Инсон вақте ба шинохти оламу одам шуруъ кард, кӯшиш мекунад дӯсте дошта бошад, ки ҳамеша ҳамроҳу канораш бошад. Тавонад бо ӯ якҷоя роҳи мушкилиҳояашро дарёфт намояд. Натанҳо дар мушкилоту ғам, балки дар шодию сурур низ канораш бошад.

Вақте ба воя расидам ва ё ба қавли дигар, сиёҳро аз сафед фарқ мекардагӣ шудаму ба дарки оламу одам шуруъ кардам, дӯсте пайдо намудам, ки аз он замон то ҳол бо ман аст. Ин дӯстам аз дасти падару бобоям ва ё тағо ё холаҳоям ба даст меомад. Лаҳзаҳое буд, ки бе вай будам. Ҳис мекардам он бадтарин лаҳзаҳо бошад. Дигарон маро эътибор намедоданд.

Ҳар лаҳзаву ҳар замон мехоҳам бо ӯ бошам, зеро ягона такягоҳу дардошноям буд. Ҳарчанд кӯшиш мекунам аз ӯ дур бошам, намешавад. Дил кандан аз ин дӯсти ширинам амри маҳол аст. Ҳар куҷое, ки равам, ӯ бо ман аст. Агар ба меҳмонӣ ва ё ба ҷое сафар кунам, ҳамеша ӯро бо худ мебарам, чунки бе ӯ ҷое рафта намешаваду қадам гузоштан номумкин. Агар мабодо ба ҷое сафар кунаму ӯро дар хона фаромӯш намоям, ҳамон лаҳза ба ёдам омада, давон-давон баргаштаву ӯро бо худ мебарам.

Тӯли ин қадар сол дӯсти қаринем, вале ӯ ҳеҷ намехоҳад бо ман бошад. Ҳамеша мекӯшад аз ман ба каси дигар равад. Бо ивази як чизи ночиз даррав маро тарк мекунад. Вале ман ҳамеша бо ӯ ҳастам. Бо кӯмаку дастгирии ӯ ман озодона ба шабнишиниҳо, тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну сур меравам. Кӯмак кардан ба маро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Ӯ ҳаст, ки маро дар ҳама гуна вазъият дастгирӣ мекунанду хоҳанд кард. Чунки ӯ қобилияте дорад беҳад баланд. Шояд ин дӯсти азизи ман ба ҳама инсонҳои дигар дӯсти наздик бошад. Дасти сахояш ба ҳама мерасад, дастигири ҳамагон аст. Дар ҳама гуна вазъият натанҳо ман, балки тамоми инсонҳои рӯйи замин аввал домони ӯро мегиранд. Ин дӯсти ширин ҳеҷ як инсонро ноумед намекунад, агар дар ҳақиқат бо ӯ ёр бошад. Агар лаҳзае маро танҳо гузорад, сахт дунболагираш мегардам. Худро ба ҳама кӯю дар мезанам, то пайдояш намоям. Бо заҳмату талош дар як муддати майяне дарёбаш мекунаму аз шодӣ дар курта намеғунҷам. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки бо мушкилиҳои хеле зиёд пайдо месозамаш, аммо хашмгин намешавам, ки он лаҳзаҳо маро тарк кард. Зеро бо дидани рӯйи ӯ таоми он лаҳзаҳо фаромӯш мешаванд. Бидуни ӯ буданро боре ҳам таҷриба накардаам ва таҷриба кардан ҳам намехоҳам. Шояд рӯзҳое бошад, ки бедарак мешавад, аммо он рӯзҳо тӯлонӣ нест. Бе ӯ рӯзҳоям бисёр душвор мегузаранд. Касе кӯмакам намекунад, дастамро намегирад, то ҷониби орзуҳоям равон гардам. Бо ташаббуси ӯ ман ба донишгоҳ дохил шудам. Дар он рӯзҳои шодӣ ӯ канорам буд. Қадрашро ҳар замон бештар мефаҳмам, ки чӣ қадар ғамхорам ҳаст. Лаҳзае худ ба худ меандешам, агар аз хурдӣ ӯро пайдо намекардам, ҳеҷ кас маро чун ӯ дастгирӣ намекард. Агар хоҳам ба хона, ба дидорбинии падару модар равам, ё ба ҷое ҳамроҳи ҳансинфону ҳамкурсон сафар кунам ва ё ба ҷое нишаста, чизе хӯрданӣ шавам, чун ҳамеша ӯро бо худ мебарам, чунки бе ӯ аз гулӯям чизе намегузарад.

Хуллас, ӯ ягона дӯсте ҳаст, ки маро танҳо намегузорад, дастгирам аст. Ин гуна дӯстро дар ҷомеаи ҳозира ёфтан басо мушкил асту мушкил. Орзуи ягонаи ман нисбати ӯ ин аст, ки маро дар ягон вазъият танҳо нагузорад. Ман ӯро аз самими дил дӯст медораму қадраш мекунам. Дӯсти азизу ғамхорам, дӯсти ба дил наздику бениҳоят меҳрубонам, Пулҷон…

Парвиз АСАДУЛЛОЕВ

Добавить комментарий