Соҳаи маориф дар замони истиқлол рӯ ба рушду шукуфоӣ оварда, муҳассилон дар дабистон, коллеҷу омӯзишгоҳ ва донишкадаву донишгоҳҳои олии мамлакатамон муваффақона таҳсил намуда истодаанд. Ин дастовард бошад, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъгир аст. Бунёди боргоҳҳои таълимӣ, толорҳои дилкашу барҳаво ва фароҳамсозии таҷҳизоти зарурӣ барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим далели  гуфтаҳои болост.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти он ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Дар ин боргоҳи таълим тибқи нақшаи муайян сари чанд вақт аз мо — омӯзгорон натоиҷи пешрафти таълиму тарбияро талаб менамоянд, ки чӣ корҳоро ба анҷом расонидаем. Дар ин росто, дар маҷлисҳои падару модарон махсусан ба масъалаи робитаи мактаб бо оила суҳбатҳои судманди маҷмӯӣ ва инфиродӣ гузаронида мешаванд.

Дар ҳақиқат, мавзӯи робитаи мактаб ва оила дар соҳаи маориф хеле мубрам ба ҳисоб рафта, диққати олимону муҳаққиқонро кайҳо ба худ кашидааст. Аз ин лиҳоз, мунтазам ба мавзӯи фавқуззикр рӯй овардани муаллимони сахтгиру серталаб асоси воқеӣ дошта, ҳар яки моро муваззаф мегардонад, ки нисбат ба ояндаи фарзандони меҳнаткашон бетафовут набошем.

Чаро ин мавзуъ — робитаи мактабу волидон дар сархати ташаккули маориф беш аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад? Ба назари инҷониб, ҳарду самтро наметавон аз ҳам ҷудо ҳисобид. Яъне оила ва мактаб мисли як себи дукафон аст, ки бояд дар ҳамбастагӣ қарор дошта бошанд. Агар дар ҷараёни ҳамфикрӣ яке камфаъолӣ зоҳир намояд, албатта, ба рафти таълиму тарбия халал ворид месозад. Ин бошад, кори омӯзгоронро то андозае душвор мегардонад.

Аз таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти хеш ба қароре омадаам, ки баҳри пешбурди соҳаи маориф робитаи волидон бо дабистон ҳатман зарур мебошад. Мо ба пешрафти ҳамарӯзаи маънавии шогирдонамон эътибори ҳамаҷониба медиҳем. Сатҳи таълиму тарбияи онҳоро пайваста дар мадди назар ба роҳ мондаем. Бурду бохти ҳар як талабаро дар маҷлисҳои падару модарон бо иштироки роҳбарияти гимназия рӯ ба рӯ мегӯем. Агар мушкиле пайдо шавад, дар асоси муқаррароти қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳаллу фасл менамоем.

Дар иртибот ба ин мавзуъ мисолҳои зиёд овардан бамаврид аст. Масалан, аз дабистоне хонанда А.-ро ба гимназияи мо оварданд. То оғози машғулиятҳо ҳамсинфон дар рафтори хонанда дуруштиву муомилаи бадро ба мушоҳида гирифтанд, ки бе дафтару китоб омада, мехост ашёи дарсиро бо роҳи зӯрӣ аз дигарон соҳиб шавад. Аз рӯйдоди ногаҳонӣ ҳолати ороми синф халалдор гардид. Чун роҳбари синф дарзамон пайи ислоҳи ин амали номатлуб чора ҷӯстам. Баъди пурсиш маълум кардам, ки хонандаи навомад мехостааст, ки бе саъю кӯшиш аз меҳнати дигарон муфт истифода бибарад. Аммо чунин муносибат сирфан бар зарари ояндаи хонанда хоҳад буд. Ин рафтори ношоям ӯро ба раҳи бад мебурд ва эҳтимол умре бесавод мемонд. Пас, вайро аз ин вартаи ҳалокати маънавӣ бояд бираҳонем.

Тибқи нақшаи соҳавӣ масъалаи робитаи гимназия бо оила умдатарин аст. Волидони хонандаи саркашро ба гимназия даъват намуда, рафтори номуносиби фарзандашонро ошкор намудам. Падару модар айби беназорат мондани писарашонро ба гардан гирифта, ваъда доданд, ки минбаъд такрор намешавад. Сонӣ, ин масъаларо дар маҷлиси падару модарон мавриди муҳокима қарор додем, то мавзӯи доғи рӯз миёни ҷомеа пареш нахӯрад. Ин мавзуъ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Ҳар кадом омӯзгор ва волидон андешаҳои худро вобаста ба таълиму тадрис баён доштанд. Зеро ки ҷигарбандон барои волидон азизанд ва нафаре намехоҳад номаш бо бадӣ садо бидиҳад. Вале боз мақоле ҳаст: “Фарзанд азиз, одобаш азизтар”.

Дертар хонандаи ба истилоҳ зуъму саркаш ё бепарво зери таъсири гуфтори умум аз рафтори бадаш даст кашид. Ӯ бо ҳамсинфонаш муносибати хуб доштанро ёд гирифт, чӣ будани китобу мактаб ва устодони ғамхорро дарк намуд.

Бо ин гуфтаҳо ҳаргиз бори таълиму тарбияро яктарафа ба дӯши волидон бор намекунем. Чуноне пештар ёдрас намудем, ин ду рукн дар ҳамбастагӣ ба иҷро расонида мешавад. Яке бе дигаре ҳеҷ гоҳ корсоз буда наметавонад. Мо — омӯзгорон, боистӣ ба волидон такя бинамоем, эшон аз пешрафти ҳаррӯзаи фарзандони худ бохабар бошанд. Дар хона аз дарсҳояшон мунтазам пурсон шуда, ба тозагиву озодагии дафтару китоб ва сарулибоси мактабиашон аҳамияти аввалдараҷа диҳанд. Ҳамзамон, рӯзномаи хонанда ҳамеша пешорӯи ҳар як падару модар бошад, нисбати баҳо ва рафтори ҳаррӯза диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад, то фарзанд бепарвоӣ ва бемасъулиятиро аз худаш дур созад. Дарк бинамояд, ки агар китоб нахонад, ба дафтар мавзӯи омӯзгоронро нанависад, шеъру панду андарз азёд нанамояд, касе дар хона ба чӣ гуна ҳазм кардани дарсҳояш мароқ надошта бошад, он гоҳ мактабро на боргоҳи донишомӯзӣ, балки як макони муқаррарӣ мешумораду бас.

Дар навбати худ омӯзгорон вазоифи муҳимтареро ба субут мерасонанд, ки баҳри ба камол расонидани насли наврас мусоидат менамояд. Ин вазифа аз бори маънавии волидон дида пурбортар аст. Омӯзгорон мунтазам баробари таълим ба тарбияи шогирдон эътибори хоса зоҳир менамоянд. Ҳар як дарси муаллим ба толибилмон монанди дарахти серҳосилест, ки аз шохаҳои он василаи дониши мукаммал якояк даст ёзонда, ком ширин мекунанд. Шогирдони маърифатдӯст пай мебаранд, ки донишандӯзӣ ба рӯзгори мустақилонаашон таъсири нек мебахшад. Дар ҳоле, ки касбу кори ба ҷомеа фоидаоварро интихоб менамоянд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб мегузоранд, сари устодону волидон ба осмон мерасад ва лаззати заҳмати худро андак-андак мечашанд.

Пешвои миллат дар яке аз паёмҳои телевизиониаш бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “… омили муҳими пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст. Мо дар оянда низ дар баробари амалисозии ислоҳоти низоми илму маориф, ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ ва ватандӯсту соҳибмаърифат эътибори ҷиддӣ хоҳем дод”. Ин суханон ҳар кадомин омӯзгорро барои иҷрои софдилонаи рисолати касбиаш дар назди халқу Ватан роҳнамои хубе ҳастанд.

Шаҳло РУСТАМОВА,

омӯзгори Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

Добавить комментарий