Рӯзи кайҳонавардро ҳар сол тамоми ҷаҳон санаи 12-уми апрел ҷашн мегиранд. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аввалин кайҳонавард ин Юрий Гагарин мебошад. Барои фаҳмидан ки оё мо ҳам метавонем кайҳонро бинем  бо баъзе шахсон дар ин бора сӯҳбат намудем.Сарчашмаи пурсишамон чунин буд ки “Чаро Белка ва Стрелка, Лайка ва Чайка 60-сол пеш ба кайҳон  баромада буданду мо не?”  Саволи мо чунин буд:

 

Саъдӣ  Маҳдӣ, декани факултети журналистика:

Ба кайҳон баромадани  Тоҷикистон ҳамон вақте  мешавад ки маблағи тайёр  намудани як киштии кайҳонӣ баробар ба 0,2% буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад.

 

Ҷовид Муқим, омӯзгори ДМТ:

Агар фикри ба кайҳон баромаданро дошта бошем бояд аввал ба илмҳои дақиқ бештар аҳамият диҳем. Лекин чуноне ки мо ба фанҳи физикаю химия ва дигар илмҳои дақиқ беаҳамияти дорем  ва ба санъату  ҳуқуқшиносӣ ва  дигар касбҳо  рағбати беандоза дорем дар ин наздикиҳо  ягон тоҷик кайҳонро намебинад.

 

Мирзошоев Изатулло, омузгори ДМТ (устоди факултети таърих):

Барои  ба кайҳон парвоз кардан пеш аз ҳама майлу рағбат ва чизи асосӣ, орзу доштан лозим аст. Ба фикрам ягон тоҷик чунин орзуро дар дил намепарварад. Инчунин дар давлатамон ягон колеҷ ё муасиссаи махсус барои чунин одамонро тайёр кардан  вуҷуд надорад.  Ҷавонони мо ба санъату варзиш шавқ доранд ва ягон космонавт ё дидани кайҳонро хоҳиш надоранд. Як мисоли оддӣ вақте ки дар шабакаҳои телевизиони аз тарафи журналистон саволи  “ Орзуи шумо чист? Ва дар оянда чи шуданро мехоҳед?”  ягон бор нашунидаем, ки онҳо калимаи кайҳонавардро ба забон биёранд. Аз   ҳамин сабаб мо кайҳонро баъди чандин  аср хоҳем дид.

 

Сироҷов Меҳтоҷ, донишҷӯи  курси  3-и  факултети  журналистика: 

Аз  сабабе  ки  дар Тоҷикистон  вазъи молиявӣ  ва   техникӣ дар  ҳолати  паст  қарор  дорад, мо  наметавонем ки  дар  ин  солҳои  наздик  ба  кайҳон  бароем.  Сабаби  асоси  ин аст ,ки иқтисодиёти  давлатамон  хеле  суст  аст. Агар иқтисодиёти   суст  бошад,  давлат  ба  ақиб  меравад ва давлати  мо  ки  давлати кишоварзӣ аст , ҳоло  дар мо ягон  саноат ё иқтисодиёти ҷиддӣ  ба назар намерасад. Инчунин  93  фоизи  давлатамонро кӯҳ  ташкил  медиҳад. Шарту  шароитҳое  ки дар давлатҳои  дигар, хусусан дар  Амрикаю Русия барои ба  кайҳон парвоз кардан   аст,  дар мо ин чиз дидиа намешавад.      Ба фикрам  агар  пешравии Тоҷикистон  дар  ин сатҳе ки мо ҳозир  мебинем мумкин  ки баъди сад  ё  садупанҷоҳ  сол  мо  ҳам  фурсат  меёбем   ки ба  кайҳон  парвоз  кунем.

 

Ифтихор  Юсуфӣ,  донишҷӯи курси  3-и   факултети  журналистика:

Савол аҷоиб.  Савол,  саволи  мантиқист . Мумкин  ба  наздики ё баъд  аз  чанд  сол  ё ягон муддат .  Инро вақт  муайян  мекунад.  Ки медонист  ки  мо  рӯзе давлати  алоҳида  мешавем,  ки  медонист ки давлати абарқудрати Шӯравӣ  аз байн  меравад.  Дар  давоми 25  сол Тоҷикистон тавонист ба  чунин  пешравиҳо соҳиб   шавад..  Масалан  ҳеҷ  кас  намедонист  ки   техникаву технология пеш меравад, ҳарчанд мо ҳоло дар саноат паст бошем ҳам, лекин рӯзе дар оилаҳои  мо ҳам як саноатчӣ ё як ракетасоз пайдо мешавад. Бисёр давлатҳе   ки  солҳои зиёд  азобу  машақат  мекашиданд,  ҳамеша дар зери таҳдиду фишори бегонагон буданд,  рӯзе тавонистанд ба як давлати абарқудрат мубаддал  гарданд.  Мисол ИМА дар даврони пеш  аз ҳама ҷабрдидиатарин давлат  ба ҳисоб мерафт аммо  оҳиста-оҳиста  баъди ду ё се аср  тавонист пешравии зиёдро ноил гардад .  Аҷаб не мо ҳам баъди чандин сол  ба кайҳон мебароем  мо ҳам ракетаи  худро дошта бошем,  заводу ширкатҳои ҳавопаймосозию  заводҳоро  сохта тавонем, шояд Тоҷикистон сайёраеро кашф кунад ки то ҳол кашфношуда аст.

Гулрӯи Суҳроб

Добавить комментарий