Хушбахттарин шахс он аст, ки бар висоли шахси нахуст ошиқ шудааш мерасад. Барои баъзе эҷодкорон гаронӣ дар он аст, ки чӣ тавр саршавии мавзӯро нависанд ва ё ба ибораи дигар, гиреҳкушоӣ намоянд.
Ман монанди автомобиле, ки дар фасли зимистон соҳибаш пеш аз ба ҳаракат дароварданаш аввал муҳаррикашро гарм мекунад, ҳамон тавр дар оғози дилхоҳ матлаб аввал диламро гарм мекунам. Аммо барои навиштани ин матлаб вақти дилгармкунӣ наёфтам ва бо ҷӯшу хурӯш ва бо як эҳсоси баланд ба навиштани ин матлаб оғоз намудам.
Дуруст аст, ки инсон чашмашро бори нахуст дар куҷо мекушояд, дар куҷо ҳарф заданро ёд мегирад, суруди аввалинро дар куҷо мешунавад, дар куҷо мехонад, аввалин қадамашро дар куҷо мегузорад, таъми обу нонро дар куҷое, ки чашида бошад, он ҷо барояш азизу муътабар аст ва қадру қиммати зиёде дорад. Ишқи нахустин низ монанди ҳамин аст. Ман аз рӯи қонуну қоидаҳои китоб не, балки бо амри дил ин матлабро иншо мекунам. Дил ба қонуне итоат надорад. Балки ба қонунҳои худ итоат мекунад.
Пас аз ин мавзӯро интихоб намудан ҳамеша фикр мекардам, ки чӣ сухани шоистае ёбам, то андешаҳои худро дар бобати ишқи нахустин, тарҳи ёри нахустин ифода намоям. Аммо дар сарам ягон мафҳуми мувофиқе намеомад, ки сухан саросар дар бораи ишқи нахустин равад. Шояд ҳоло не, баъдтар дар сарам суханҳои беҳтару тиллоӣ ва андешаҳои арзандатаре биёянд, вале имрӯз чунин менависаму мегӯям, таассуроти ишқи нахустинам бароям монанди роҳи беохир бепоён мебошад. Ман барои ишқи нахустин то имрӯз фақат як сарҳад гузоштаам — ман дӯст доштаму дорам, аммо дар он замон накӯшидам, ки ба ҳиссиётам ҷиддӣ сарфаҳм равам ва онро изҳор намоям.
Ишқи нахустин муҳаббатест, ки бе пурсиш ба дили кас ҷой мегирад. То ҳол шукуҳи ишқи нахустин маро мафтун кардааст, чунон ки дар замони хурдиву нодонӣ духтари соҳибҷамолеро мебиниву шефта мешавӣ. Ишқ худ ҳамин аст. То ба имрӯз, ки тӯли чандин солро дар бар мегирад, ба куҷое мерафтам, дар куҷое будам, бо касе будам. Гар дар тӯли ин сол чандин бонуи соҳибҷамолеро дидам, бо нозанинҳои кишварҳои хориҷ вохӯрдам, ҳамеша қиёс кардам ва дидаму донистам, ки он чизеро маликаи ман, ишқи нахустини ман дошт, дар онҳо намедидам. Ишқи нахустини ман якто буд. Ва дар ҳама ҳолат риштаи нозуке маро доим бар ишқи нахустам пайваст менамуд. Агар суруди дилписанди ишқ ошиқ бошад, суруди дилписанди хушкӣ об бошад, суруди дилписанди назм шеър бошад, суруди дилписанди дард шифо бошад, суруди дилписанди ман ишқи нахустин аст.
Агар дар дунё барои кас китоби нахустин “Алифбо” бошад ва агар мавзӯи Маҷнун Лайлӣ бошад, мавзӯи Вомиқ Узро бошад, мавзӯи Фарҳод Ширин бошад, аз овони мактабхониям мавзӯи ман туӣ, ишқи нахустин. Ишқи нахустине, ки мавзуяшро аз даврони нодонӣ, тӯли рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо ва ниҳоятан то имрӯз, то соли сеюми таҳсил мепарварам. Ишқи нахустине, ки дар овони нодонӣ дида, мафтунаш шуда будам, ки бо мурури замон “қаламкаш” моро аз ҳам ҷудо сохта буд. Ишқи нахустине, ки то ҳол тарҳи зебояшро фаромӯш насохтаам. Ишқи нахустине, ки зиёда аз чандин сол мешавад, ки пазмони дидораш будам. Ишқи нахустине, ки рӯ-рӯи моссаҳо дунболаш будам.
Сабаби пас аз ин қадар вақт хурӯҷ намудани ишқи нахустин дар чист, намедонам. Вале то имрӯз барои ман дақиқае набуд, ки дар дилам ишқи нахустин садо надиҳад. Ишқи нахустин манбаи тамоми сурудҳои ман нашавад. Ин ишқ болине буд, ки ҳангоми хастагӣ сари худро ба рӯи он мегузоштам, ин ишқ саманде буд, ки ман олами равшанро сайр мекардам. Ин ишқ дарёи Вахше буд, ки ҳангоми ташнагӣ хам шуда, обашро нӯши ҷон мекардам. Ин ишқ сандалие буд, ки маро гарм мекард ва ин гармӣ дар зиндагӣ ҳамеша бо ман буд, ҳаст ва хоҳад монд. Орзуи муқаддас. То ҳол барои ман имкон нашуд, ки дар рӯ ба рӯи ишқи нахустин истода, изҳори муҳаббат кунам. Дар паҳлуяш нишинам, тамоми розҳову дарди хешро барояш ифшо намоям ва ӯ дар чашмонам ҳар сония хонад, ки чӣ қадар меҳру муҳаббат ва садоқат бар ишқи нахуст дорам. Ҳар лаҳза донад, ки дар умқи дили ман, дар маркази дили ман ишқи нахустин ҷӯш мезанад. Ҳарчанд мегӯянд, ки мард дар ду ҳолат ба зону менишинад — ҳангоми об нӯшидан аз чашмасор ва гул кандан аз гулзор, вале ман сеюмашро илова намуда, мегӯям, ки ҳангоми изҳори муҳаббат ва бӯсидани ишқи нахустин ман ба зону менишинам. Агар шоҳ Навухдоносори II дар Бомбай боғи зебои ҳамешабаҳорро бо номи “Боғи муаллақ” барои дӯстдоштааш сохта бошад, ман дар дилам чунин боғи ҳамешабаҳорро сохтаам.
Барои он ки то имрӯз ба ту изҳори муҳаббат накардаам, “бигзор обидаҳои Ҳиндустон, аҳромҳои Миср, қасрҳои атиқаи Италия маро бубахшанд, бигзор роҳҳои пуршукуҳи мошингарди Амрико, гулгаштҳои Париж, боғҳои Англия, куҳсори Швейтсария маро бубахшанд, бигзор санамҳои Лаҳистон, Ҷопон, Рим маро бубахшанд”. Дари дилам ҳамеша барои ишқи нахустин боз аст. Дар ин матлаб ҷавон манам. Қаҳрамони асосӣ ишқи нахустини ман аст.

Худойдод АВҒОНОВ
P.S. Ин матлаб бо хоҳиш навишта шудааст!

1 бинависед

  1. Барои чӣ мақолаи «Хунукназарии ҷавонон ба матбуот»-ро нагузоштед?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here