Касбу ҳунар вожаҳои ба ҳам монанданд, вале дар айни замон аз якдигар бо хусусиятҳои ҷудогона фарқ мекунанд. Шахс метавонад соҳиби якчанд касбу ҳунар бошад. Тавре дар урфият мегӯянд: “Барои як мард чил ҳунар кам аст”.

Шахси ҳунарманд дар ҷамъият мақому мартабаи хоси худро дорад. Касбу ҳунар мисли хазинаи тамомнашавандаест, ки мо ҳар лаҳза метавонем аз он истифода барем. Шоире гуфтааст:

Ҳунар омӯз, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Дар дунё ҳазорон намуди касбу ҳунар мавҷуд аст. Ба монанди ҳунари дӯзандагӣ, пазандагӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ ва дуредгарӣ. Касб бошад, духтурӣ, муаллимӣ, муҳандисӣ, рӯзноманигорӣ ва ғайра.

Ба ёдам ҳаст, вақте хурд будам, муаллимаи синфи аввалиам талабаҳоро якто-якто хезонида мепурсид, ки “дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?”. Яке мегуфт, ки судя мешавад, дигарӣ мегуфт “милиса мешавам”, сеюмӣ мегуфт “прокурор мешавам”. Ман ба суоли муаллима ҷавоб додам, ки “калон шавам, актёр мешавам”.

Вақте дар синфи 10-ум мехондам, Гӯшаи Амрикоӣ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб барои наврасоне, ки журналист шудан мехоҳанд, озмуни “Journalism Club” эълон кард, ки сарпарастиашро Сафорати ИМА бар уҳда дошт. Ман ҳам дар ин клуб номнавис кардам. Тӯли шаш моҳи хониш дар ин клуб аккосӣ кардан, навор гирифтанро ёд гирифтам. Иловатан, дар ҳамин клуб оид ба сохтори хабар (саволҳои кӣ?, чӣ?, кай?, дар куҷо?) маълумот пайдо кардам.

Ба ноҳияи Восеъ ва боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб барои тамошо рафтем ва ҳангоми сайру саёҳат наворҳои ҷолибе бардоштему мавод иншо намудем. Дар охири клуб озмуни акс ва видеои беҳтарин эълон карда шуд. Дар ин озмун сабти видеоии ман ҷои аввалро гирифт. Видеои ман дар мавзуи “Норасоии об дар деҳот” буд. Ман хостам, ки бо ин видеои худ мушкилии деҳотро ба мардум фаҳмонам. Кӯдакон барои об овардан масофаи зиёдро тай карда, ба мактаб рафтан дер мемонанд. Ин мушкилотро бояд ба самъи масъулин расонид. Ба шарофати лоиҳаам бо туҳфаҳои хотирмон ва диплом мукофотонида шудам. Ин музди аввлини ман дар ин соҳа буд. Вақте ки ҷои аввалро гирифтам, ба худ ваъда додам, ки дар оянда журналист мешавам. Инак, ду сол аст, ки аз рӯи ҳамин ихтисос таҳсил карда истодаам. Бисёр чизҳоро омӯхтам ва аз интихобам пушаймон ҳам нестам.

Дар Гӯшаи Амрикоии шаҳри Душанбе дар “Podcasting Club” иштирок карда, фаҳмидам, ки подкаст чист. Акнун мехоҳам подкастро дар Тоҷикистон тараққӣ диҳам.

Сафорати ИМА барои донишҷуён, омӯзгорон ва нафароне, ки худро дар журналистика дидан мехоҳанд, барномаи “Central Asia Journalism Summer Institute” эълон кард. Ман ва якчанд ҷавонжурналистони боистеъдод ҳамчун намоянда аз Тоҷикистон интихоб шуда, ба Бишкек сафар кардем. Дар давоми як моҳи хониш дар ин барнома жанрҳои журналистӣ, аксбардорӣ, наворбардорӣ ва дигар махсусиятҳои кори журналистиро омӯхтам.

Ман бо дохил шудан ба журналистикаи касбӣ мехоҳам бештар аз мушкилоти омма мавод омода созам, пасон жанру усулҳои пешрафтаеро, ки дар мамолики пешқадам роиҷанд, дар худамон ҷорӣ кунам. Агар ба пешаи журналистӣ содиқ бошем, эҳтиёҷоти иттилоотии ҳамватанонро бароварда кардаву ному нон ҳам ёфта метавонем.

Аминҷон РАҲМАТЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here