Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. 

Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии иқлим роҳи Душанбе-Чанок кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Танҳо ба хотири ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт бо назардошти вазъият барои муҳлати кӯтоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “Фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад. Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо-бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. 

Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем.  Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боришот шадид аст, сафарбар шаванд. 

Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд. 

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор дода, таъкид намуда буд дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. Дар баробари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат низ аз ронандаҳо даъват кард, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифода ба фасли зимистон омода намоянд. 

Бо назардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва кормандони Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро бовар мекунонанд, ки сарфи назар аз вазъи обу ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт. Барои ин шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, омодагӣ ба мавсими мавриди назар ҷиддӣ аст. Бо дарки масъулият мегӯем, ки Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст. Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз бо  шарофати фароҳам омадани шароити муносиб хатарҳои қаблан мавҷудбуда бартараф шуда, аҳолӣ аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд. 

Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ пардохт мешавад ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло ҳоло қисмати аъзами мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд. 

Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои куҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» дар муддати кӯтоҳтарин ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд. 

Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. 

Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Коршиносон ва журналистон низ эътироф карданд, ки “филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе-Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши куҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст.  Айни ҳол дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳру навоҳии мамлакат ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаҳои мазкурбуда хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи шафати роҳи Душанбе-Чанок шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид”.

Фаъолияти филиали ширкат аз оғози фаъолият инҷониб собит намуд, ки  бунёди роҳи автомобилгарди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошанд. То ин замон барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор  метри мукааб маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 85 тонна ангишт ва ба миқдори зарурӣ сарулибоси зимистонаи махусус барои кормандон ва ғайра захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур баста набуд. Бинобар ин, аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.

Табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар қиболи он оҷиз аст. Шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе маврид сокинони кишварҳои пешрафтаи олам низ дар робита ба офатҳои табиӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, ба фаъолияту зиндагиашон латма ворид мегардад.

Бо назардошти ин гуфта муътақидем, ки ҳамватанонамон вазъиятро дуруст дарк намуда, ба он баҳои мунсифона медиҳанд.

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here