Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Ҳеҷ гоҳ сухани не ё инкору радду бадалро аз забони эшон касе нашунидаасту агар ҳаёт чунин давом ёбаду кор чунин идома дошта бошад, шунидан ҳам ғайриимкон мегардад.

Ба қавли мӯйсафедони солхӯрдаву рӯзгордидаи Гулобод, ки чандин курта, ё шояд чандин ҷома пеш дарондаанд, мардуми Гулобод «молҳои явошанд». Дар тӯли ҳаёт мардуми Гулобод хотиру табъи нозуки касеро, махсусан, зимомдорони вақтро наозурдаанд. Эшон шиори хуберо низ сармашқи кору пайкори хеш медонанд ва мувофиқи он, ки чунин садо медиҳад: «Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан», амал менамоянд. Бовар кунед, пиндори нек асту гуфтори нек ва ҳатман, дар пайи он рафтори нек. Ё шояд ба андешаи бархе «кӯтоҳандешон» давлатмардони гулободӣ бо зинаҳои болоӣ чун сагу гурба бошанд? Ҳеҷ гоҳ. Ба кӣ мефорад аз боло гап шунидан? Беҳтар аст, ки чорқат шуда хӯш гӯянду ҳамаро болои халқи Гулобод бор кунанд. Зеро халқ қувваи бузург асту сӯзад ҳаму созад ҳам, ба гуфтаву фармудаҳои эшон сар мефурорад. Ҳамзамон ихтисоси дуюми ин неоагрономҳо моҳигирист, ки танҳо бо обро лой кардан метавонанд моҳӣ доранд, ҳатто «моҳичаи тилло».

Маҳз ана ҳамин чорқатшавиву шашқатшавӣ имрӯз дар соҳаи кишоварзии Гулобод ба ҳукми анъана даромадааст. Агар имрӯз аз агрономҳои Гулобод оид ба парвариши меваҳои ситрусие, ки танҳо дар Ҳиндустону Арабистон парвариш меёбанд, суол карда шавад, ки имкони дар Гулобод парвариши намудани ин намуди меваҳо оё бошад, ҳатман эшон якдилона бо як овоз, ки ба овози депутатҳои гулободӣ монанд аст, тасдиқ менамоянд. Раис хурсанд бошанду аз фаъолияти агрономҳо қаноатманд бошанд, бас. Ин амали неоагрономҳои гулободӣ латифаи «Агар раис гӯянд, ки тимсоҳ мепарад, ҳеҷ гоҳ не нагӯй, баръакс тасдиқ намуда, гӯй, ки мепараду пасттар»-ро ба хотир меорад. Ҳатто эшон то ба ҳадде «гапгир» ҳастанд, ки агар дастандаркорони гулободӣ гӯянд, ки ба ҷойи чорводорӣ аз Қутби Шимол пингвин оварда, ба пингвинпарварӣ бояд машғул шуд, ин неоҳо ҳатман рисолаву мавъизае оид ба манфиати гӯшти пингвину сердаромаду камхарҷ будани он тайёр намуда, кафки даҳонро пош дода, «презентатсия» мекунанд.

Дар ҳақиқат имрӯз дар Гулобод чунин аст. Новобаста аз он, ки дар иқлими Гулобод, ки ҳарорати ҳаво аз +25 то +45 дакка мехӯраду имкони парвариши картошкаро надорад, розӣ мешаванд, ки ба картошкапарварии саросарӣ машғул шаванду новобаста аз ҳосили пасте, ки ҳатто барои ҷуброни хароҷоти кишту нигоҳубини картошка намерасад, ба даст овардаашонро «сари кафида таги тоқӣ» гӯён барои ризогиву хурсандии давлатмардон баланд нишон диҳанду ҷашну суре ташкил намуда, боз хурсандӣ ҳам намоянд. Бо чунон изофанависие оид ба масоҳати кишту ҳосили картошка ҳисобот медиҳанд, ки ҳатто дар давраи шӯроҳо ин гуна изофанависӣ набуд. Агар Гдляну нафари дигаре, ки изофанависиро, ки дар ҳамсоякишвари Гулобод ҷой дошту санҷида буданд, имрӯз сари вазифа мебуданд, аз ин амали гулободиҳо ангушти ҳайрат мегазиданду ягон коре барои фош кардани ин изофанависӣ карда наметавонистанд. Лекин агар Сталин мебуд, ҷойи картошкакории неоагрономҳои Гулободро дар Сибир муайян менамуду заминҳои бисёреро барои муддати тӯлонӣ бе пардохти иҷорапуливу андози замин ба эшон ҳадя менамуд. Чун сиёҳзамин асту каланд кардану нарм намудани замини кишт он ҷо зарурат надорад, хеле кайф карда картошка мекориданд.

Аммо ин неоагрономҳои маҳаллӣ медонанд, ки алаф барои мардуми Гулобод ягон фоидае надорад ва халқ гӯсфанд несту алаф хӯрда наметавонад. Бинобар ин, майдонҳои алафзорро, ки ба деҳқон фоидаи бисёр меорад ва даромади бисёр хилофи кодекси ахлоқи бунёдкори коммунизм аст, вайрон намуда, картошка кишт менамоянд ва бедаро барои парвариши чорво аз ҳамсоякишвар бо нархи гарон харида, ба парвариши чорво машғул мешаванд, ки нархи гӯшти чорво бо суръати кайҳонӣ боло меравад. Ин амали эшон як тиру ду нишонро мемонад, ки аввалан, ҳаққи ҳамсоягиро риоя намуда, барои некӯаҳволии ҳамсоя кӯшидан амали савоб аст, баъдан, барои саломатии мардуми Гулобод мекӯшанду зидди истеъмоли гӯшти чорво, ки холлестерини зиёд дораду боиси бемориҳои зиёд мегардад, чорабиниҳои фавриро роҳандозӣ менамоянд. Бар замми ҳамаи ин, мардуми Гулобод хеле тақводоранд ва сухани Одамушшуаро — «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…» ҳамеша мадди назарашон аст. Аз ҳамин сабаб заминҳои гандумро низ вайрон намуда, картошка кишт менамоянд, чунки маҳз гандум буд, ки бобокалони калонамон Ҳазрати Одам бо хӯрдани ду гандум аз Биҳишт ба Замин ронда шуданду мабодо неоагрономҳои Гулобод боз гандум коранд, ба Мирриху Марс ронда мешуда бошанд, ё сайёраи дигар, дар таҳлукаанд.

Ҳамаи ин «киштгардониҳо» аз «дараҷаи баланди тахассусии» неоагрономҳои Гулобод дарак медиҳад, ки ба гуфти занҳои лаби об, «харро хандаву бузро бозӣ»-ро мемонад. Бар замми ҳамаи ин, асноду далеле, ки оид ба ҳосили ба даст омада пешниҳод менамоянду ваъда мекунанд, кас беихтиёр худро дар олами тахайюлии Сен Симону Шарл Фуре ва Оуен тасаввур менамояд.

Шояд эшонро зарур аст, то назди пирони кишоварзӣ муддате шогирд истанду таҷриба андӯзанд ва санҷанд, ки боду ҳавои Гулобод ва хоки он ба кишти кадом навъи зироат мусоидтар асту манфиатовар. Баъдан мағзи ҳам худу ҳам мардуми Гулободро бо ҳар гуна неозироатҳои беманфиат олуда накунанд. Вале барои тоза сохтани мағзу руҳи бо хуш гуфтану чорқату шашқат намудан олудаи неоагрономҳои гулободӣ бояд аз истифодаи химикатҳое кор гирифт, ки аз химикатҳои зидди ҳашароти зараррасони картошка пурқувваттар бошанд. Шояд баъди поксозии мағзу руҳ бо хоббинии картошка қаноат варзанду бори гаронеро, ки бар дӯши мардуми Гулобод гузоштаанду мегузоранд, сабук созанд.

Ҳамчунин, шояд мардуми Гулободро низ вақте расидааст, ки ба кишти зироати озмудашуда пардозанд. Албатта, боварии комил дорем, ки рад намекунанду не намегӯянд, зеро аз инкор фарсахҳо дуранд.

 

Бахтиёри ГУЛОБОДӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here