Бо амри тасодуф рӯзе ба дастам “китоб”-е афтод, ки “Қалъаи Дӯст аз Ориён то ин замон” ном дошт, ки он дар нашриёти “СИ Файзибоев “Меъроҷ”-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст. Ба ростӣ, на номи “китоб” ба номгузорӣ ҷавобгӯ асту на… Аз номи нашриёти “СИ Файзибоев “Меъроҷ” ҳадс зада мешавад, ки нашрияи хусусист. Бояд хотиррасон намуд, ки вақтҳои охир аксаран нашрияҳои хусусӣ ва аҳёнан нашриёти давлатӣ низ барои даромади ризқу рӯзӣ аз ҳисоби сармоягузории “муаллифон” ҳар гуна навиштаҳоро бо номи “китоб” ё “ҷузва” чоп мекунанд. Ин як амри таърихист, ки аслан ҷанбаи иқтисодӣ дорад ва мутаассифона, ҷанбаҳои илмию пажуҳишӣ ва ҳатто ҳақиқати таърихӣ дуюмдараҷа нею, балки охириндараҷа шудааст. Албатта, мерасад рӯзе, ки таърих ҳама чизро дар ҷояш мегузорад.

 

Китоб бояд муҳаррири масъули мутахассис, мусаҳҳеҳ, муқарризон (одатан ду нафар ва аҳёнан бештар аз ду нафар), феҳрасти адабиёти омӯхташуда, таҳлилгардидаю тавсияшаванда ва дигар талаботи меъёрӣ дошта бошад. Хусусан муҳарриру муқарризон бояд нафарони ихтисосманд бошанд, зеро дар сурати зери тозиёнаи танқиди муқарризони берунӣ қарор гирифтани китоб онҳо ҷавоби саҳеҳ дода тавонанд. Ҳоло ба муаллифони “китоби”-и мазкур кӣ ҷавоби сазовор медода бошад?

Даруни нохунак гирифтани вожаи “китоб” ба он хотир аст, ки ин навиштаҳоро танҳо зоҳиран “китоб” гуфтан ҷоиз асту халос, боқӣ дар аксари маврид ҳамоно хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, ҳатто маъно ғалат… Зеро навиштани китоб ҳам қоидаву қонун, тарзи талабот ва ҳунари хосаи худро дорад. Мазмуну мундариҷаи китоб бояд ҷавобгӯи мақсад, вазифа, аҳамияти назариявию амалӣ, таҳлили адабиёти мавҷуда, дараҷаи омӯзиши мавзуъ, ифшокунандаи розҳои ниҳон, кашфи қонунҳои табиат барои соҳаи табииёту риёзиёт ва эҳёкунандаи манбаъҳои куҳани таърихӣ дар соҳаи таърих, хонда тавонистани сарчашмаҳои номаълум барои таъриху лингвистика ва ғайраҳо буда, умуман як қолабу тартибу низоми худро дорад. Дар бораи “қолаб” бо ташбеҳу тамсил бигӯем, ҷомаву пироҳан ва либоси он набояд чунин бошад, ки дар як пой кафши чӯбини то милоду дар пойи дигар туфлиҳои “Саламандра”-и замонавӣ, новобаста аз остину гиребон ва дигар анвои он бошад… “Китоб”-и мавриди назар намунаи “нестандарҷаҳон”-и чунин мисол мебошад, ки аз Ориён гӯён дар бораи Ориён ва таърихи мо қаблии Масеҳӣ ва тамаддуни ориёиву ҳиндуаврупоӣ ва тӯронӣ ва ғайра андар ҷуғрофиёи деҳа ҳарфе нест. Бигзор бошад, ки “муаллифон” орзую ҳаваси худро чунин амалӣ карданӣ бошанд, пас бояд гуфт, ки қисми бештари “китоб” мазмуни рӯзноманигорӣ дошта, “эҷодкорон”-и он набояд худро муаллиф, балки беҳтар мебуд, ки мураттиб нишон медоданд. Бақияи дигараш ҳам ҷанбаи талфифию тарҷумавӣ дошта, дар он аслан бӯи таҳлил нест, аз назари муаррихе таҳрир нагардидааст. Пас, чӣ гуна онро “таърих” номидан равост? Дар таърихнависӣ танҳо доштани як дипломи факултети таърих кофӣ нест, зиёданд нафарони дипломдороне, ки дар бозорҳои ватанию хориҷӣ аробакашӣ мекунанд. Албатта, ҳастанд касоне, ки ҳадди худро мешиносанд ва ба кори таълиму тадрис аз рӯи навиштаҳои дигарон машғуланд ва пешаи хуби омӯзгорӣ ҳам доранд.

Муаллифони “китоб”-и “аҷоибот” яке аз ҷавонтарин деҳаи ноҳияи Деваштичро, ки ҳанӯз бӯи Ромит мекунад, биситуда муболиғаомезу мубалиғона ҳамсоли Зардушт нишон доданӣ шудаанд. Бояд гуфт, ки дар замони зиндагии Зардушт деҳаҳои имрӯзаи куҳистони Деваштич дашту куҳе беш набуд. Қадимтарин деҳа дар ҳавзаи ба истилоҳ Чорбасманада – Марсманда аст, ки марказаш Хӯҷаҳои кунунӣ қаламдод шуда, таърихи 500 ва 1000-солаи он дар сарчашмаҳо (на танҳо як сарчашма) то имрӯз маҳфуз аст.

Деҳаи Хоҷаҳоро ки нимҳазораю ҳазорсолааш дар сарчашмаҳо собит гардидаанд, деҳаи ҷадид номидаанд. Барои дарёфти “навиштаҳо”-и “муалифон”-и “китоби мавриди назар” рӯ меорем, ба илми мантиқ, ки Шайхурраис Бӯалии Сино онро “тарозуи илмҳо” номида буд. Сабаби чунин ғалатнависии “муаллифон” ба фикри банда ду чиз аст:

1) нодонӣ ва ноогоҳии онҳо аз илми таърих ва сарчашмашиносист, зеро аз муаррифиномаи “муаллифон” маълум аст, ки яке кимиёшинос буда, дигаре, мутаассифона, расман (маълум шуд, ки на воқеан) “таърихнигор” буда, ҳатто факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда будааст. Бигузор кимиёшинос аз сарчашма ва нозукиҳои сарчашмашиносӣ ва дар маҷмуъ аз тафаккури таърихӣ ва методи пажуҳиши таърихӣ бехабар бошаду ба чунин кор даст зада бошад. Аз ин ҷо гуфтаҳои ҳазрати Хоҷа Ҳофиз ба ёд мерасад, ки хеле ҳакимона гуфтааст:

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт дилбарӣ донад,

На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад…

Мақоли дигари мардумӣ ҳам ҳаст, ки дурушт буда, ин ҷо аз гуфтанаш худдорӣ мекунем. Билхусус, “ҳар киро баҳри коре офариданд…” ва беҳтар буд, ки “муаллифон”-и мазкур бо кори худ муқайяд мешуданд, он гоҳ айбу нуқсашон маҳфуз мемонд.

2) ин амали онҳо ҷанбаи сиёсӣ дорад, яъне дидаву дониста байни ду деҳа низоъ андохтан мебошад. Яъне медонанд, ки Хоҷаҳо қадимтар аст ва шояд мӯйсафедоне аз ҳамон “Қалъаи Дӯст”бошанд, ки аз ин таърих огаҳӣ дошта бошанд.

Як боби “китобгуна” (он навииштаҳоро ба ҳеч ваҷҳ китоб номидан ҷоиз нест) “Рустои Қалъаи Дӯст дар аҳди қадим” ном дорад, ки чунин оғоз шудааст: «Номи Истаравшан (на Қалъаи Дӯст) бо номҳои Суғд, Бохтар, Хоразм, Марғиён, Ориён ҳамрадиф буда аз забони Ориёҳои кишоварз гирифта шудааст…». Дар ҳамин як ҷумлаи мавҳум чандин иштибоҳ рух додааст, ки аввалан на ном, балки вожаи “Истаравшан” аз забони Ориёҳо (?)-и кишоварз не, балки калимаи форсии дарӣ (тоҷикӣ) аст. Ростӣ, агар ҳар ҷумлаи “муаллифон” таҳлили илмӣ карда шавад, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳаҷми таҳлилу тақриз аз ҳаҷми навиштаи онҳо бештар мегардад.

Худи муаллифон дуруст қайд кардаанд, ки мардуми Қалъаи Дӯст мардуми муҳоҷирони (кӯчманчиҳои) Ромитанд. Қисми дурусти “китобгуна” шеъри таърихии шоири овозадори деҳа Ҳамдам Ҷӯра (1923-1993) ба шумор меравад, ки бо мисраъҳои зерин оғоз меёбад:

Таърихи ин деҳи маро,

Бобо ҳикоят карда буд.

Дӯсти ромитӣ варо,

Кардаст барпо хушнамуд…

Дар асри XVIII ба мавқеи имрӯзаи худ аз Ромиту Ҳисору Масчоҳу Яғноб муҳоҷират кардани онҳо дуруст аст, пас чӣ ҳоҷат бо роҳҳои қалбакӣ ба асрҳои миёнаи замони сомониёну ҳатто дунёи қадими пеш аз милод часпондани як деҳаи ҷавону шукуфон? Ҳеч мумкин нест, ки як деҳа ҳамсоли Зардушт буда, ним километри ҳамсояаш ҷавонтарин арзёбӣ шавад. Ин ҷо ё нодонист ё аз он бӯи ғараз меояд.

Бояд гуфт, ки китобгуна на фароҳамоӣ, балки махлутшавии маълумоти этнографию фолклорӣ ва рӯзноманигорӣ чизи дигаре беш нест. Ҳол он ки этнография ва фолклор фанҳои ёрирасони таърих буда, маълумоти дуруст ё нодурустии онро танҳо таърихшиносони воқеӣ муайян мекунанд. Аз ин рӯ бархе аз муаррихон дуруст ва рӯирост изҳор медоранд, ки этнограф (мардумшинос) ва фолклошинос ҳанӯз муаррих нест. Дуруст ҳам мегӯянд. Барои таърихнависӣ ба ҷуз аз огоҳии вофӣ аз ҳамаи фанҳои ёрирасони таърих, инчунин тафаккури таърихӣ доштан лозим аст, ки, мутаассифона, на ҳар муаррих онро дорост.

Аҷиб он аст, ки “муаллифон” дар боби қадимии деҳаи худ онро як маротиба ҳамсанги вожаҳои бостонӣ ёд карда (ҳол он ки пайдоишашро асри XVIII зикр кардаанд), дар бораи деҳаи ҳамсояи худ Хоҷаҳо ду сафҳа маълумоти ғалату бардурӯғ ва хараҷумараҷомез навиштаанд. Виҷдон маро водор намуд, ки андар воқеияти таърихии ин мавзеъ чанд ҳарф бинвисам.

Иштибоҳи талфифии онҳо дар бораи Хоҷаҳо аз иштибоҳи этнографии на таърихии профессор Назирҷон Турсунов рӯи кор омадааст, ки банда бо ӯ низ ҳамсуҳбат гашта, ин иштибоҳро ёдрас шуда будам. Ҳини суҳбат ошкор гардид, ки Турсунов Н.О. вақти навиштани асари этнографии худ бо унвони “Сложение и пути развития городского и сельского населения северного Таджикистана 19- начала 20 вв. (историко-этнографические очерки)” (Ирфон 1976. 304 с.) маълумотро дар бораи деҳаҳои куҳистонии ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) аз донишҷӯёне гирдоварӣ намудааст, ки он замон дар факултети таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (собиқ Донишгоҳи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров) таҳсил мекарданд. Эшон иброз доштанд, ки маълумотро дар бораи Хоҷаҳо аз донишҷӯи ҳамсоядеҳаатон (дар ёд надорам, ки аз Шоҳон буд ё Қалъаи Ҳоҷӣ) пайдо кардам. Акнун хонандаи азиз, худ қазоват кунед, ки вақте донишҷӯи бечора аз бобо ё бибияш мепурсад, ки дар бораи деҳаамон ё деҳаи ҳамсояамон нақл намоед, ки устод ба мо чунин супориш додаанд, бобоёну бибиён шунидаҳои фолклорию этнографии худро дурусту нодуруст, дигар хел карда гӯем росту дурӯғ нақл мекунанд. Ӯ боз ба дигар кас нақл мекунад ва бад-ин минвол дар навиштаҳои шахси охирон хоҳу нохоҳ иштибоҳ роҳ меёбад.

Маълум нест, ки он донишҷӯ кӣ буд ва аз кӣ чӣ пурсида, ба кӣ чӣ нақл карда буд (ҳарчанд онро низ аниқ кардан душвор нест, зеро замони тӯлонӣ нагузаштааст), аммо маълум аст, ки ба ҷои Абдураҳим – Абдукарим нақл карда, иртиботи ин Шайхи бузургро бо Масчоҳ низ нодуруст нақл кардааст.

Бояд гуфт, ки ҳамаи сайидзодагону хоҷагон (хоҷаҳо)-и масчоҳӣ, яъне ба тариқати хоҷагон (нақшбандия) гаравидаи Масчоҳ аз наслу наслу насаби Хоҷа Аҳмади Косонӣ, мулаққаб ба Махдуми Аъзам (амаки Хоҷа Сайид Абдураҳим) ва авлоду аҳфоди эшон мебошанд, на баръакс. Барои ба дарозо накашидани сухан манбаъ, китоб, мақола ва умуман пажуҳишоте, ки дар бораи кору рӯзгор ва осору афкори ҳазрати Шайх Сайид Абдураҳимхоҷа ибни Сайид Абдураҳмонхоҷа, мулаққаб ба Сӯфиидхоҷа маълуманд, номбар хоҳем кард.

  1. “Рисолату-с-соликин” – рисола дар баёни тасаввуф ва аҳли тасаввуф – муаллиф халифа Абдулҳамид, шогирди Сайид Абдураҳимхоҷа, дастхат то замони мо якчанд нусха маҳфуз мондааст, ки дар китобхонаи давлатии Федератсияи Русия, китобхонаи шахсии шодравон академик Аҳрор Мухторов, китобхонаи шахсии банда, китобхонаи шахсии муаррих Лутфулло Исмоилов, хонаҳои баъзе аз сайидзодагони деҳаи Хоҷаҳо ба монанди Насриддинхоҷа Латипов, Абдукаримхоҷа Шарифов ва дигарон нигаҳдорӣ мешаванд.
  2. Р.Г.Муқминова, Н.Н.Ҳабибуллаев, Г.А.Аъзамова, Э.Э.Каримов, А.А.Тоҷибоев. Таърихи Ӯзбекистон (асри XVI – нимаи якуми асри XIX). Тарҷума ба забони тоҷикӣ аз нашри якуми ӯзбекӣ. Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба синфи 7-уми мактабҳои таълими умумӣ ба сифати китоби дарсии озмоишӣ тавсия кардааст. – Тошканд: “Ӯзбекистон”, 1995. (Тарҷумон Э.Турдиқулов)
  3. Ҳоҷӣ Сайид Абдуҷалилхоҷа. Аз насабномаи сайидзодагони Мовароуннаҳр (баҳру-л-ансоб), қисми 4-5. – Душанбе, 2009.
  4. Исмоилов Л.Э. Дастхати тоза чӣ дастхатест (Роҷеъ ба шахсияти ду шахси бузург Шайх Сайид Абдураҳим ва Хоҷа Исҳоқ) [«Ҷумҳурият», 05 феврали 1992].
  5. Абдулҳай Комилӣ. Аз таърихи қадимаи Шарқи Наздику Миёна. Нашри 1. Душанбе: Нодир, 2008; нашри 2.Душанбе: Эр-граф, 2018. — 56 с.
  6. Абдулҳай Комилӣ. Чист таърих, эй зи худ бегонае? [Паёми Душанбе, 11 марти 1992].
  7. Қушматов А. Вақф. — Душанбе: Ирфон, 1990. – 192 с.
  8. С.Рустамов,Ш.Тошева. Деваштич [Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 5. — Душанбе, 2017. — С. 432-435].
  9. Бойгонӣ: [АДМ РСС Тоҷикистон, ф. 1, оп. 1, 756, в. 11].
  10. Бойгонӣ: [АДМ РСС Ӯзбекистон, ф.18, оп. 1, д. 10297, в. 17 ва АДМ РСС Ӯзбекистон, ф. 6, оп. л. 90, в.в. 36, 42].

Албатта, ҳар навиштае аз камбудиҳои ҷузъӣ, ки ба мазмуну мундариҷаи кор аслан тааллуқ надоранд, орӣ нест. Масалан, Лутфулло Исмоилов Шайх Сайид Хоҷа Абдураҳимро бо шогирди Хоҷа Аҳмади Косонӣ (Махдуми Аъзам) гуфтан кифоят кардааст, ҳол он ки худи ӯ аз забони онҳо амузода (писарамак)-и якдигар буданро хондааст. Писарамак ба маънои он ки Хоҷа Аҳмади Косонӣ, мулаққаб ба Маъдуми Аъзам амакбузурги Хоҷа Абдураҳим, мулаққаб ба Сӯфиидхоҷа мебошад.

Ҳоҷӣ Сайид Абдуҷалилхоҷа, ки дар насабноманависӣ кори душвору шоистаи таҳсинеро анҷом додаанд, Шайх Сайид Абдураҳимро дуруст амакзодаи Сайид Ҷалолуддини Косонӣ (Махдуми Аъзам) номидаанд, вале лақабашонро ба ҷои Сӯфиидхоҷа – Сӯфисайидхоҷа номидаанд ва дар идома дуруст қайд кардаанд, ки дар деҳаи Хоҷагони ноҳияи Ғончӣ мадфунанд.

Аз навиштаҳои ёдшудаи муаррихи тавонои исфарагӣ Лутфулло Исмоилов, ки қариб ҳамаи умри худ дар омӯзиши таърихи ба истилоҳ Шайхони Ҷӯйбор сарф кардааст, чунин мехонем:

«Афзоиши саҳми силсилаи нақшбандия (таркиби он асосан аз тоҷикон иборат буд) дар зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат шаҳодат медиҳад, ки шайхони мазкури силсилаи нақшбандия нисбати халқу ватани худ бетараф набуданд. Тавре муаррихин нишон додаанд, “системаи ҳимоят”-е, ки шайхони мазкур дар воқеъоти он давр истифода менамуданд, гуногунтараф аст. Он машоих нафақат оммаҳои камбағалро аз зӯроварии қабоили кӯчӣ ва дигар намояндагони табақаи ҳукмрон то дараҷае ҳимоят менамуданд, балки онон ҳомии шаҳрҳову ноҳияҳои алоҳида буданд. Масалан, Шайх Сайид Абдураҳим парастори ноҳияҳои Ғончиву Масчоҳва Истаравшан ҳисоб мешуд ва ин ҷойҳо аз кашмакашу хунрезиҳои зиёди он давра эмин мемонданд».

Лутфулло Исмоилов дар ҷои дигар менигорад, ки «Дар асрҳои XVI-XVII нуфузи силсилаи нақшбандия (асосгузори он Хоҷа Баҳоуддин ҳисоб меёбад ва миёни силсилаҳои дигари тасаввуф бо “зикри ором” фарқ мекунад) дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлати Шайбониён ва Аштархониён пурзӯр гашт. …Боре Имомқулихони аштархонӣ аз Бухоро ба Истаравшан омад, бо Сайид Абдураҳим вохӯрд ва доири воқеоти Тошканд бо ӯ маслиҳат орост… Имомқулихон хизматҳои шайхро қадр намуд ва чанд қаряҷоти Хуҷандро ба ӯ бахшид».

“Муаллифон”, мутаассифона, аз ҳеч кадом аз маъхазҳои ёдшуда ҳатто огаҳие надоранд. Азбаски хондани дастхатҳо кори душвор аст, бинобар на ҳар як муаррих аз уҳдаи хондани он ба хубӣ мебарояд. Агар барояшон дар бойгониҳо кор кардан душвор бошад (ҳол он ки бидуни сарчашма навиштани чизе нодуруст аст), мебоист, ки аз «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» истифода мекарданд, ки 77 донишманди шинохтаи кишвар шомили Шӯрои таҳлилии он буда, ҳар ҷилдаш дар Академияи илмҳо таҳлил мегардад ва баъдан ба чоп иҷозат меёбад, инчунин боз 7 нафар мутахассисони варзидаи ин муассисаи илмӣ ҳарф ба ҳарф онро мехонанд. Пас ин чӣ гуна “китобнависӣ” аст?

Агар бобои Дӯстмурод дар асри XVIII аз Ромит муҳоҷир шуда, ба хонасозӣ машғул шуда бошанд, ки ин ҳам кори сара аст, Сайид Абдураҳим ибни Сайид Абдураҳмон дар асри XVI аз ноҳияи Косони вилояти Намангон омада, бо духтари шоҳ Искандархон ва хоҳари шоҳ Абдулқуддусхон – шоҳони замони худ дар Истаравшан оиладор гашта, парастори ноҳияҳои Ғончиву Масчоҳ ва Истаравшанро бар уҳда доштанд. Марқади эшон дар деҳаи Хоҷаҳои кунунӣ, ки он замон маркази Марсмандаи бостонию бузург маҳсуб мегардид, воқеъ буда, тамоми мардуми сайидзодагони деҳаи Хоҷаҳо ҳамагон наберагони он ҳазрат мебошанд. Сайидзодагони Хоҷаҳо аз Хоҷа Халилулоҳ ном писари Сайид Абдураҳимхоҷа ва тӯраҳои Уротеппа, ки ба хотири эҳтироми номи Искандархону Абдулқуддусхон – падарарӯси бобоияшон дар охири номашон суффикиси «хон» қабул кардаанд, ба монанди Аҳмадхон, Ихтиёрхон ва ғайра аз писари дигар Сайид Абдураҳимхоҷа эшони Сайид Ёдгорхоҷа идомаи насаб доранд.

Дар мавриди муҳаррирон гуфтаниам, ки албатта як қонуни нонавиштаи таърих амал мекунад, ки ба хотири чизе ё касе ё маблағе ва ғайра одатан муҳаррирон чизеро нахонда, таҳрир накарда розигии худро медиҳанд, ки муаллифон ё мусаннифон ё муратибонро хафа накунанд ва дар ниҳоят баъзан “хизмати хирсона” ҳам мешавад.

Ин аст мухтасаре, ки “тақризгуна” ё “таҳлилгуна”-и “китобгуна”-и мавриди баррасӣ. Дар сурати даст додани фурсати муносиб, бо хости Худованди мутаъол, таърихи деҳоти куҳистони Деваштичи кунуниро идома хоҳам дод. Ба бародарони муҳтарам – “муаллифон”-и “китобгуна”-и зикршуда ва ҳамаи хонандагони азизу арҷманд ва хусусан мардуми шарифи Хоҷаҳо ва Қалъаи Дӯст ёдрас шуданиам, ки:

Сухан дониста гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад…

Бояд мардуми ин деҳаҳои ҳамсоя дар фазои дӯстию рафоқат бо назардошти ҳақиқати воқеии таърихӣ, на талфифӣ дӯстона ба мисли бобоҳои худ, ки бар якдигар эҳтироми хоса доштанд, зиндагӣ кунанд, то намунаи ибрати ояндагон бошад.

 

Абдулҳай Комилӣ, профессор

Добавить комментарий