Чанд рӯз пеш кандани асфалту бетони роҳи мошингард дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе оғоз шуд. Роҳи мазкур аз пули маҳаллаи 82-юм то дарвозаи ғарбии пойтахт азнавсозӣ мешавад. Дар ҳамин қитъаи роҳ  — серодамтарин масир назди тарабхонаи «Шаҳриёр» ва бинои нави сенздаҳошёна дар назди кӯчаи Нусратулло Махсум, бинои №103 мебошад. 

Ҳамарӯза ин роҳи мошингардро даҳҳо ҳазор нафар убур мекунанд. Қаблан то кандани  роҳи мазкур, ки аз 4 масир, аз ҷумла, ду роҳи нақлиёти ҷамъиятӣ иборат буд, роҳгузарон бо азобе байни ин роҳҳо истода, кӯчаро мегузаштанд. Акнун, ки бо кандани 2 роҳ ҳаракати нақлиёт дутарафа шудааст, убури кӯча хеле хатарнок мебошад: На ҳамеша ронандаҳо ба пиёдагардон роҳ медиҳанд. 

Бояд гуфт, ки аз ин роҳ ҳамарӯза ҳудуди 4 ҳазор нафар донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, беш аз 2 ҳазор нафар шогирдону муаллимони мактаби таҳсилоти умумии № 89 ва беш аз ҳазор нафар волидону тарбиягирандагони 3 боғчаи кӯдакони маҳалла ҷонашонро ба хатар гузошта, мегузаранд. Боз қариб ҳамин қадар аҳолии маҳалла ҳар рӯз ин роҳро убур мекунанд. Бо кушода шудани роҳ дар маҳаллаи 82-юм ва азнавсозии масир шумораи нақлиёти автомобилӣ дар ин кӯча ба маротиб меафзояд ва убур кардани он аз ҷониби пиёдагардон хеле мушкил ва хатарнок хоҳад буд.  Дар ҳамин росто барои минбаъд осон шудани ҳаракати нақлиёт ва бехатарии шаҳрвандон пешниҳоде дорам: 

Дар ҳамин қитъаи роҳ, яъне дар шимол – назди тарабхонаи «Шаҳриёр» ва дар ҷануб — бинои нави 13-ошёна гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шавад.  Албатта, Ҳукумати шаҳри Душанбе барои сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ маблағ надорад ва шояд дар лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингард аз назди ҶСК «Барқи тоҷик» то дарвозаи ғарбӣ низ чунин маблағ пешниҳод нашудааст. Вале роҳи дигари ҳалли ин масъала ҳаст. Ҳукумати пойтахт барои сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ метавонад соҳибкоронро ҷалб бикунад. 

Масалан, соҳибкоре (ё чанд нафар), ки масъули сохтани гузаргоҳи зеризамиӣ мешавад, дар дохили он барои худ якчанд мағоза, ошхона ё коргоҳи дигари хизматрасонӣ низ месозад ва аз ин даромад гирифта, маблағи масрафкардаашро мебарорад. 

Албатта, пешакӣ бо соҳибкор дар бораи озод кардан аз андози ҷорӣ дар сохтмони роҳи зеризаминӣ ва минбаъд ба муҳлати муайян озод кардани мағозаву коргоҳҳои хизматрасонии зери роҳ аз андоз ба мувофиқа расидан лозим аст. 

Дар ин ҳол, боварӣ ҳаст, ки соҳибкорон ба ин амали нек ва хайр даст мезананд ва дар ободии пойтахт саҳм мегиранд.  Бояд гуфт, ки ҳоло дар пойтахт, махсусан, дар ҷойҳои серодам барои сохтани мағоза ва коргоҳҳои хизмати маишӣ замини холӣ нест. Бинобар ин, ғолибан соҳибкорон бо шарти зикршуда ба сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ розӣ хоҳанд буд. 

Қобили зикр аст, ки пешниҳод оид ба сохтани роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон ҳатмӣ ва саривақтӣ аст. Зеро дар ояндаи наздик бо афзоиши нақлиёти автомобилӣ ва пиёдагардон хоҳ — нохоҳ ин масъала ба миён меояд. Он вақт роҳи мошингардро аз нав кандан лозим мешавад. Ҳоло ки роҳи мошингард қисман баставу азнавсозӣ шуда истодааст, сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ нисбатан камхарҷ хоҳад буд.  

Тӯли ду сол аст, ки мо — сокинони пойтахт  ободкориву созандагии раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалиро  бо чашми сар мебинем ва ифтихор мекунем, ки Душанбеи мо ободу зебо шуда истодааст. Бовар дорам, ки пешниҳоди банда оид ба сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ дар маҳаллаи 102-юм шаҳрамонро боз ҳам зебо ва сокинонашро бехатар аз нақлиёти автомобилӣ мегардонад.

Ҷовид Муқим, 

журналист

Добавить комментарий