Салимҷон ҳайрон мешуд, ки чаро ҳамватанони ӯ ин қадар ба муваффақиятҳои дигарон шод мешаванду худ кӯшиш намекунанд, ки муваффақиятеро ба даст оваранду дар ҷаҳон машҳур гарданд. Агар нафаре аз ягон давлати дигар машҳур гардад, ҳама мухлиси ӯ мегарданд. Ин дуруст аст ё не намедонам, вале чаро ки мухлисии мо аз ҳад зиёд мешавад, ки аз як ҷиҳат хуб нест. Салимҷон ҳамин хел фикр мекард ва хеле шармаш меомад, аз он ки халқ бо дидани ягон одами машҳури бегона ҳамагӣ давида мераванду ба мисли нодидаҳо мечаспандаш. Ҳатто дилхоҳ кори заруриро партофта, барои дидани он нафари машҳуре, ки ба монанди дигарон инсони оддӣ аст медаванд. Салимҷон дар ин маврид низ бо Ҳалимҷон баҳсро оғоз мекунад ва мехоҳад, ки назари худро боло гузорад, аммо Ҳалимҷон низ таслим нашуда, зӯр зада, фикрашро мегузаронад. 

-Не, охир ту як худат нағз фикр карда бин, наход ки халқ ба ин дараҷа нодида шавад, ки як одами оддиро ба осмони ҳафтум бароварда шинонад?! О, хайр меҳмондорӣ- ку расм аст, вале аз ҳад зиёдаш хуб нест. Ба ин ранг нуфузи миллат низ паст мефарояд.
-Ту чи гуфтанӣ ҳастӣ, ки ягон меҳмон ба Тоҷикистон ояду онро бояд иззату эҳтиром накунем-а? Оё ин шармандагӣ намешавад? Бо кадом ақлат ту чунин мегӯӣ -а?! Ё ту ҳам аз Ватан гурехтанӣ ҳастӣ?!
-Э, неее. Ту мақсади маро нафаҳмидӣ каллаварам. Ман гуфтаниям, ки ҳангоми омадани ягон меҳмон ба ватан набояд худро тарзе нишон диҳем, ки гӯйё ба ӯ зор ҳастем. Охир, онҳо ҳам ба мисли мо инсонанд ва ҳангоме, ки чунин муносибат мекунем ҳайрон мешаванд, ҳатто метарсанд ки бори дигар меҳмони мо шаванд.
-Хайр чӣ? Ту кадом меҳмонро дар назар дорӣ, ки мо гӯйё онро тоҷи сар кардаему «тарсондаем»?
-Ана ба наздикӣ яке аз чемпионҳои машҳури дунё, оид ба муҳорибаи бидуни қойида Ҳабиб Нурмагамедов меҳмонамон шуд. Ваҳ, Худоё тавба, ки халқ ҳама барои дидани як ҷанговараки доғистонӣ баромада, кору борашонро партофта, тамошои Ҳабибро доштанд. Ҳатто дар бозорҳо савдогарон молҳояшонро пеш кашида, гӯё ӯ президенти ягон мамлакат бошад. Охир маълум аст, ки ӯ машҳур аст, баъд чӣ? Як камтар худатонро ба даст гиред охир. Эҳсосотатонро, дӯстдориатонро, ишқатонро нисбати ӯ каме пинҳон кунед, то ки он нафар аз худ наравад.
-Ҳаҳаҳаҳа. Ҳамин ҳам гап шуд-мӣ?! Наход, ки ту ҳаминро нодидагии халқ ном барӣ? Охир ҳама ҷавонон мухлиси ӯ ҳастанд ва интизори омадани ӯ буданд.
-Ээ, он ҷо танҳо ҷавонписарон дида намешуд, балки духтарон ва ҳатто занҳо ҳам дида мешуданд, ки ба дидани ӯ омада буданд. Охир, наход мардум ҷангро дӯст дораду нафаре, ки ҷанг мекунаду бояд ба ӯ тахаллуси «ҷангара» дода шавад, ошиқ шаваду ҳамеша дар орзуи дидани ӯ шавад? Ҳайрон мешавам, ки дунё ба куҷо ҳаракат карда истодааст. Барои он ки ту як нафари бегуноҳу бечораро то қариби мурдан мекубӣ, пулат медиҳанду дӯстат медоранд ва боз хостори он мешаванд, ки ту ба ватани онҳо равию ягон нафари онҳоро ҳам дар ватанашон занӣ. Харро аз амали мардуми имрӯзаи дунё ханда меояд. Корҳои бобову бибиҳои мо тамоман дигар буд…
-Ҳмм, ҳоло замона ҳамин шудагӣ. Ба ин хел чизҳои оддӣ аҳамият додан чандон кори хуб нест, зеро ин гардишҳо ислоҳнашавандаанд.
-Як бор аҳмият намедиҳӣ, ду бор аҳамият намедиҳӣ, маротибаи сеюм мебинӣ, ки халқ аз ҳад мегузаронад ва баъд маҷбур мешавӣ, ки як ду калима гӯйиву дарди дилатро холӣ кунӣ. Агар ба ёдат бошад якчанд сол пеш, силсилафилми туркии «Ҳомиён» хеле маъруф гашта буду дар ҳама ҷо номи Йигиту дигар қаҳрамонҳои асосии ин филм гирифта мешуд. Ин филм ба он дараҷае машҳур гашт, ки халқ дигар тоқат накарду Йигити актёрро ба Тоҷикистон даъват кард, вале баъд аз вохӯрӣ чӣ шуд? Эҳааа, пойафзору куртаҳояшонро ҳатто кашида гирифтандее. Шармандагӣ!!!
-Ҳаҳаҳаа. Ҳаминро ҳам ба ёд дорӣ-а?
-Охир чӣ тавр мешавад, ки пойафзоркашиву пойафзорпартоиро фаромӯш кард? Ин нодидагии халқро нишон медиҳад, ки ким-кадом як ҳунарманди кӯчагии як мамлакати бегонаро тоҷи сар мекунаду ҳунармандони худро таги по. Ин беинсофию бесаводист, нодидагарист, ки нуфузи моро миёни дигар мамлакатҳо паст мекунад.
-Ҳаҳаҳа. Офарин дӯстам, ба ин мушоҳидаҳоят!!!

ҒУРМАГАС

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here