Ҳамин табиати мо рафта-рафта айнан ба мардуми Аврупо монанд шуда истодааст. Мисоли оддӣ аз зиндагии рӯзмарра мегирем — пӯшидани либосҳои ғалатӣ байни ҷавонон расм шуда, тарзи зиндагӣ гӯиё маҷрои нав гирифта, феълу муомила бо калонсолон тағйир ёфта, гӯш кардани сурудҳои пасти бегона мӯд гардида, шумори ин тақлидҳоро метавон боз давом дод. Аҷабо, чаро мо корҳои номатлуби хориҷиёнро дида ранг мегирему ба фаъолияти навовариву кашшофиашон, ки маҳсулаш дар тамоми ҷаҳон шону шуҳрат меёбад, пайравӣ намекунем? Лол мемонем! Ниёкони мо гуфтаанд, кихалқро тақлидашон барбод дод!”. Аҳволи мо чӣ мешуда бошад?

Ҳини сайр дар Душанбешаҳр бо ҳаводиси гуногун рӯ ба рӯ шудан мумкин. Боре дар истгоҳи “Боғи устод Рӯдакӣ” автобуси №8-ро мунтазир будам, ки чанд тан одамон сагчаҳои хушзотро арғамчин баста, баробарашон медавиданд. Пештар чунин манзараро дар филмҳои хориҷӣ медидем. Автобус чун ҳарвақта дер кард ва дар истгоҳ одамон тӯда шуданд. Аз тарафи рости истгоҳ як гуруҳ ҷавонҳо меомаданд ва яке аз онҳо ресмони нӯхтаи саги бадҳайбатро, ки гӯшаш буридагӣ буд ва онро одатан ба забони ом саги “Алабай” мегуфтанд, дошта меомад. Сагро бинед, ҳайрон мешудед, рангаш хокистарранг, қадаш аз рӯйи тахмин 70- 80 см мебаромад, башараашро дида, саги ҷангӣ мепиндоштеду ваҳме андарунатонро зер мекард. Эҳа, ҳашаммати по монданашро намегӯед! Забони суп-сурхи овезонаш, гӯиё, ташнаи хун буданашро нишон медод. Сигнали гӯшхароши мошинҳо аккоси ҳавлангези вайро номаълум мекард…

Соҳибони саг ҳам, гӯё автобусро интизор буданд, ки дар истгоҳ омада таваққуф карданд. О, мо ҷавонони ҳангоматалаб набошем, ки ҳама чорчашма ба онҳо дида дӯхтем. Дар истгоҳ соҳибони саг бо як гуруҳ рафиқонашон вохӯрданд ва онҳо ба палмосидани ҷондор гузаштанд. Авзои саг ҳам беҷо шуду ба ҷунбуҷул даромада монд. Яке аз он ҷавонҳо чолокӣ нишон додан хосту бо саг часпочаспиро сар кард. Саг хез мекарду панҷаашро ба шонаи ҳариф мепартофт, бача ҳам вайро аз гарданаш дошта, ба ғалтонданаш зӯр мезад, аммо саг тан намедод… “Гӯштингир” саги ҷаҳандаро аз каллааш дошта, ғурғуркунон гуфт: “Урааа, Ҳабиб Нурмагамедов-ввв! Порье бой дод!!!”. Ҳама ба гапи ӯ завқ бурда ҳаёҳу мебардоштанд ва гӯё барои пешвози ғолибият якзайл ҳуштак мекашиданд.

“Гӯштингирӣ” бо Алабай диққати ҳамаро ба худ кашид, ҳатто як-ду хориҷиён ҳам он ҷо буданд ва ин ҳодисаро бо гаджетҳои худ сабт карданд. Онҳо дар бораи мо чӣ мегуфта бошанд? Агар онҳо наворро дар торнамо паҳн кунанд, чӣ гуна гапу калочаҳо мешудагист?

Ман ба ҳамин ҳодиса баҳои манфӣ дода, ба хулосае зерин омадам. Наход мо зӯрамонро ба ҳамин корҳои ношоям сарф кунем, боз дар назди майдони марказӣ чунин номаъқулиҳо нишон диҳем!? Агар нерӯ дошта бошем, бо ҳунару истеъдоди ғайричашмдошт дар кӯчаҳои марказии шаҳр хориҷиёнро мот созем, онҳо ангушти ҳайрат газанд, ки мо ба чӣ корҳо қодирем! Оё метавонем?

Файзуллохон ОБИДОВ

Добавить комментарий