Замони кӯдакиам, ба ёдам ҳаст, хело хушбахт ва хушҳол будем. Падару модарам кулли хоҳиши моро иҷро мекарданд. Аз чизе танқисӣ надоштем. Умуман, ғарқи орзуҳои кӯдакии хеш будем ва гумон мекардем, ки ҳама ба мисли мо хушбахту хушҳоланд, аммо чунин набудааст. Бо мурури замон дарк кардам, ки зиндагӣ барои ҳама якранг нест.

Гиряҳои гоҳо босадо ва гоҳо хомӯш, чашмони чор, нигоҳҳои пур аз тарс, пур аз раҳм ва ваҳми тифлакони бегуноҳе , ки ҳар рӯз, ҳар дақиқаву ҳар сония ба ҳалокат мерасанд. Ҳар лаҳза онҳоро хатари марг таҳдид мекунад. Кӯдаконе, ки ниёзманди мо ҳастанд, дасти кӯмакро интизоранд, интизори меҳру муҳаббат, интизори нону об, интизори падару модар ва интизори хомӯшии ҷанг ҳастанд.

Ба ҳалокат расидани садҳо, ҳазорҳо тифлакони бегуноҳе, ки яке дар зери хоку об, дигаре дар оғӯши модар, савумин бошад, аз тири ҳамватанони худ, ки фирефтаи пайроҳаи ҷанг шудаанд, ба ҳалокат мерасанд.

Дар соҳили дарё, дарёи беканор пайдо шудани ҷасади хурдакаки шахшудаи Айлони бегуноҳ… Ин манзараро ман то ҳол фаромӯш карда наметавонам. Магар кӯдакон сазовори марг ҳастанд? Марги онҳо оташи ҷангро хомӯш мекунад? Марги онҳо тавонист дили бераҳми садҳо хоинонро сӯзонад? На, натавонист…

Миҷгона ШАРИФОВА

Добавить комментарий