Нафсу шайтон мебаранд аз роҳ туро,

То биандозанд андар чоҳ туро.

                                          Фаридуддини Аттор

Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонида, ӯро рӯ ба табоҳиву завол меорад. Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир, рӯ ба маргу табоҳиоваранда маҳсуб ёфта, инсонро ба фасодӣ, носолимиву беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонида, ҳастию ҷонро низ асос надониста, шахсияти хешро аз байн мебарад. Зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Ростиро баду бало нарасад,

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.

Нашъамандӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфӣ расонида, шахси муътодро ҷавонмарг месозад. Дар ин раванд якчанд сабабҳо асоси даст задани ҷавонон ба нашъамандӣ мегарданд:

– надоштани маълумот дар бораи маводҳои нашъаовар ва зарару оқибатҳои пас аз истеъмоли он;

– бекорагиву оворагардӣ;

– осон дастрас будани маводҳои нашъаовар;

– роҳҳои зиёди гирифторӣ ба ҳолати мастиву мадҳушӣ;

– ҳавасмандӣ ба ҳолати мадҳушӣ ва ҷустуҷӯи эҳсосоти кайфиятӣ ва ғайраҳо.

Нашъамандӣ охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI авҷ гирифта, ба мушкили аввалияи ҷаҳониён табдил ёфтааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин амал даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз надонистани оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу дигар ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, қисме ин гуна фардиятҳо бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдорашон огаҳие надоранд. Ин амали номалуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд! Пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ба бебақост.

Бадбахтона, имрӯз дар ҷомеаи мо заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фурӯши ин маводи зараррасон даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан-модарро, ки олиҳаи ҳусну малоҳат ва асоси ҳастии зиндагии мост, бештар паст менамоянд. Бехабар аз он, ки бузурге фармудааст:

Чун шутурмурғ бидон ин нафсро,

На кашад бору на парад ба ҳаво.

Ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандӣ ва дарёфт кардани он ба кадом қиммате набошад, барояшон ниҳоят зарур аст, дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ тамоми дороии хонаашонро мефурӯшанд. Бо ин кор зану фарзандон ё волидони хешро ҳатто хонахароб мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси як фарди нокасу беобрӯй ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора мегарданд. Мисли хору хаси замин поймол мегарданду пайвандон аз ҳастиашон шармсору безор.

Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз омоли номатлубу ношоиста ва маблағи номуроди нопок ба авҷ сар кашида, рӯзе валангор хоҳад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъмандист, рӯзе қурбонии кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва наздикони хешро шармсор мегардонад.

Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи куҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меорад. Ва иффат, покдоманӣ, дурустӣ, росткориву солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони саодатманди миллат абадан пояндаву пирӯз хоҳад монд.

Умедҷон ЮНУСАЛИЕВ

Добавить комментарий