Намедонам, Маркс аст ё Энгелс ва ё каси дигар, замони донишҷӯиро «давраи тиллоии умр» номидааст. Дар ҳақиқат ҳам дуруст қайд кардааст. Дар ин бора мегуфтанд, мегӯянд ва хоҳанд гуфт.

Бобоям мегӯяд, ки замони донишҷӯӣ барои худро таъмин кардан ва бори дӯши падару модарро сабук намудан аз даст задан ба ин ё он кори музднок ор намекардааст. Ӯ баъди дарсҳо ангишткашонӣ мекардааст, аммо бо дидани суратҳои ҳамон вақтҳо гирифтааш бовари кас намеояд. Ба таъбири мо ҷавонони имрӯза, «причёска»- ашро мебинӣ, «дам мегирӣ».

Як шиноси дигарам нақл мекунад, ки сараввал мехостааст ҳуқуқшинос шавад, аммо якто чор ва сето панҷ гирифта, аз имтиҳон меафтад. Пасон ӯ мефаҳмад, ки дигарон бо сето баҳои чор сазовори номи донишҷӯ шудаанд. Ба зодгоҳ барнамегардад ва муддате хаткашон шуда кор мекунад. Боре бо ҷузвдони пури газетаву мактубҳо дар зимистон ба дасти сагҳои дайду низ меафтад. Руҳафтода намешавад ва билохира дар касби тасодуфан интихобкардааш шахси рақами як мегардад. Ҳол он ки, он замон, яъне даврони шӯравӣ, ободиву арзонӣ буд.

Намедонам барои онҳо замони донишҷӯӣ чӣ гуна буд, аммо барои мо дар ҳақиқат ҳам тиллоист. Агар шабе барои «Вайбер»-у «Одноклассники», «Инстаграм»-у «Ютуб» то 40-50 сомонӣ сарф накунем, хобамон намебарад. Махсусан агар ҳамон шабу рӯз ягон хонумаке, таннозаке, айёраке, маккораке, пулхӯраке дар фазои маҷозӣ ва воқеӣ ҳамнишину ҳамдамамон гашта бошад. Дар ин ҳолат селфиҳо барои як нафар не, барои ду нафар ва агар зарур шавад, барои дугонаҳо, ҳамсинфони «янгаи оянда» тавассути қимматтарин телефон дар он шабу рӯз сурат нагирад, хӯрдаамон дар танамон ош намешавад. Падарро маҷбур мекунем, ки маоши ҳаминмоҳаашро начакондаю нарезонда ва ягон тин нагирифта ба мо фиристад, то телефони навбаромадро аз ҳама пеш дар гуруҳ мо дошта бошем. Ба модар супориш медиҳем, ки нафақаашро ҷамъ кунад, то мо ноутбуки модели нав харем. Бо таксӣ ба дарс меоем. Чор нафар дар як таксӣ. Сӣ сомонӣ шавад, қариб ҳаштсомонигӣ меафтад. Мабодо дар хоб мондем ва рафиқони шафиқи мо аз мо пеш ба дарс рафтанд, чор саҳар аз баҳри тухму қаймоқ мегузарему аз қафо бо таксӣ соати дуюм расида меоем. Агар бо мошини ягон ҳамкурсамон ба дарс оем ё ба тамошо равем-ку, гапи дигар. Магар тиллоӣ нест ин давр?

Як шиносам фарзанди сеюми хонавода аст. Пеш аз ӯ ду бародараш, ки шароит надоштанд, дар ягон ҷой таҳсил карда натавонистанд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Чун орзуи ягонаи онҳо фақат хондан буд, аммо дасткӯтоҳӣ имкон надод ва ҳар сол маблағи ҳангуфти шартномаро ба донишгоҳ месупориданд. Аммо додаракашон бошад, кисаи ғафсу каллаи холӣ дошт. «Мансаб — либоси тирногузар» гуфта, аз кенҷагӣ будани худ сӯйистифода мекард. Чунин шахсон шишаеро мемонанд, ки андак таъриф кунед, сангро ҳам зада мешикананд. Гуфти гапҳо, ки аз ҳисоби акаҳояш «чарида» мегашт. Магар чунин зиндагии бофароғат давраи тиллоии умр нест?

Ишқ ку барои мо умуман як олами дигар. Аксари мо дар ин баҳри беканор ғӯттаварем. Барои мо фарқ надорад баҳр аст ё наҳр. Зарураш ҳамин ки, барои дӯсту рафиқон чизе барои худтаърифкунӣ дошта бошем. Дар ин маврид бузурге гуфтааст: «Ҷавонони донишҷӯ барои он бештар майл ба ишқ доранд, ки забони ишқ сарфу наҳв надорад». Кош ақаллан наҳв медошт, то даст аз сари сахташ бармедоштем. Аз сӯзи ишқ реп хондани 90%-и мо ҷавонон низ сабаб дорад. Ин ҳам вазн, радифу қофия надоштани ин навъи санъат аст. Албатта, чунин давр бешак тиллоист.

Мо дар ҳама кор пешқадам ҳастем. Ба ҳар кор, новобаста аз он, ки метавонем ё не, даст мезанем. Яъне ҳар кори нимбуд изи пойи андешаи ланг аст. Мо колбадеро мемонем, ки холист, ҷисме беруҳем ва аз ҳама чиз хайре ҳасту аз мо не. Мо монанди кундае ҳастем, ки кӯраш кардаанд ва хурсандем, ки акнун табарро намебинем.

Ифтихор ЮСУФӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here