Абӯ кӯдакиашро дар кӯча мегузаронду парвои дунё надошт, ҳатто аз андешаҳои зиёди кӯдакӣ нишастани офтобро ҳам пай намебурд. Аниқтараш, намехост ин лаҳзаро бубинад, чунки аз ғуруби офтоб нафраташ то ба дараҷае баланд мешуд, ки розӣ буд ҳамон лаҳза Худованд ҷони кӯчакашро гираду аз ин дунёи фонӣ халос шавад. Охир, ӯ медонист, ки пас аз нишастани офтоб Азроил омада ӯро мебараду дигар иҷозат намедиҳад, ки дубора ба кӯча барояд.

Азроил — ин апаи Абӯ, яъне Нишона буд, ки ҳамавақт химчаи тараш дар дасташ тайёр буду барои задани ӯ мешитофт. Аммо Абӯ дубора намехост ба хонаашон баргардаду азобҳояш сар шаванд. Ба хона барнагаштани бача чанд сабаб дошт. Сабаби аввал — ин бозӣ бо рафиқонаш дар кӯча буд, ки бо ӯ бозӣ мекарданду дар айни рафтан мегуфтанд, ки “ту як дам ист, баъди 10 дақиқа бармегардем”. Онҳо ба хона мерафтанду дигар намебаромаданд. Ҳоло бошад, аз ҳамаи рафиқонаш нафрат дораду намехоҳад онҳоро як лаҳза ба ёд ораду дардаш ӯро азоби руҳӣ диҳад.

Сабаби дуввум ин буд, ки ӯ ҳама рӯзро бо пойи луч дар хунукиҳо гузаронида, шаб бистари хобашро тар мекард. Ба тарии бистараш аҳамият надода, кӯшиш мекард, ки чашмонашро пӯшаду хобаш барад. Вақте ки хобаш барад, дигар хунук хӯрданашро намефаҳмид. Чунки бистари хобаш мисли пӯсти пиёз тунук буд. Чунин ҳолат ҳар рӯз такрор мешуд.

Вақте ки ӯ ин сабабҳоро нақл мекунад, чашмони нозукашро ашк намегузорад хушк бимонанд. Гиряҳои Абӯ рӯякӣ набуданд. Бале, намехост ба он хонае пояшро бигузорад, ки падараш барои ӯ дар вақти аз кор баргаштанаш, ақаллан як ширинӣ ҳам наовардааст. Намехост ба он хонае пояшро гузорад, ки бародари аз худаш як сол бузургтар бо ӯ задухӯрд мекунаду сару рӯйи ӯро хуншор месозад. Намехост он хонаеро, ки кенҷа гуфта, тамоми корҳои ба аҳли хонавода меафтодагӣ ба сари бачаи бечора мемонд, ба ёд орад.

— Оҳ, Худоҷон, чаро ман мисли бачаҳои дигари кӯча нестам? Чаро ҳама маро мезананд? Чаро пояфзолу хӯроки гарм надорам? Чаро падарам маро партофта рафт? Чаро маро модарам аз кӯча ба хона намебарад? Чаро…?

Ҳамин тавр, зиндагии Абӯ қариб 10 сол давом карду ӯ ба синни 17 қадам монд. Ҷӯраҳояш чӣ дар мактаб ва чӣ дар кӯча мегуфтанд, ки «мо ба фалон духтар ошиқ шудаем». Якеаш мегуфт «ин 3-юмин духтар аст, ки ман ошиқ шудам». Дигараш мегуфт, ки «ээээ ҷӯра, аз ман ҳисоб надорад».

— Ман ҳам бо ғурури баланд фарёд зада гуфтам, ки ман ҳам ошиқ шудаам. Ошиқи нафаре, ки дар зиндагиям… Маъшуқаам яктост дар ҷаҳон, мислашро намеёбӣ. Ӯ мисли ҳаво ба ман лозим аст. Зебогияш мисли моҳи шаби 14. Ҳар гоҳе дар бораи ӯ фикр мекунам, баданам ба ларза меояд. Ман орзу дорам, вақте ки бо ишқам рӯ ба рӯ шавам, ҳамин тавр ҳиссиёт маро зер кунад. Мутассифона, то ба ҳол ӯро надидаам. Аммо аз рӯйи аксаш гуфта метавонам, ки аз гуфтаҳои ман ҳам зиёд арзиш дорад,- гуфт Абӯе, ки дар ҳасрат буд.

Ӯ як-як дафтари хотираҳоро варақ мезад: “Як шом дар гирди дастархон бо аҳли хонавода нишаста будем. Дар рӯйи суфраи мо танҳо нони қоқ буд, ки онро дар об тар карда мехӯрдем. Аз гуруснагӣ бароям мисли кабоб мазза медод. Пас аз чанд лаҳза як зани тақрибан 35-40-сола ба хона бе ягон огоҳӣ ворид шуд ва ҳамаи хонавода ба пешвозаш хестанд, ба ҷуз ман. Дар ҳамин ҳолат Азроил (Нишона) бо чашмони ашколуд ба сару пойи зан нигоҳ карду гуфт: “Модарҷон”. Ва онҳо якдигарро оғӯш карданд. Ба гӯшҳоям бовар намекардам, ки ишқи ман, фариштаи руъёҳои ман, зиндагии ман баргаштааст. Ӯ барои беҳтар намудани зиндагии ман ва бародару апаам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Баробари ворид шудан садои хандаю сур ба арш мерасид ва ман аз омадани модарам ниҳоят хурсанд будам. Ногаҳон модарам аз ҷузвдони худ туҳфаеро баровард ва бо садои баланд чунин гуфт: «Ҷигарбандам! Ин лаҳзаро дер боз интизор будам. Зодрӯзат муборак!».

— Модарҷон, дигар намехоҳам моро партофта равӣ. Ту рафтиву падарам ҳам рафт, умедворам ӯ ҳам як рӯз бармегардад.

Акнун бо омадни модар ҷаҳони кӯдак куллан дигар шуд. Оғӯши ӯ ба монанди сипаре буд, ки фарзандҳояшро аз ҳар ноҷурии зиндагӣ эмин нигоҳ медошт. Бо модар будан барои онҳо кофӣ буд. Хушбахтиро дар ҳамин медиданд.

Аминҷон Раҳматзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here