Чанд рӯз пеш дар сомонаи радиои “Озодӣ” иттилоот таҳти унвони “Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт. Роҳрӯбону ронандагон якдигарро айбдор мекунанд”, нашр шуд, ки дар он вазъи кунунии шоҳроҳи Душанбе-Рашт меҳвар маҳсуб мешавад.

Дар гузориш минҷумла зикр шудааст, “Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он шикоят мекунанд, ки ду рӯзи ахир дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт банд монданд ва касе ба додашон намерасад. Ин ронандаҳо, ки байни онҳо тоҷирони қирғиз ҳам ҳастанд мегӯянд, ба далели барфрезии зиёд дар масири наздик ба деҳаи Алигалабон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дармондаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки роҳ бо айби ронандаи як мошини борбар банд шудааст.Бино ба гуфти манбаъ, “Гурӯҳе аз ронандагон рӯзи 22-юми январ бо Радиои Озодӣ тамос гирифта ва гуфтанд, ки дар қисматҳои мухталифи ин шоҳроҳ ҳудуди 20 мошини боркаш банд мондааст. Ба гуфтаи ронандаҳо, баландии барф дар ин роҳ аз 40 то 50 сантиметр расидааст”.

Барои тақвияти матлаб кормандони рдиои “Озодӣ” суханони Маҳмуд Саидов, яке аз ин ронандаҳоро иқтибос овардаанд.  Номбурда гуфтааст, ки  «роҳ пурра баста аст. Мо дар мошин хобем. Баъзеҳо 3 рӯз боз дар роҳ ҳастанд. Фақат як одам дар роҳ бо бел қуму рег рехта истодааст. Раҳбари ДЭУ-ро гуфтам, мегӯяд 800 сомонӣ маош дорад ва имкони аз ин беш кор карданро надорад. Роҳ пур аз барф ва ях аст».

Дилшод Хоҷаев, ронандаи дигари мошинҳои боркаш, ки бояд аз ноҳияи Лахш ба Ёвон 14 тонна картошка мебурд, ҳоло дар нимароҳ дармондааст. Ин соҳибкор аз он ташвиш дорад, ки маҳсулоташ дар сардӣ вайрон мешавад. Ба гуфти ӯ, агар роҳ тоза нашавад ӯ зарари калон мебинад.»Бо вуҷуди ин, ки занҷир бастем, ҳама корро кардем, вале нашуд. Роҳ беҳад мушкилгузар аст ва онро тоза намекунанд. Ман таваккал карда, хостам ҳамон нишебиро поин шавам, аммо ях мошинро партофт ва наздик буд ба дарё афтем».

Ба гуфтаи ронандаҳо, масъулини роҳ фақат як маротиба булдозер оварда кӯшиш карданд ҷодаро тоза кунанд, аммо барф дубора роҳро пур кард ва муроҷиаташон ба масъулин бенатиҷа аст.

Ёдовар мешавем, ки пештар бар асари сангрезӣ дар  дигар  роҳҳои кишвар, аз ҷумла, Душанбе-Хоруғ  муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба амал омада буд.

Эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе- Чанок хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз  минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст.

Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он- филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.  Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе- Чанок» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад ва бо мақсади тасмимгирии дуруст ва гирифтани таҷриба бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи роҳсозӣ муносибатҳои шарикиро ба роҳ мондааст.

Шоҳидем, ки новобаста аз шадиду беист будани бориш ва зиёд будани  хавфи тармаборӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири мазкур ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар асоси тавсияи мутахасссиони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт ва БДА ВКД қатъ нагардид.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки роҳи Душанбе – Чанок дар си  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад ва фаъолияти ин Ширкат қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий