Муддатест, ки дар ҷомеаи мо яке аз масъалаҳои доғи рӯз, он ҳам бошад, саволи «Аз куҷоӣ?», ё решаи маҳалгароӣ рӯз то рӯз жарфтар меравад.

Шахсе, ки ба мақому мансабе расад, фарқ надорад, муқаддимаи корро аз ҷалб намудани хешу табор ва баъдан аз маҳаллаи худ оғоз менамояд. Барои ӯ донишу маърифати мутахассис ё коргар не, балки маҳаллааш дар ҷои аввал меистад. Ин тоифа шарм накарда, аз минбари баланд дар боби худшиносӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, дӯст доштани халқи худ бо ифтихор сухан мегӯянд.

Борҳо мушоҳида намудаем, ки баъзе соҳибмансабон, ҳатто аз раисони ноҳия то роҳбарони идораҳои давлатию хусусӣ таъкид менамоянд, ки «мо фарзандони як диёрем ва барои мо маҳалгароӣ ҷой надорад. Мо чӣ бадахшонӣ, кӯлобӣ, зарафшонию раштӣ ва ғайра мисли бародар зиндагӣ менамоем ва баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон меҳнат мекунем». Дар асл чӣ? Чун соҳибмансаб шуд, аз хешу табор оғоз намуда, то мардуми маҳаллаи худро ба кор таъмин менамояд. Ин ҳодисаҳоро дар давраи фаъолияти қисман раисони ноҳия, ки зодаи ҳамон диёр мебошанд, мушоҳида намудем.

Ба гуфти бобои Юсуф, раисони ноҳия аз дигар минтақаҳо интихоб шаванд, беҳтар мебуд, чунки онҳо дар ин ҷо хешу табор ё дӯсти давраи бачагӣ надоранду ҳукуматро аз одамони тасодуфии маҳаллаашон вазифадор намекунанд.

Мардуми худогоҳ кайҳо дилашон аз ин гуруҳ одамони ба таъбире «гандумнамои ҷавфурӯш» мондааст. Ҳамагон медонанд, ки бархе соҳибмансабон баъди шиносоӣ бо ҳамкорон ва ба хулосае омадан, ҷойивазкунии «кадр»-ҳоро аз қаровули пеши дар то муовин баҳри ҷои ҳаммаҳаллаашон оғоз менамоянд.

Ҳатто ин дарди мусибатдор ва сирояткунанда ба ҷавонони мо таъсир расонида, онҳоро то ба давлати Русия бурдааст. Аз ин боб ҳодисаеро, ки худ бевосита шоҳиди он будам (дар яке аз маҳаллаҳои навбунёди Русия, ки бинобар зебо буданаш «Майдони муъҷизот» низ мегуфтанд), мехоҳам ёдрас намоям.

Дар чор гӯшаи атрофи ин маҳалла ҷавонони ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб машғули кор буданд. Шабе авбошони ин маҳалла, ки русҳои муқимӣ буданд, дар рӯй ниқоб кашида, бо корду аслиҳаи худсоз ба хобгоҳи ҷавонони ноҳияи Восеъ, ки аз 7 нафар иборат буданд, даромада, баъди гирифтани маблағҳояшон, инчунин онҳоро латукӯб намуда, гурехтаанд. То чанд муддат онҳо бистарӣ буданд ва ягон нафаре аз муҳоҷирони гирду атроф, ки ҳамагӣ дар масофаи 2-3 километр зиндагӣ мекарданд, барои аёдат наомаданд ва ҳатто хурсанд шуданд, ки инҳо баъди беморӣ ба ватан мераванду онҳо соҳиби ҷои кор мешаванд.

Баъди чор рӯзи ин ҳодиса як бегоҳ 5 нафар ҷавонони рус, ки худро баъди нишон додани ҳуҷҷатҳояшон намояндагони амнияти бехатарӣ муаррифӣ намуданд, яке аз корфармоҳои гурҷиро, ки номаш Зуроб буд, барои надодани маблағ латукӯб намуда, аз ҷои ҳодиса фирор менамоянд. Фардои он рӯз тамоми соҳибмансабу сарватмандони гурҷӣ барои дифои ҳамшаҳрии худ дар ин маҳалла ҷамъ шуданд. Аҳсан ба чунин миллат!

Давоми ду сол таътили тобистонаро ҳамроҳи шогирдонам дар деҳаи Варламови ноҳияи Гарадишини вилояти Волгоград гузаронидам. Дар ин ҷо бо яке аз соҳибкорон, ки миллаташ чечен ва номаш Аслам буд, риштаи дӯстӣ пайвастам. Ӯ борҳо таъкид менамуд, ки дар «байни 40 оилаи ин деҳаи русҳо 5 оила аз ҳар гӯшаву канори ватанамон зиндагӣ мекунанд. Миллати мо ҳамагӣ 1 млн ва шумо тоҷикон зиёда аз 8 млн нафар мебошед. Дар байни мо маҳалгароӣ вуҷуд надорад, чунки ин боиси ихтилофҳо мегардад».

Ҳар гоҳе ба шаҳри Москва назди ёру рафиқон меравам, онҳо мегӯянд: «Бозору мағозаҳои тоҷикон бо номи маҳаллаҳо, аз қабили Ғарму Кӯлоб, Ванҷу Хуҷанд ном бурда мешаванд». Беҳтараш «бозори тоҷикон» гӯянд. Чӣ лозим дар давлати бегона номҳои шаҳру ноҳияҳоро гирифтан?

Маҳалгароӣ бемории сироятиест, ки бояд онро сари вақт табобат намоем, вагарна, мушкилоти моро зиёдтар мегардонад. Пеши роҳи онро аз маҳали худ гирифтан даркор, то ин ки ба насли оянда сироят накунад. Ҳар фарде, ки ватану халқи худро дӯст медорад, миллатдӯст мебошад, на маҳалбоз.

Рӯзимади ТОҲИР,

ноҳияи Восеъ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here