«Абадият замонест, ки дар он идеалҳо арзи ҳастӣ мекунанд».

Жан Пол

Дар ҳаёти ҳар як шахс идеал мисли обу ҳаво зарур аст. Ба воситаи идеал ё худ шахсияте «интихобшуда» инсон рафти зиндагиашро тағйир медиҳад. Пайдо шудани идеал дар ҳаёти ҳар яки мо бо роҳҳои гуногун сурат мегирад. Масалан, дар кӯдакӣ идеали ман Маҳатма Чандра Гандӣ буд. Хуб дар хотир дорам, ки аз таърихи умумӣ дар бораи ин пешвои мардуми Ҳинд хонда будем. Дигаронро намедонам, аммо илмдӯстиву қаҳрамонӣ ва хоксориву қаноатмандии ин шахсияти маъруф маро ба шӯр овард ва дар вуҷудам ғалаёнеро бедор кард. Ана аз ҳамон даврон сар карда, Гандии бузург бароям идеал шуд.

Баъдтар яке аз қаҳрамонҳои филми «Гарри Поттер» — Албус Дамблдор идеали ман гардид, то ба он андозае, ки аз Интернет дар борааш ҷустуҷӯ мекардагӣ шудам. Ҷоан Роулинг — нависандаи силсиларомани «Гарри Поттер»-ро метавон ягона нависандае номид, ки бо китобнависӣ дувоздаҳумин зани миллиардери Британияи Кабир гардид. Бо офаридани чунин романи нодир ӯ тавонист барои миллионҳо нафар ҳам идеал шаваду ҳам идеал офарад.

Рости гап, дар назди шуҷоату мардонагии баъзе занон сари таъзим ва ихлос фуруд оварда будам ва меорам. Агар ба ҳаёти ин гуна занон мунсифона назар афканем, то андозае ба сиёсат наздикӣ ё бо он сарукор доштанд. Дар бораи шоира Зебунисо аз китобҳои дарсии адабиёт ошноӣ пайдо карда будам. Тезии қалам, бомаърифатӣ, нотарсиву далерӣ ва истодагарии ӯ ба муқобили падар ва аз шоҳзодагони дигар фарқи куллӣ доштани ӯ дар ҳақиқат шоистаи таҳсин аст.

Дигарбора аз ҳафтаномае, ки дар мактаби миёна ба он обуна будам, доир ба ҳаёту фаъолияти Индира Гандӣ маводеро хонда, дар вуҷудам ҳисси эҳтиром нисбати қаҳрамонзани миллати ҳинду бедор шуд. Гоҳо рафтори ӯро бо дигарон муқоиса карда, ба чунин хулоса меомадам, ки ғами миллатро на фақат мардон, балки занон аз онҳо дида зиёдтар мехӯранд.

Шахсияти дигаре, ки тавонист номи худро дар таърихи миллати тоҷик бо хати заррин чун қаҳрамони Наврӯз ва публитсисти рӯшанфикр сабт кунад, Бӯринисо Бердиева мебошад. Тӯли фаъолияти бистсолааш дар ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» пайваста ҳақиқатро ҷонибдорӣ мекард ва манфиати халқи бечораро аз манфиати шахсии худ боло гузошта буд. Устод Лоиқ дар ҳаққи чунин қаҳрамонзанон гуфтаанд:

Фиреби ошноёнро чӣ гӯям?

Ғироми дӯстдоронро чӣ гӯям?

Занон мардона гоҳо ишқ варзанд,

Заифиҳои мардонро чӣ гӯям?

Бешак, дар қабристони таърих онҳое хуфтаанд, ки замоне мардум аз гирифтани номашон метарсиданд ва ё шахсиятҳое, ки бо шунидани номашон дар дилу хотироти омма саҳифаҳои рангину дурахшон орӣ аз ғаразу доғ ҷилвагар мешаванд. Албатта, фарқ байни эшон аз замин то осмон аст. Моро мебояд ба қадри хизматҳои ин фарзонафарзандон бирасем. Чӣ кунем, ки замону фазо «шеркушу рӯбоҳпарваранд», ё ба таври дигар гӯем, замоне расидааст, ки «шер аз дасти маймун шир мехӯрад». Лек, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо бояд кӯшиш кунем.

Мард бояд ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

ГУЛНОЗ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here