Дар вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли равон зиёда аз 1100 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 ҳолат зиёд аст. Аламовару дарднок он аст, ки пас аз ҷудо шудани ин хонаводаҳо беш аз 1000 нафар кӯдакон бесаробон мондаанд.

 

Лавозимоти рӯзгор — омили ҷудошавии оилаҳо

Се фарзанди Азиза, ки сокинони вилояти Хатлон мебошанд, имсол бо иллати наовардани чизу чора аз навозиши падар маҳрум гашта, зиндаятим монданд. Яъне сабаби бекор кардани ақди никоҳи ин хонаводаро маҳз костагии муҳабати хонаводагӣ ба миён овард, ки ҷурми он чизи ночиз — яъне лавозимоти рӯзгор мебошад.

Имрӯз Азиза дар чорроҳаи зиндагӣ моту ҳайрон монда, ҳавлии падарро манзили истиқомати худ қарор додааст, ки албата, барояш бо се тифли ноболиғ мушкилиҳо дорад.

Қаҳрамони мо қисса мекунад, ки аз рӯзи ба хонаи шавҳараш рафтан пайваста ӯро хушдоманаш маломат мекард, ки «келини ҳамсоя чизу чораи зиёд овард, чаро ту наовардӣ?» Ӯ мегӯяд, ки «волидайни ман имкон надоштанд, то телевизор, яхдон, мошини ҷомашӯӣ ва дигар лавозимоти рӯзгорро бароям харидорӣ кунанд». Азиза, ки қиссаи хонавайрониашро бароямон ҳикоят мекард, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезаду гиря гулӯгираш менамуд.

Чунин ҳолатҳо дар зиндагии ҳамарӯзаи мо бисёр ба мушоҳида мерасанд, вале ранҷу кулфати онро танҳо нафарони чун Азиза эҳсос карда метавонанд, ки сабаби парокандашавии як хонавода «лавозимоти рӯзгор» гардидааст. Азиза дар андешаи он аст, ки зиндагии хешро бо се фарзанд чи гуна хоҳад гузаронд?

Яке аз сабабҳои дигар хушунати хонаводагист. Қаҳрамони дигари мо Сайёра аст, ки аз рӯзгори талхи худ бароямон қисса кард.

Сайёра — сокини ноҳияи Кушониён таҳти фишору зӯроварӣ маҷбур шудааст аз ҳамсараш ҷудо шавад. Ӯ бо се фарзанд ҳамарӯза таҳти зулму ситами шавҳари майхорааш қарор дошт. “Шавҳарам майхора буду ҳар рӯз нӯшидаву сархуш ба хона бармегашт ва ману кӯдаконамро зери таҳқиру латукӯб қарор медод. Барои дарёфти як қадаҳ ҳамаи ҷавоҳироту ашёи арзишнокамонро бурда мефурухт. Рӯз аз рӯз зиндагиамон ба дӯзах табдил меёфт. Бисёр фикр кардам, дар аввал умед доштам, ки шояд бо гузашти вақт ба худ меояд ва аз ин роҳаш мегардад. Мутаассифона, ҳар рӯз азобамон зиёдтар мешуд. Дигар илоҷе ҷуз ҷудошавиро надидам. Косаи сабрам лабрез шуду аз ӯ ҷудо шудам. Имрӯз зиндагӣ бо се фарзанд хеле мушкил аст. Маҷбур шудам хонаеро иҷора гирам ва дар ошхона ба ҳайси пешхизмат кор карда, пули иҷораро супорида ва шиками кӯдаконамро сер кунам. Афсӯс, имкон намеёбам, то фарзандонамро бо ашёи лозимаи мактабӣ таъмин кунам, ки мисли ҳамсолонашон дониши хуб бигиранд”,- мегӯяд Сайёра.

Бино ба гуфти сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зиннатгул Сафарзода, аз 1100 оилаи ҷудошуда 650 оилааш ҷавонони то 35-сола ва 360 оила аз 35 боло мебошанд. Дар ин давра 5 оила бо сабаби зӯроварӣ вайрон шудааст, ки ин омил боиси нигаронист.

Ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Вахш, Панҷ, Кӯлоб, Шаҳритуз, Восеъ ва Леваканд зиёд аст.

Ҳамсуҳбати мо аз болоравии ҷудошавии шумори оилаҳои ҷавон изҳори тавшиш карда, афзуд, ки надонистани маърифати оиладорӣ, гоҳе бемасъулиятии волидону мудохилаи онҳо, аз ҷумла хушдоманҳо, наовардани лавозимоти рӯзгор боиси аз даст додани зиндагии орому осоиштаи ҷавонон мешавад. Ӯ гуфт: “Ҷавонон низ дар ин маврид бегуноҳ нестанд. Зеро ба зиндагии оилавӣ омода нестанд. Яъне, риоя накардани фарҳанги ҳамзистӣ, нагузоштани эҳтиром ба волидони ҳамдигар боиси бадбахтии худи онҳо мегардад. Ғайр аз ин, сабабҳои дигаре ба мисли рашки зиёду беасос, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ ва хушунат мебошанд”.

 

Леваканд: Оилаҳо бештар бо ҳалномаи суд ҷудо мешаванд

Дар 4 моҳи соли 2019-ум дар шаҳри Леваканд 23 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат зиёд аст.

— Аз  23 оилиаи ҷудошуда 14 ҳолати он бо ҳалномаи суд бекор карда шудааст, ки баъди он 14 кӯдак дар тарбия модар мондаанд,- гуфт мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Леваканд Лутфия Соҳибназарова.

Ба гуфти ин масъули бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, омилҳои ҷудошавии оила чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошанд. Манбаъ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки аз тарафи кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо суҳбату вохӯриҳо тариқи хона ба хона гаштану мардумро огоҳ намудан ба роҳ монда шудааст.

— Ин кор натиҷаи хуб дод, зеро дар моҳи май аллакай ду оила, ки бояд ҷудо мешуданд, барқарор карда шуданд,- афзуд мудири бахш.

Лутфия Соҳибназарова гуфт, ки “мо дар оянда кӯшиш мекунем, то суҳбату вохӯриҳоро миёни аҳолӣ бештар намуда, дар коҳиш додани ҷудошавии оилаҳо саҳми худро гузорем”.

 

Ҷалолиддини Балхӣ: 52 оила ҷудо ва 2 оила барқарор шуд

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар чор моҳи соли 2019-ум 52 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Зикр шуд, ки баъди пошхӯрии 52 оила дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 40 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.

Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Зуҳро Бобозода истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи келин, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ ва дахолати волидон ба ҳаёти шахсии навхонадорон арзёбӣ кард. Манбаъ гуфт, дар ин давра ду оила, ки барои бекор кардани ақди никоҳи худ муроҷиат карда буданд, бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавонистанд ин оилаҳоро аз пошхӯрӣ наҷот диҳанд. Ҳамчунин, имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри наҷоти ду оилаи дигар идома доранд ва умед доранд ба натиҷаи дилхоҳ даст меёбанд.

 

Хулоса

Бояд гуфт, ки ташкили оилаи солим ва интихоби дурусти ҳамсар яке аз мавзуҳои муҳими ҳаётӣ ба шумор меравад. Инҷо суоле ба миён меояд, ки бо вуҷуди он, ки шуъбаю бахшҳои сабти асноди шаҳрвандӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва даҳҳо ташкилотҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ дар байни ҷомеа кор мебаранд, боз ҳам шумори оилаҳои ҷудошуда рӯ ба афзоиш дорад. Мушкил дар чист? Дар усулҳои пешбурди корбарӣ ё дигар?

Боз ҳам, тақдири беш аз 1000 нафар кӯдаке, ки аз яке аз волидонашон ҷудо мешаванд ва аз меҳри падар ё модар дур мемонанд, касро ба андеша мебарад, ки тақдири ояндаи ин тифлакон чӣ мешавад!?

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

Добавить комментарий