Саодати 28-сола (номи мустаор) яке аз он бонувоне мебошад, ки баъди ҷудошавӣ аз шавҳар бо ду фарзанди хурдсолаш ба хонаи волидон баргашт. Зеро, маҳз зӯроварӣ дар оила боис гардид, ки ӯ баъди чанд вақт ба сарнавишт тан доду оқибат хонавайрон шуд.

Акнун бори гарони зиндагӣ бар дӯши Саодат аст. Дар хонаи падариаш боз ду бародари зандору соҳиби фарзандон зиндагӣ доранд. Воқеан, ин сарнавишти талхи як зане аз байни ҳазорон модари ҷавони тоҷик аст, ки дучори хушунат гардидаанд.
Хушунати хонаводагӣ сол аз сол зиёд шудааст ва коршиносону мутахассисони бахшҳои ҷомеашиносӣ, равоншиносон кӯшиш менамоянд, ки сабабҳои афзоиш ёфтан ва усулҳои пешгирӣ кардани ин падидаро ошкор сохта, баҳри пешгирии он тадбирҳои заруриро ба кор баранд. Аммо то ҷойе сабабҳои аслии сар задани зӯровариро коршиносон дақиқ намудаанд ва онро қабл аз ҳама ба ваҷҳҳои иқтисодию моддӣ ва руҳиву равонӣ рабт медиҳанд. Яъне, новобаста аз он, ки зан зери хушунат қарор гирифта бошад ё мард, ба аҳли оила ва алалхусус кӯдакон зарари руҳии он ногузир мебошад. Зеро вуҷуди ӯро ба ҷойи муҳаббату самимият тарсу ваҳм фаро мегирад.

Маълумот бояд маҳрамона бошад…
Салима Исмоилова, равоншиноси “Маркази дасгирии занон ва духтарон” дар назди ТҶ “Мадина” мегӯяд, ки имрӯз мушкилии асосӣ — ин набудани паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар ҳудуди ВМКБ барои занони хушунатдида мебошад: “Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ мо аз усулҳои гуногуни тадқиқотиву равонӣ истифода намуда, бо оилаҳо кор мебарем. Муроҷиату суҳбатҳои онҳо ҳамчун сирри шахсию оилавӣ ниҳон дошта мешаванд ва аз касе маълумоти фардӣ талаб намекунем. Баъзан дар лаҳзаҳои ҳассос барои фароҳам овардани шароиту имконот занони ҷабрдидаро ҳатто дар хонаҳои худ ҷой мекунем. Чандин маротиба бо ин масъала ба шахсони мутасаддӣ муроҷиат намудем, ки барои сохтани паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои занҳои дучори хушунат шуда мусоидат намоянд, вале мутаассифона, масъала ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондааст”.

Ҳадаф — ҳамоҳангӣ миёни ҷонибҳо
Ба гуфтаи Любов Шукрикова, узви “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”, мушкилии асосие, ки имрӯз дар оилаҳои нав мушоҳида мешавад, ин надоштани ҳуҷҷати қонунии никоҳи тарафайн аст.
— Зану шавҳар солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекунанд, фарзандҳояшон ба камол мерасанд, вале ҳуҷҷати қонунии никоҳ надоранд. Бештари муроҷиаткунандагон барои бекор намудани ақди никоҳ, ҳалли мушкилоти хонаводагӣ, рӯёнидани алименту манзил ва дигар амволи хонаводагӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Мо ҳаматарафа кӯшиш мекунем, то тарафҳоро оштӣ диҳем. Агар вазъ ислоҳ нашавад ва ҳодиса такрор ёбад, ба ҷабрдидагон барои омода намудани ариза ба суд ёрӣ мерасонем.
Вале масъала чунин аст, ки аксарияти занон ҳуқуқи худро намедонанд ва барои ин дучори хушунат мегарданд. Баланд бардоштани савияи фаҳмиши ҷомеа, тарғиби риояи қонунҳои роҷеъ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила хеле муҳим аст. Баъзан номустаҳкамии руҳию равонӣ дар хонаводаҳо аз муҳити хонаводагӣ вобаста аст ва агар дар хонавода якдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пойдор бошад, хушунат ҳеҷ гоҳ фарогири ин гунна оилаҳо намегардад,- афзуд Л. Шукрикова.
Дар ҳақиқат, ҳар як ҳодисае, ки ба вуқуъ меояд, паҳлуҳои гуногун дорад. Имрӯз баробари бонувон мардҳои зиёде ҳастанд, ки ба хушунат дучор гардидаанд. Онҳо ҳамчун сарпарасти асосии оила мавқеи иҷтимоии худро аз даст додаанд. Бинобар ин, шумораи мардҳои хушунатдида ҳам рӯз аз рӯз зиёд мешавад.
Надим Маҳбатшоеви 47-сола, бошандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ муддати чанд вақт аст, ки хонавайрон шудааст. Маҳз шароити пасти моддӣ боис гардид, ки мавсуф зери фишори равонӣ аз тарафи ҳамсараш қарор гирифта, иҷборан тарки хона намуд.
— Бо иллати набудани ҷойи кор давоми шаш моҳ бекор мондам. Дар ин муддат албатта ҳамсарам низ дигар тоқати бекории маро накард ва ҳамарӯза бар ман фишор овард. Ман дигар ба рафтору кирдори нописандидаи завҷаам тоб наоварда, аз хонаам рафтам,- мегӯяд Н. Маҳбатшоев.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 10-уми октябри соли 2012, «Зӯроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад».

Аз издивоҷи саҳлангорона то афзоиши талоқ
Мувофиқи маълумоти мақомоти САҲШ-и ВМКБ, давоми нуҳ моҳи соли гузашта 147 аризаи шаҳрвандон оид ба талоқи зану шавҳар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли 2016 (106 ҳолат) 41 ҳолат зиёдтар аст.
Кишвар Амиршоев, муовини директори Муассисаи давлатии маркази ҷавонони ВМКБ бо ишора ба афзоиши хушунати оилавӣ дар байни ҷавонону наврасон ва равандҳои дигари номатлуб чунин ибрози ақида намуд: “Бо дарназардошти шароити камбуди шадиди равоншиносон, аксари сокинони Бадахшон барои дарёфти оромиши равонӣ ё рафъи тарсу ваҳм ба муллоҳо муроҷиат мекунанд. Маслиҳатҳои фаҳмондадиҳии равоншиносон набояд фақат миёни сокинони маркази вилоят, балки дар навоҳии вилоят ҳам бояд ба манфиати мардум бошад. Набояд як гуруҳи одамон фарогири ин тадбирҳо шуда, аксарият дар канор монанд. Зеро дар ҷомеаи феълӣ ин аллакай ба мӯд табдил ёфтааст. Яъне пеш аз ҳама барои коҳиш додани ин падида муайян намудани сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда зарур аст. Дар ҳолате, ки ин сабабҳо муайян мегарданд, ҷомеа бояд дар самти пешгирии он огоҳ, саҳмгузор ва фаъол бошад”.
Дар ҳамин маврид Комёр Мирзоев, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки баҳри муваффақ гардидан ба ҳамзистии мусолиматомез, ҳар нафар бояд қабл аз издивоҷ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёти оилавӣ фикру мулоҳизаҳои дуруст дошта бошад. Зеро нахуст эҳтироми ҳамдигарӣ қувваи бузурге аст ва он то ҷойе маҳвкунандаи хушунати хонаводагӣ маҳсуб меёбад: “Воқеан мо ҷавонон имрӯз ба зиндагӣ нигоҳи дигар дорем. Хостаҳо ва бовариҳои волидонамонро аксари вақт ба назар намегирем. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки бо хости дили худ оиларо бунёд намоем, лекин чун зиндагӣ носозгортар гардад, бепушту паноҳ мемонем. Яъне бо сабаби ба зиндагӣ тайёр набудани тарафайн талоқ дар ҷомеа афзоиш меёбад ва дар натиҷа ба ҳолатҳои шадиди равонӣ дучор гаштан мумкин аст.

Оила муҳаббат ва низому ҷиддият мехоҳад
— Хушунат аз бемеҳрӣ, бенизомӣ ва бемасъулиятӣ маншаъ мегирад,- таъкид мекунад омӯзгори МТМУ №7-и шаҳри Хоруғ Ҷумла Девлохова.
— Дар ҷомеаи имрӯза волидайн вазифаи асосии худро танҳо дар таъмини моддии фарзанд мебинанд, ё худ кӯшиш менамоянд, ки фарзандонашон ин ё он муассисаи олиро хатм намоянд, лекин ин хатои маҳз аст. Оила бояд пеш аз ҳама ба тарбияи маънавии кӯдак диққат диҳад, хислатҳои мусбати инсонӣ ва ахлоқи ҳамидаро дар ниҳоди вай ҷо намояд ва худ низ дар ин ҷода масъулияти бузургеро ҳис карда тавонад,- илова намуд ӯ.
— Ҳар як рафтори хуби волидон намунаест барои ояндаи неки фарзандон ва як масъулияти аҷдодие, ки имрӯзҳо қариб риоя намешавад, ин эҳтиром накардани сарвари хонавода аз ҷониби аъзои оила мебошад. Яъне ҳар кас ба сари худаш роҳбар. Шояд ба як маъно хуб бошад, вале ҳамон чизе, ки хусусияти мусбати гузаштагон аст, набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ равад. Зеро мафҳуми итоат бояд дар хонадон ҳукмрон бошад, то сардори оила худро шахси масъулиятшинос эҳсос намояд,- мегӯяд Ҷ. Девлохова.
Зӯроварӣ дар оила мушкилии оддӣ набуда, дар ҷомеаи мо зиёд ба назар мерасад. Аз ҳамин хотир, мубориза бо чунин падидаи манфӣ бояд тариқи дастаҷамъона сурат гирад. Ҳар нафар бояд бо истифода аз мавқеи худ дар ин самт саҳмгузор бошад.
Пас, чун решаҳои аслии хушунатро то ҷойе дарёфтем, аммо моҳияти аслии раҳоӣ аз ин падидаро аз куҷо бояд ҷуст? Решаи аслии умедро аз сабурӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муфидтарин афкоре, ки дар рафти суҳбат аз гуфтаҳои ин шахсиятҳо хулоса намудам, ин муҳаббат, низом ва ҷиддият мебошад. Лозим аст, ки барои ояндаи неки фарзандон роҳҳои дурустро муайян созем. Танҳо ва танҳо бояд ҷасорату мардонагӣ, сабру муҳаббат ва эҳтироми якдигарро марому мақсади худ қарор бидиҳем. Зеро ҳамаи мушкилот ҳалшавандаанд ва фақат дар ҳама кор бояд таҳаммулро пеша намуд, зеро бузургон гуфтаанд, ки «сабр калиди ҳамаи хушбахтиҳост».

Рафоат ҚУДРАТБЕКОВА, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here