Ихтиёр Кошифӣ дар машварати омӯзгорони ноҳия маърӯзаи хуби пурмуҳтавое кард. Баромадаш хушку холӣ набуд, балки бо воситаҳои аёнии зебову бамаврид оро ёфта буд. Муҳим он буд, ки дар суханрониҳояш ҷумлаҳои обшустаи “Муаллим бояд нағз тайёрӣ бинад”, “Бо падару модарон алоқаро зич бояд кард”, “Аҳли ҷомеа низ ба таълиму тарбия ҷалб карда шаванд” ва монанди инҳоро истифода набурдааст, балки гуфтааст: “Ман ҳар рӯз ба дарсҳо ана ин тавр тайёрӣ мебинам”, “Ба хонаи фалон-фалон шогирдонам рафта, бо волидонашон суҳбат мекунам”, “Дар маъракаву ҷамъомадҳо бо суханҳои мушаххас мардумро ба масъалаи маориф ҷалб менамоям” ва ғайраҳо. Дар маърӯза инчунин намунаи як соат дарсашро мисол овардааст, ки барои такмили маҳорати методии омӯзгорони дигар басо муфид буд. Бале, методика дарси намунавӣ аст, на гапҳои умумии забонзада.

Алғараз, маърӯзаи муаллим аз ҷониби омӯзгорони ноҳия, мушовирону нозирони шуъбаи маориф баҳои баландро сазовор гардид. Дарсҳои Ихтиёр Кошифиро маъмурият, омӯзгорони муассиса ва омӯзгорони мактабҳои дигари ноҳия ба мушоҳида гирифта, ҳангоми таҳлил ба хулосае омаданд, ки муаллим ба дарёфти мукофоти арзандатаре пешниҳод карда шавад.

Ҳама интизор буданд, ки ба наздикӣ Ихтиёр Кошифӣ бо мукофот сарфароз гардонда мешаваду ӯ илҳом гирифта, ба неруи дучандон ба кор мечаспаду дар фаъолияти педагогияш эҷодкориҳои нав ба нав ва навовариҳои тоза ба тоза мекунад. Вале гапи хона ба бозор рост намеомадааст ва доя мегуфтааст, ки ин гаҳвора маро ношуданист. Яъне ба бозор мераведу мехоҳед, ки чизи даркориятонро бихаред, вале тарбузатон аз бағалатон меафтаду ду бӯлак куҷо? Пора-пора мешавад! Як моҳ гузашт, ду моҳ гузашт ва моҳҳои минбаъдаро низ нигоҳ доштан амри муҳол буд, мегузаштанду мерафтанд. Бархе аз ҳамкасбони дилсӯз ба шуъбаи маориф омада арз карданд, ки чаро ба омӯзгори ҷавони ихтироъкор туҳфа дода намешавад. Кормандони шуъба гунаҳгор набуданашонро бо мисолҳои равшан ба исбот расонданд. Онҳо гуфтанд, ки аз ҷониби маъмурияти мактаб бояд ба таври хаттӣ пешниҳод ё худ дархост ворид шавад, ки фалонӣ ба подош сазовор аст. Ба маъмурият муроҷиат карданд, маъмурият дар ин ҳолат гӯё мум газида буд. Директор ва ҷонишинҳо мисли пештара нимғурма “Дида мебароем” мегуфтанду дар ин мавзӯ суханро ба дарозо кашидан намехостанд. Дар ин муддат ду нафар муаллим сазовори мукофот шуданд, ки маҳорати педагогияшон аз қаҳрамони мо паст буд. Чанд омӯзгор боз ба назди маъмурият шитофтанд. “Маърӯза нуқс дорад” гӯён яке аз ҷонишинҳо яхи хомӯшии асроромезро шикаст. “Чӣ хел нуқс? Камбудӣ дар куҷои маърӯза аст?” пурсон шуданд ҳама ва чунин посух шуниданд: “Он маърӯзаро бо маърӯзаҳои дигарон муқоиса кунед, он вақт айбу норасоияшро мефаҳмед”… Маърӯзаҳои дигаронро хонданд, ҳама гапҳои тумтароқи пурвоҳима, такрори тарҷумаи ҳоли олим асту асарҳои навиштааш, тамом,  ягон нишондоди методӣ нест, ҳайрон шуданду ба муовини сардор нигаристанд. Ӯ таъкид кард: “Барои фаҳмидани ин маърӯза калла даркор, на салла! Бо диққат нигаред, баъд мефаҳмед, ки айб дар ош аст ё мош!”. Бори дуюму сеюм “Маърӯзаи таърифӣ”-и муаллимони подошгирифтаро аз назар гузаронданд ва оқибат ба ҷумлаҳое, ки пеш он қадар эътибор надода буданд, чашмашон афтид, ки дар зерашон бо қалами сурх хат кашида шуда буд: “Бо ҳидояти директори муҳтарамамон Калонтаровичи азиз мо ба ҳамин дараҷа расидем”, “Калонтаровичи гиромиқадр педагоги барҷастаанд, ба дарсҳо даромада, биринҷро аз курмак фарқ карда метавонанд”, “Муҳтарам Калонтарович ба ин маърузаи ман баҳои баланд доданд”…

Ҳаким АЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here