Холзода корашро хеле дӯст медорад. “Чӣ кор мекунад?” мегӯед? Ҳозир мефаҳмед. Рӯзи душанбе вақт надорад, ба маҷлиси аввали ҳафта рафтанаш даркор. Рӯзи сешанбе ҷамъомади калон бо кишоварзон хоҳад шуд, рӯзи чоршанбе бо намояндагони корхонаи саноатӣ ҷаласа гузаронда мешавад, рӯзи панҷшанбе бо кормандони ҷамоатҳои деҳот, рӯзи ҷумъа бо депутату муллоҳо, рӯзи шанбе бо кормандони маорифу тандурустӣ мебоист дар маҷлисҳо ширкат варзад. Рӯзи якшанбе бошад, шанбегӣ, э, мебахшед, ҳашари анъанавӣ. Бале, касбу корашро дӯст медорад ӯ.

 

Ба анҷуманҳо чунон одат кардааст, ки гӯё бе он нафаси тоза гирифта наметавонад. Маҷлис аз паси маҷлис мешавад. Ҷаласаҳо гуногуну мухталифанд, баъзеашон 4-5 соат идома меёбанд, шӯроҳоро намегӯед! Зиёда аз 6 соат сухан меронанд дар ин гуна машваратҳо. Аз саҳар то нисфи шаб дар маҷлис буд гӯем, ягон зарра муҳобот намешавад. Охир, сессияву семинару конфронсу вохӯриву дигару дигарро номбар кунем, 24 соати шабонарӯзӣ тамоман камӣ мекунад. Монанди ӯ кормандони содиқ хеле зиёданд, дар ҳар як ҷамъомад онҳоро мебинаду салом мекунаду бо имои чашму сар аҳвол мепурсад ва нарангушти хешро боло карда, вазъияти хешро баён месозад. Ин ҳамкорон аз сидқи дил заҳмат мекашанд: ба маҷлис ҳаргиз дер намеоянд; ба ҷамъомад наомаданро шармандагӣ меҳисобанд. Бале, ана ҳамин хел ватанпарвари анҷуманафрӯз бояд буд. Магар бе гап, бе сухан ба пешрафт ноил шудан мумкин аст?! Маҳз дар маҷлис воҳимаву дабдабаву сиёсату тараққиёт зоҳир мегардад.

Як чиз Холзодаи моро хиҷил месозад. Ана, ҳамин телефон. Бовар кунед, дарди сар шуд телефон. Не, худи телефон не, балки паёмакҳои пайдарпайи он безор аз ҷонаш карданд, вагарна телефонро дӯст медорад ӯ. Маҳз ҳамин телефон ҳаст, ки дар маҷлис будани ӯро аҳли байташ медонанду пеш аз хуфтан “Ҳоло ҳам дар маҷлисед?” гуфта мепурсанд ё паёмак мефиристанд. Албатта, садои телефонашро паст кардаасту “Ҳа!” гӯён ҷавоб мегардонад. Ана, акнун худатон гӯед, ҳамин телефон намешуд, мардак соҳиби оила буданашро ба хотир оварда метавонист?

“Агар симкорти телефонатонро бо шиносномаи нави биометрӣ аз сари нав ба қайд нагиред, он аз эътибор соқит карда мешавад!” гӯён дар паёмакҳо таҳдид мекарданд шабакаҳои телефонҳои мобилӣ. Охир, чӣ тавр шиносномаи пластикӣ гирад, ки рӯзҳои дароз дар маҷлис аст? Бе телефон ҳам намешавад! Андаке дар маҷлисгоҳ хаста шавад, бо паёмакҳои телефонаш машғул шуда, хастагияшро рафъ месозад. Мувофиқи шунидаш, ҳар рӯз дар идораи хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ садҳо нафар одамон аз каллаи саҳар то нисфи шаб навбат мепоидаанд. Гӯё онҳо низ бекор не, ба маҷлис машғуланд.

Воқеан, боиси ифтихори Холзода ва дигарон аст, ки мо ду-се намуд шиноснома дорем. Шаҳрвандони ҳамсоякишварҳо бошанд, яктояк шиносномаро соҳибанд, ки ҳам дар дохили кишварашон ва ҳам берун аз он ба кор мерафтааст. Ин ҳеҷ ҷойи ифтихор ва таъриф надорад. Мо ҳам шиносномаҳои ҳархелаи дохилӣ дорем ва ҳам хориҷӣ! Бахусус, шиносномаи хориҷиямон бебаҳову бобақост, ки аз ҷиҳати арзиш дар ягон гӯшаи олам нест! Он тиллоӣ аст! Дар муқовааш бо оби зар ҳарфҳо навиштаанд.

Холзода ғурури баланди милливу ватандӯстӣ дорад, лекин андаке аз ниёгони заковатмандаш гиламанд аст. Вожаи “ҳафта” ихтирои ниёгонаш аст, он аз ҳафт рӯз иборат аст: якшанбе, душанбе… Агар онҳо ҳамин ҳафтаро “даҳа” гӯён, яъне се рӯзи дигар дарозтар мекарданду рӯзи охирро “даҳшанбе” ном мегузоштанд, баъд мардум барои баҳузур иваз  кардани шиносномаҳояшон фурсат меёфтанд. Чӣ гуфтед? Ҳоло ҳам дер нашудаасту ба ҳафта 2-3 рӯз илова кунем?

 

Ҳаким Алӣ, шаҳри Ҳисор

Добавить комментарий