Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

16 ноябр, дар рӯзи таҷлили ҷашни ба истифодадиҳии нахустин агрегати НБО-и Роғун мо тасмим гирифтем, ки аз муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию техники шаҳри Роғун, ягона муассисе, ки махсус барои НБО-и Роғун мутахассис омода менамояд, дидан кунем. Зеро ҳунаристони мазкур яке муассисаҳои миёнаи касбии машҳури кишвар буда, ҳамқадами нерӯгоҳи бузурги Роғун аст ва чун ин нерӯгоҳ дар ҳолати рушду нумӯ қарор дорад. Қоллеҷи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31декабри соли 2008 №672 таъсис дода шуда аз 31 августи соли 2009 №38-ф аз тавозуни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и Роғун” гузаронида шуда, моҳи декабр аз таъсиси он 10 сол пур мешавад.

Дар коллеҷ 28 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд, ки аз ин миқдор 2 нафар дотсент, 11 нафар муаллими калон ва 15 нафари дигар ассистент мебошанд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар муассисаи таълимии Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун

2 факултет: — факултети таҳсилоти рӯзона ва факултети таҳсилоти ғойибона фаъолият дорад. Дар пояи ин ду факултает коллеҷ мутахасисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифтааст:

2 -36 10 01.02 — Мошинҳои куҳӣ ва таҷҳизот, 

2-43 0101 — Нерӯгоҳҳои барқӣ,

2-56 02 01.31 Геодезияи дар сохтмон.

Шумораи умумии муҳассилини муассиса 385 нафар мебошад, ки аз ин миқдор 145 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва 240 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои ғойбона мебошанд. Аз ин шумора 155 донишҷӯ ба таври буҷавӣ ва 230 донишҷӯ ба таври шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Ба хатмкунандагони коллеҷи номбурда ҳангоми хатм тахассуси техник — электрик, техник-заминсоз ва техник-механик дода мешавад.

 

Дарсҳои таҷрибаомӯзӣ

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун ҳамасола дар асоси нақшаҳои таълимӣ донишҷӯёни гуруҳҳои рӯзона ва ғойибонаро ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ фаро гирифта, ба ҶСК “НБО-и Роғун” ва корхонаву сохтмонҳои зертобеи он равона месозад. Муҳассислин аллакай дар давраи таҳсил бевосита дар худи нерӯгоҳ фаъолият карда, ҳам дар пешрафти кори нергӯгоҳ саҳм мегиранд ва ҳам тахассуси худро боло мебаранд. 

Дарсҳои таҷрибавӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар такмили маҳорати дарсазхудкунӣ ва сайқали савияи дониши донишҷӯ нақши муҳим бозида, барои мукаммал гардони тарбияи меҳнатӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, алоқаи донишҳои назариявӣ дар амал ва дар минбаъда фаъолияти кориву касби интихобкардаи ӯ нақши бориз мегузорад. 

 

Тағйироти ҷиддии 2 соли охир

Мушоҳидаи мо нишон дод, ки тайи ду соли охир бо сохтану ба истифода додани биноҳои комилан наву ҳозиразамон дар муассисаи таълимӣ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар шафати синфхонаи таълимӣ сохта ва ба истифода додани биноҳои иловагии дуошёна, бинои ҳуҷраи бойгонӣ, утоқи кории шуъбаи кор бо ҷавонон, хонаи омӯзгорон барои ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, хонаи набатдории посбонҳои муассиса, хонавагонҳои ҳозиразамон барои утоқҳои корӣ, шуъбаи китобдорӣ, таъмир ва тармими бинои таълимӣ ва утоқи алоҳида бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таъмир ва тармими пурраи хобгоҳи донишҷӯён аз навгониҳое буданд, ки ба ҳусни коллеҷ ҳусни нав зам намуда аст. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки коллеҷи мазкур чун нерӯгоҳи Роғун пеш меравад ва рушд мекунад.

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун тайи ду соли охир дар олимпиадаҳои фаннӣ, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо сазовор гардонида шудаанд.

Зиёда аз ин дар дигар самтҳои фаъолияти корҳои назаррас низ пуркунандаи ҳаёти рангини коллеҷ буданд. Ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи варзишии “Волейбол” бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр бахшида ба 20-солагии Ваҳдат миллӣ,-раҳматномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, раҳматнома барои иштироки фаъолона дар мизҳои гирди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ишғоли ҷойи дуюм дар мусобиқаи “Волейбол” байни ҷавондухтарони варзишгари шаҳри Роғун, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ-“Андалеб-2018”, ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ-“Бустон-2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар фестивал озмуни шаҳрии эҷодиёти халқ “Бӯстон 2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, диплом барои ишғоли ҷойи дуюм дар Фестивали ҷумҳуриявии “Наввоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” тахти унвони “Ҷавонон созандагони Ватан” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷкистон муваффақиятҳое буданд, ки инъикосгари фаъолияти бомароми ҳайати профессорӣ-омӯзгорон ба донишҷӯён гардиданд.

 

Кор дар нерӯгоҳи Роғун

Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун аз он ҷиҳат машҳур аст, ки барои бузургтарин нерӯгоҳи барқии обии Роғун мутахассис омода мекунад ва аксари кулли хатмкунандагони он асосан ба нерӯгоҳи Роғун ба кор медароянд. Ҳатто аксари онҳое, ки баъд аз хатми коллеҷ ба донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар ҳуҷҷат месупоранд, асосан шакли ғоибонаи таҳсилро интихоб намуда, ғоибона таҳсил мекунанд ва дар нерӯгоҳ ба кор фаро гирифта мешаванд. Инро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён тасдиқ карда, дилпурона иброз доштанд, ки хамткунандагони муассисаи мазкур дар пайдо намудани кор ҳеҷ мушкилие надоранд. Маҳз ҳамин муҳассилинро водор менамояд, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба коллеҷи мазкур ҳуҷҷат супоранд. Зеро боиси ифтихори муҳассилин аст, ки пас аз хатми муассиса ба корхонаву сохтмонҳои зертобеи ҶСК “НБО- Роғун” ба кор таъмин карда мешаванд.

 

Холиқи Муҳаммадназар

Добавить комментарий