Истифодаи нодурусти интернет сабади истеъмолии оилаҳоро касод мекунад

Дар замони муосир ҳаётро бе истифодаи технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷавонони имрӯза дар ҷаҳони пешрафти технологияҳои рақамӣ, чун интернет ва телефонҳои мобилӣ, ки воситаи асосии осон дастрас шудани иттилоот дар ҳаёти рӯзмарра гаштаанд, ба воя мерасанд. Хизматрасониҳои интернет ба ҳаёти мо фаъолона ворид мешаванд ва ба ҳар як инсон имконият медиҳанд, то қобилияти эҷодии худро фарохтар кунад, дар кор ва омӯзиш комёб гардад, дар ҷаҳони муосир ҳаёти худро равшантар созад.

Ҳоло эътироф шудааст, ки интернет ба захираи иттилоотии муқтадире табдил ёфтааст, ки аз сифат ва моҳияти он ба рушди ҳамаҷонибаи ҷамъият вобастагии қавӣ дорад. Истифодаи озодона аз технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, малакаи кор дар шабакаи интернет ва мустақилона дарёфтани захираҳои нави маълумот, чунинанд малакаҳое, ки ҷавонони имрӯз бояд аз худ намоянд, то ки дар оянда соҳибкасб гардида, дар ҷамъият мавқеи сазоворро ишғол кунанд.

Бинобар ин ҳангоми муошират тавассути интернет, лозим аст, ки ба қадри даркорӣ эҳтиёткор бошем ва аз ҳудуди меъёри одоби муоширати маъмулӣ берун набароем, зеро одамон аз руйи навиштаҳои мо ба дараҷаи маърифати мо, сатҳи ҷаҳонбиниву тарбияву ахлоқи мо баҳо медиҳанд ва дар баробари ин тамоми норасоиву камбудиҳои мо ошкор мешавад.

Таъсиррасонии интернет барои кӯдакон ва наврасон яке аз омилҳои ташаккулёбии психологии рушди онҳо мебошад. Мо худ ҳамчун волидайн ва шахси боақлу дарккунанда бисёр вақт дар интернет чи қадар вақт гузаронидамонро дарк ва ҳис намекунем ва албатта ин ба фарзандони мо низ, ки онҳо ҳамаруза дар наздамон ҳастанд, таъсири худро мерасонад. Албатта фарзандони мо низ аз мо меомӯзанд ва рафтори моро такрор менамоянд.

Мутаассифона, дар шабакаҳои интернет гурӯҳҳое зиёд шуда истодаанд, ки ба ҳолати психологии рафтори ҳар нафар таъсири манфӣ расонида ба ҳар гуна амалҳои ғайриахлоқӣ оварда мерасонанд. Барои ҳамин агар дар хона фарзанди Шумо ба интернет ворид гаштанро оғоз намуд, бояд пеш аз ҳама Шумо ҷурсозии браузери худро пеш аз ҳама барои дастрасии ӯ аз ҳамагуна иттилоотҳои «нолозим» маҳкам намоед.

Ҳангоми истифода аз сомонаҳои интернетӣ ҳамеша дар хотир доштан лозим аст, ки мо бо кӣ муошират мекунем. Фаромӯш кардан лозим нест, ки тавассути интернет мо бо шахси зинда, аксар вақт якбора бо одамони зиёд дар муошират ҳастем.

Дар фазои озоди интернет, ки он ҷо ҳар кас метавонад худро бо номҳои махфӣ муаррифӣ намояд, ҳар чизе, ки мехоҳад, бигӯяд, бисёр муҳим аст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар баробари ин дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки ҳудуди интернет назар ба ҳудуди ҷамъияти маъмулии одамон чандин маротиба васеътар аст ва ҳар як қисмати он қонунҳои худро дошта метавонад. Бинобар ин ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои интернет, мо бояд мақсади муайян дошта, онро барои нафъи худ истифода бурда, самаранокии истифодаи интернетро ба фарзандони худ фаҳмонем. Истифода аз хизматрасонии интернет маблағи муайянеро талаб менамояд, ки дар шароити имрузаи иқтисодӣ на ба ҳама дастрас мебошад.

Истифодаи нодурусти хизматрасониҳои интернет боиси сарфи вақт, зарари маънавӣ ба шахс ва пеш аз ҳама харҷи буҷаи оила гашта метавонад. Буҷаи оила одатан аз тарафи падару модар пешакӣ нақшакашӣ карда мешавад, то ин ки аз руи он даромаду хароҷоти оила ба танзим дароварда шавад ва пеши роҳи хароҷоти нолозим гирифта шавад. Буҷет имконият медиҳад, ки дилхоҳ шахс донад, ки кадом вақт ва чи қадар пулро аз куҷо ба даст меорад ва ба куҷо равона менамояд.

Истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки истифодаи шабакаи интернет таъсири манфии худро ба буҷаи оила мерасонад.

Хуб мешуд, ки истифодаи интернет дар оила аз тарафи волидайн ҳама вақт назорат карда шавад, то фарзандон вақти қимати худро танҳо барои иттилооти зарурии ба рушди зеҳнии онҳо мусоидаткунанда сарф намоянд. Дар акси ҳол истифодаи беманфиати интернет дар оила боиси харҷи барзиёди буҷа гардида, ба арзишҳои маънавии фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.

Соҳибистиқлолии давлат ва вазъи босуботи сиёсию иқтисодии имрӯза имкон додааст, ки дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баҳри ҷавонони толибилм сифхонаҳои компютерӣ ташкил карда шаванд ва хизматрасониҳои интернетиро ба таври ройгон таъмин намоянд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷу бе сарфи маблағи зиёдати аз буҷаи оила ба таври ройгон аз хизматрасониҳои интернетӣ барои нафъи донишазхудкунӣ ва баланд бардоштани савияи дониши худ истифода бурда аз иттилооти ҷаҳони имрӯза хабардор гардад.

Мирзошо Давлатов,

директори МТМУ №47, ҷамоати Сағирдашт, ноҳияи Дарвоз.

Добавить комментарий