ӯ дар ҳамон лаҳзаҳои бас ҳассос ва фавқулодааз худ чунин сифатҳоро зоҳир намекард, одамонро шердил наменамуд, имкон дошт, ки талафот ниҳоят зиёд шавад.

— Аз як дашти бисёр калон тақрибан 100 гектар — 50 гектар ғаллаю 50 гектар чарогоҳ сӯхту тамом, — гуфт акаи Сангимурод. — Имкон дошт, ки ин рақам ба садҳо, ё ҳатто ҳазорҳо гектар расад.

Бобои Мирзоюсуф давом дод:

— Маҳз тавасути зиракӣ, ҷуръату ҷасорати Аноргул Расулова ҷанги одаму оташ ба муборизаи шадидтарин табдил ёфт. Мардум дастаҳои аз буттаю шохчаҳои сабз бо маслиҳати ӯ тайёр намудаашонро нӯги ходаҳо, панҷшоху белҳо баста аловро саркӯб карданд. Ин тадбир натиҷаи хеле хуб дод.

— Завҷаи бригадир дар ҳолати фавқулода ҷуръату ҷассорати бисёр баланд нишон дод ва масъулияти роҳбариро амалан ба зиммаи худ гирифт, — дар идомаи фикри хеш гуфт акаи Сангинмурод. — Воқеан, чораи андешидаи ӯ натиҷаи хуб бахшид. Буттаҳои сабзу ғафс ва нисбатан дароз, ки мардум омода намуданд, асбоби хуби бастани роҳи оташ шуданд. Дар натиҷа имкони аз будаш беш паҳнгардии оташ барҳам хӯрд, ба боз ҳам васеъшавиаш роҳ дода нашуд. Аммо дар аснои афту дарафт бо оташ, андаке монд, ки фоҷиаи мудҳиш рух диҳад. Хайрият, ки занҳо диданду садо баланд карданд…

Ин тарафи воқеаро Қурбонбӣ Баротова ва худи модарам ҷолибтар, дақиқтар ва пуртаъсиртар нақл карданд:

— Ано-о-о-о-р!!! Сӯхтӣ-ӣ-ӣ-ӣ!!! Ано-о-о-о-р!!!

— Анор, дар байни ало-о-о-в!!! Анор, дар байни ало-о-о-в!!!

— Қурбоналӣ-ӣ-ӣ!!! Ту ҳам месӯзӣ-ӣ-ӣ!!!

— Ин садоҳо ману Қурбоналиро водор карданд, ки сар бардорему ба атрофамон нигарем.

Модарам он манзараи байни ҳаёту мамот қарор доштани худаш ва Қурбоналӣ Зоҳировро бо даҳшат, бо ваҳшат, бо воҳима не, балки бо ханда ёдовар шуд. Ҳамон вақт нафаҳмида будам ва ҳоло ҳам намефаҳмам, ки чаро ва барои чӣ? Шояд он лаҳзаҳоро ба ёд оварда, ба ҳоли оташ тамасхур мекард. Ё шояд зинда монданашро ёдовар шуда хурсандӣ менамуд?

— Сар бардошта дидем, ки дар ҳалқаи оташем. Мо ду нафар саргарми зада-зада рафтани алови пешамон, нафаҳмидаем, ки оташ чӣ тавр аз пуштамон гузаштааст. Дигар канӣ вақти андеша? Ҳар сония баробари ҷон. Аз пеш оташ, аз паҳлӯ оташ, аз пушт оташ. Ягона роҳи баромад — майдони аллакай сӯхтаи пурлахча. Тамом. Роҳи дигар нест. Мо бо суръати баланд гоҳ давидаю гоҳ хезак зада аз майдони пурлахча гузаштем. Ман ба назди одамон омада худро ба замин партофтам. Кафи пойҳоям даруни мӯза бо таври тоқатфарсо месӯхтанд. «Мӯзаҳоямро кашед» гуфта хоҳиш кардам. Қурбонбии очаи Муҳаммадғанӣ ва боз чанд нафари дигар онҳоро кашиданд…

— Мӯзаҳо аз пой ҷудо намешуданд. Резинии кӯтоҳсоқ, ки буданд, аз таъсири гармии лахчаҳо мулоим шуда, мисли сақич ба каф ва рӯйи пойҳои очаат часпида буданд, — ба ёд овард момаи Қурбонбӣ Баротова. — Ба ҳар ҳол онҳоро кашида гирифтем. Чанд ҷойи пӯсти пойҳо канда даруни мӯза монд. Обилаҳо бисёр буданд. Ҳолаташ пурра маълум гардид: Ба ҷонаш хатар таҳдид намекард. Қурбоналӣ, ки пойҳояш дар мукии тагаш ғафс пайтобапеч будаанд, қариб зарар надид.

Модари Аноргули ту қаҳрамон аст, — давом дод момаи Қурбонбӣ Баротова. — Чун дид, ки обилаҳо ва пӯстҳои кандаи пойҳояш ба ҷонаш ҳеҷ гуна таҳдид надоранд, мо занҳои дар наздаш бударо маҷбур кард, ки равему хомӯшкунии оташро давом диҳем. Мо ҳамин тавр кардем. Дар ҳамдастии якдигар дами оташро гирифтем. Ин замон аз рустоҳои нисбатан наздик — Умакай, Қарағоч, Қаҳрамон одамон расида омаданд. Аксарияташон ба хару аспҳо об оварданд. Акнун мубориза ба авҷи аълояш расид. Зеро ҳам об зиёд шуду ҳам одам. Имконияти ҷандаҳо, ҷили хару аспҳоро ба об тар намуда, ба сари оташ задан бештар шуд. Чанде пас калонҳои колхоз ҳам расида омаданд. Падарат Юсуф, ки бригадир буд, низ бо онҳо омад. Аз район ҳам одам буд. Лаҳзаи омаданашон аз ҷо-ҷойи майдони сӯхта танҳо дуд мебаромаду халос. Яъне, ки мардум худашон бе калонҳо ҳам оташро хомӯш карда тавонистанд. Аммо нақши модари ту дар ин кор бузург буд, ки ташаббусро ба даст гирифту мардумро роҳбарӣ кард…

*  *  *

— Хайр, давлат да. Суратама гирифтан хостанд. Дар газетаҳо навиштанӣ шуданд, — ёдовар шуд модарам. — Аммо отаат намонд. Ҳамашонро зиёфат дод, меҳмондорӣ кард. Аммо намонд, ки сурат гиранд, дар газетаҳо нависанд. Номус кард. Ба ҳамин ҳам нигоҳ накарда дар дарвозаҳо, тахтаҳои сари роҳҳо, бозорҳо, чойхонаҳо, клубҳо номама навишта, дар бораи кори кардаам ба мардум хабар доданд. Отаат рафта ҳамаашро канда партофт. Ба номам мукофот баромад. Намонд, ки рафта гирам. Бо калонҳо гапзанон кард, ки «Дар бораи зани ман гап назанед, ба маҷлису ҷамъомадҳо даъват накунед».

Ана ҳамин буд сӯхтори Арал ва гӯё корнамоии ман.

*  *  *

Модарам ба қиссааш итмом бахшид. Аммо хаёли ман банди чизи дигар шуд: Сӯхтор аз тракторе, сар задааст, ки барои пешгирии он гирди заминҳои ғаларо ҷуфт мекардааст. «Шиша сандон шиканад, атола дандон». Ин мақоли халқ ба ҳамин гуна ҳолатҳо бахшида шудааст. Бечораҳо сӯхторро пешгирӣ мекунем гуфта, худ сабабгори сарзании он шудаанд. Хуб, бигзор. «Қонуни палидию лаънат!», яъне, «закон подлости»! чунин аст. Аммо модари маро чӣ маҷбур карда, ки фикри зиндагӣ, фикри фарзандон, фикри модари пирашро накарда, ба маънои томи ибора худро ба оташ задааст?

Эҳсоси завҷаи саркор будану гӯё масъулияти бештар доштан? Эҳсоси ботинии қаҳрамонию корнамоӣ кардан? Ҳимоя намудани моликияти халқу давлат?

То кунун ҷавоб пайдо накардаам. Лекин дилам майл дорад бигӯям, ки «Ӯ дар ботин, — руҳу ҷонаш, мағз андар мағзи қалбаш хислати азалии корнамоию қаҳрамонӣ карданро доштааст. Вагарна бо пайдошавии аввалин имконият худ бехабар мардумро роҳнамоӣ карда наметавонист ва корнамоӣ содир наменамуд. Ин албатта хислати азалӣ ва худододиаш буд…

 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here