Рӯзҳои охир дар масири роҳи Душанбе – Чанок боришоти беист ва бошиддати барф ба амал омада, ин омил сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати мамлакат нигоҳдории роҳи зикршударо ба зимма доранд дучанд кард. Омодагии ҷиддӣ ба мавсими сармо ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати “IRS” замина фароҳам овард, ки новобаста аз қобили мулоҳиза будани шиддат ва давомнокии боришот, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Мусаллам аст, ки бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати саривақт омодагӣ  надидан, ба  раванди фаъолият ва зиндагӣ  латма ворид хоҳад гашт. Бо ин мақсад  Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019” ба тасвиб расида буд. 

Бо дарки масъулият мегӯем, ки Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидааст. 

Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз бо шарофати фароҳам омадани шароити муносиб хатарҳои қаблан мавҷудбуда  бартараф  шуда, аҳолӣ  аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор  мебошанд. 

Замоне ки филиали Ширкати  «Инновейтив  Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ пардохт мешавад ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло ҳоло қисмати аъзами мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд. 

Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» дар муддати кӯтоҳтарин ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на  афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд. 

Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. 

Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Коршиносон ва журналистон низ эътироф карданд, ки “филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе -Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст.  Айни ҳол дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои шаҳру навоҳии мамлакат ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ се-чор маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набудани сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаҳои мазкурбуда хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи шафати роҳи Душанбе – Чанок шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид”.

Фаъолияти филиали ширкат аз оғози фаъолият инҷониб собит намуд, ки  бунёди роҳи автомобилгарди мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошанд. То ин замон барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор  метри мукааб  маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сӯзишвори дизелӣ, 85 тонна ангишт  ва  ба миқдори зарурӣ сарулибоси зимистонаи махусус барои кормандон ва ғайра захира шуда,  ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.  Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур баста набуд.   Мутаассифона, бетафовутии баъзе ронандагони нақлиёти гаронвазни боркаш ба махсусиятҳои фаслҳои тирамоҳу зимистон,  сарфи назар кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ба ҷой наовардани  эҳтироми тарафайн  боис мегардад, ки дар роҳи мавриди назар  тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд ояд.  Табиист, ки дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо  боришот  шадид аст, сафарбар шаванд. Дар чунин ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкати «IRS» мерезанд. 

Бинобар ин, аз ронандагон эхтиромона хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд  ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here