Ба пиндори аксари ҷавонон, дунёи ҷавонӣ бо шӯхиву хуррамӣ зеб дорад ва эшон дар иртибот ба ин ногузир ҳам медонанд, ки дар мавсими тиллоӣ мудом давр ронда, комронӣ намоянд. Аммо тоифае, ки аз мактаби зиндагӣ сабақ гирифтаанд, дар ҳама маврид аз ҳад нагузарониданро авлотар медонанд.

Феълан эҳсос мешавад, ки насли ҷавон майлу иштиёқашонро ба эътидол оварда наметавонанд. Дар ин сурат саволҳое ба миён меоянд, ки маҷмӯан ҷиҳати сохтани шахсияти худамон даст меёбем ва ё насли бузургсол метавононад аз мо бӯйи умед кунанд? Назари бузургсолон  перомуни  ҳаёти ҷавонон ва баҳои онҳо ба пасояндагонашон чи гуна бошад? Айни муддао хоҳад буд, агар бо онҳо гуфтугӯ карда, андешаашонро маърифат намуда, дар ҷодаи ҳаёт аз рӯйи он амал бикунем.

Вақте бо декани факултети журналистикаи ДМТ Саъдӣ Исматов ҳамсуҳбат шудем, ӯ ҷомеаро ба дарахт шабоҳат дода, ҷавононро шохаи сабзи он донист. Номбурда гуфт, ки озодии мутлақ дар ҳеҷ куҷо нест ва озодӣ бидуни масъулият низ ба нафъи ҷавонон нахоҳад буд. “Чун ҷавонон дар ҷӯшу хурӯшанд ва ҳама вақт озодиву мустақил буданро тақозо мекунанд ва рафту саҳван ба ягон хатои ҷиддӣ роҳ диҳанд, якумр доғе дар бадани сафеди афкорашон боқӣ мемонад, аз ҳамин нуқтаи назар, озодиро дар доираи қонун тарафдор ҳастам”,- афзуд дотсент Саъдӣ Исматов.

Эҳтимол аст, ки афзоиши бемайлони қонуншиканӣ ва зуд — зуд ба рафтори нохушоянд даст задани ҷавонон аз озодии бидуни масъулият бошад. Борҳо мушоҳида шудааст, ки бархе аз соддалавҳон бо истифода аз озодии мавҷуда ба сари фармон менишинанд ва мӯҷиби рух додани ҳодисаҳои фалакотбор мешаванд. Ба эътибори ҳамин нукта гуфтан равост, ки озодии бидуни масъулият бар зарари ҷавонон аст ва яқин, ки дар ҳоли ба чунин озодӣ мувоҷеҳ нашудан, аз бисёр вартаҳо имкони халос хӯрдан пайдо мекунанд.

Алъон нуктаи шиоргунаи “ҷавонон — нерӯи фаъоли ҷомеа” бисёр шунида мешавад ва ин то куҷо аз тарафи ҷавонон собит шуда истодааст, доир ба ин фикри собиқадори соҳаи матбуот ва устоди кафедраи матбуоти факултети журналитикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзодаро шунидем: “Бале, чунин мегӯянд. Вале аз гуфтор то кирдор тафовут ҳаст. Албатта, ҷавонони имрӯза аз насли мо дида серҳаракат ҳастанд. Орзуву худхоҳӣ ва худнишондиҳӣ дар онҳо бештар аст, ин чизи хуб аст, албатта, чун замон замонест, ки ҷавонон бояд дар ҳақиқат пешрави ҷомеа бошанд. Вале дар мисолҳои мушаххас гуфтанӣ шавем, як тазодеро мебинем. Ё агар барои худро нишон додан дар масъалаҳои худӣ бошад, ҳар кас худро меҷӯяд ва мехоҳад, ки зиндагии хубтар дошта бошад, аз як ҷиҳат ин хуб аст. Вале вақте ки паҳлуи дигари инро мегирем, ҷавонон барои ҷомеа чӣ карда метавонанд, он нерӯи худро барои манфиати ҷомеа то куҷо истифода мекунанд, дар ин масъала ман то имрӯз мисоли хуб, мутаассифона, оварда наметавонам”. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони ҳозира “худам” мегӯянд ва ё дар масоҳати тафаккурашон танҳо “масъалаҳои худӣ” фаҳму идрок мешаваду бас. Бо назардошти он, ки насли калонсол “нерӯи фаъоли ҷомеа” будани насли навро зери гумон гузоштаанд, ин чиз бояд дар вуҷуди эшон таконеро ба вуҷуд орад, то назари боэътимоди бузургсолонро ба вуҷуд оварда тавонанд. Қироншоҳ Шарифзода муътақид аст, ки дар тамоми давру замон ҷавононро барои он ояндаи хештан мегуфтанд, ки онҳо барои оянда талош меварзиданд, на танҳо ояндаи шахсӣ, балки барои ояндаи беҳбудии ҷомеа ҳиссагузор буданд.

Муовини декани факултети журналистика оид ба таълим Беҳрӯз Шукруллоев роҷеъ ба вазъи руҳиву равонӣ ва иқтисодии ҷавонон баён дошт, ки бархе ҷавонон бидуни он ки дар сар андешанд, ки чӣ дастовард доранд, то дар ҷомеа муаррифӣ карда тавонанд, ҳанӯз ба кор шуруъ накарда, роҳи ба даст овардани сармояро меҷӯянд. Ӯ мегӯяд, вақте як ҷавони ҳушманд думболи маблағ меравад, пеш аз ҳама тавонмандии худро, боястӣ, нишон дода тавонад, ба қавле дар кори худаш беҳтарин бошад. Камбудии асосии ҷавононро Беҳрӯз Шукруллоев дар надоштани барномаи амал медонад. Вай лозим мешуморад, ки барномаи амал барои як ҳафта, як моҳ, як сол тарҳрезӣ шавад ва барномаи амалро як нафар аз ҷониби худаш назорат бубараду бетаъхир тадбиқ намояд, албатта, дар дилхоҳ соҳа чеҳраи муваффақ буда метавонад. Ҳавас бар ҷавонон айб нест гуфтаанд. Аз ин хотир, ҷавонҳое, ки дар сар фикри сарватманд шуданро мепарваранд, аммо мутахассиси хуб нестанд, ҳанӯз фурсат ҳаст, ки орзуи худро амалӣ намоянд.

Дарвоқеъ, барои ҳаматрафа нишон додани худ воситаҳо зиёданд. Масалан, аз рӯйи гуфти онҳо, ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҷое фаъоланд ва дар атрофи масоили мухталиф назари худро иброз мекунанд, аммо дар рӯзгори ҳамарӯза тамоман манзараи дигареро мебинанд. Мағзи гап дар ин аст, ки ҷавонон бештар дар гуфтор фаоъоланд, аммо амалан на он қадар қонеъкунанда. Боз ин гувоҳӣ бар он медиҳад, ки барномаи ҳаракати аксари ҷавонон суст ё умуман бенатиҷа аст.

Устодони рӯзгордида, ки ҳар нуктаашон барои шогирдон раҳнамун аст, ба гунаи тавсия ва ё ки хоҳишу орзу аз ҷавонон ҳаминро талаб намуданд, ки ҳарчи бештар хонанд, ҳарчи бештар омӯзанд, чашмашон боз бошад, дилшон боз бошад, мафкураву тафаккурашон озод бошад. Яъне, ба ҳар як зуҳурот аз нуқтаи назари манфиатҳои ояндаи ҳамин миллату ҳамин давлат назар кунанд.

 

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here