Мувофиқи гуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино, омӯзиш дар се марҳила сурат мегирад, ки яке аз марҳилаҳои ҳассос ва муҳими он омӯзиши насли наврас буда, он аз 2 то 7-соларо фаро мегирад (якум аз синни 2 то 7сола, дуввум аз синни 7 то 14сола ва саввум аз 14 то 18сола). Бо такя ба ин гуфтаҳо, мо метавонем оиларо сарчашмаи асосӣ ва муътамади тарбия ҳисобем, зеро насли наврас дар муҳити оила тарбия меёбад ва ба камол мерасад. Албатта кӯдакистон ва мактаб низ дар ин ҷода саҳми назаррас доранд, вале сарчашмаи асосии тарбия маҳз оила мебошад.

Омӯзиш дар ин марҳилаҳо ба мисли дар санг нақш гузоштан аст, чунки дар ин давра инсон фориғ аз ғаму дард аст ва ҳофизаи қавӣ дорад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо андешаи Ибни Синоро мисол меорем, ки фармудааст: «Ман он чӣ ки омӯхтаму ҳифз кардам, то 18-солагӣ буд, баъди он ҳарчӣ ки омӯхтам, на кам шуду на зиёд».

Яке аз амалҳое, ки барои инсони баркамол шудани кӯдакон нақши муҳим мебозад, ин бедор намудани завқи китобхонии онҳо ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф, яъне барои бедор намудани шавқу завқи китобхонӣ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама худ китобхон бошем ва барои кӯдак намуна буда тавонем. Чунки кӯдак як хислати хуби азхудкунӣ дорад ва ӯ бештар тақлидкорӣ мекунад, яъне ҳар коре, ки мо дар муҳити хона ва ё берун аз он анҷом медиҳем, ба кӯдак таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман», ки бевосита дар самти тарбия роҳандозӣ шудааст, бетараф набошем. Зеро озмунҳои мазкур дар пиёдасозии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, ки баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аст, заминаи боэътимод хоҳад гузошт. Ҳар як оила бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар рушду равнақи шахсияти кӯдак ва баланд бардоштани савияи дониши ӯ саҳмгузор бошад. Барои таълими дурусти насли наврас, оиларо зарур аст, ки бо кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ ҳамкориро зич ва мустаҳкам намояд. Чунки таълими насли наврас на танҳо вазифаи мураббӣ ва омӯзгор, балки вазифаи аввалиндараҷаи падару модар мебошад. Ҳукумати мамлакат инро ба инобат гирифта, қонуни наве зери унвони “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ба тасвиб расонд, ки ин қонун масъулиятшиносии падару модарро ба танзим медарорад ва онҳоро водор месозад, ки дар таълими фарзанди худ талош намоянд. Оянда фарзанди худро чӣ гунае, ки дидан мехоҳанд, аз хурдӣ ҳамон хел тарбия намоянд. Зеро бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Яъне барои сохтани ояндаи некӣ фарзанд, мо бояд ба таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Вазифаи ҳар яки мо дар он аст, ки барои кӯдак фазои мусоидро фароҳам созем, то ӯ ояндаи худро интихоб карда тавонад. Вақте кӯдак дастовардеро дар миёни хонавода ва атрофиён ба намоиш гузошт, бояд аз ҷониби падару модар ба эътибор гирифта шавад. Шояд имкон даст надиҳад, ки барояш ҳадя бигиранд, вале ҳадди ақал бо чанд сухани тавсифкунанда бачаро таъриф кунанд ва ӯро руҳбаланд созанд, кӯдак хеле хурсанд мешавад ва тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то боз ҳам беҳтару хубтар омӯзад.

Пас, биёед дар таълими ин қишри ояндасози ҷомеа бетараф набошем ва даст ба дасти ҳам дода, дар рушди маънавии онҳо саҳми худро гузорем.

Ҷумъагул ТОҲИРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here