Эй писар, бошад ҳумои рӯзгорат падар,

Ибтидои рӯзи неку бахти хандонат падар.

Чашмаи рӯҳи равону нури имонат падар,

Дар талоши зиндагӣ тадбиру сомонат падар,

Роҳбару мушкилкушову мушкилосонат падар.

Ҷавоне падари куҳансол дошт ва ҳамеша ба ӯ хизмати шоиста мекард. Сари чанд вақт падаршро ба китфаш бардошта, дар роҳе мерафт, ки он ҷо дар чоҳе об буд. Ҷавон падарро назди чоҳ оварда, боэҳтиёт ба замин гузошту аз чоҳ об гирифта, ба падари ташнааш дод. Муйсафед обро нӯшида, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Ҷавон аз ин ҳоли падар хавотир гашта, пурсид: «Падарҷон, шуморо чӣ безобита кард? Ва ё аз ман хатое содир гардид, ки сабаби ранҷиши шумо шуд? Чаро гиря карда истодаед?». Падараш гуфт: «Эй нури чашм, ин ашки ман ашки шодист. Ман барои он ашк мерезам, ки чил сол пеш аз ин, дар ҳамин синну соли ту ман низ падари худро ба пуштораам бардошта, аз ҳамин чоҳ об дода, ӯро сероб гардонида будам. Агарчи аз миён чил сол гузашта бошад ҳам, он хидмате ки баҳри дарёфтани ризои Худованд дар ҳаққи падари худ карда будам, беҳуда нарафт ва подоши онро имрӯз аз ту Худованд баҳри ман насиб гардонид. Он вақт ман падари худро ба пуштораам мебардоштам ва ӯ маро дуо карда, гуфта буд, ки «писарам, имрӯз ту ба ман хидмат намуда, маро ба пуштораи худ мебардорӣ. Илоҳо фарзандат туро ба китфи худ бардорад». Имрӯз дида истодаам, ки дуои падарам ба даргоҳи Худованд иҷобат шуда, ту маро ба китфи худ бардошта истодаӣ. Имрӯз бошад, ман туро ба ивази ин хидмати шоистаат дуо мекунам, ки фардо туро ба китфаш не, балки ба болои сараш бардорад».

Қуръон дар қалби фарзандон эҳсоси эҳтирому миннатдориро нисбат ба падар бедор сохта, дастур медиҳад, ки баъд аз изҳори сипос ба Аллоҳ, ки асоси ҳама эътибору некиҳост, дар мавқеи дуюм волидайн меистад. Дини бузурги ислом то ба дараҷаи аълои башардӯстиест, ки одамонро васият мекунад, ки падари худро эҳтиром намоем ва бо ӯ хушмуомила бошем, ҳатто агар вай мусулмон ҳам набошад. Ҳатто пайғамбарамон дар ҳадисе фармудааст: «Бо касе, ки ӯро падари ту дӯст медошт, дар робита бош ва мабур, вагарна Аллоҳ нури туро хомӯш мекунад!».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мусулмони асил ҳатто алоқаҳои муҳаббату дӯстиро баъд аз сари падар бо дӯстонаш ҳамеша нигоҳ медорад.

Кишварҳое, ки дар онҳо дини ислом доман нагустурдааст, фарзандон баъди ба камол расидан аз волидайнашон ҷудо шуда, робитаи миёни онҳо канда мешавад. Дар натиҷа онҳо бо падару модарони худ вонамехӯранд, таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва ҳатто раҳму шафқат надоранд. Дар ҷомеае, ки мову шумо зиндагӣ мекунем ва худро мусулмон мегӯем, эҳтиром ва бузургдошти падар ба назар мерасад? Ба рафтори баъзе менигарам, тасбеҳ дар даст, ҷойнамоз дар китф сӯи масҷид равон асту эҳтироме ба падар надорад, ҳол он ки, аз гузашта то ба имрӯз чунин шахсонро «бепадар» мегӯянд, ки аз ҳазор дашному ҳақорат вазнинтар аст.

Аз қадрдонам пурсидам:

— Ба аёдати падари беморат кай рафтӣ?

— Ду моҳ пеш. Худат медонӣ, нафақаам 400 сомонӣ. Бачаҳо дер боз аз Русия маблағе равон накардаанд. Дасти холӣ рафтан айб аст. Ваъдаи имрӯзу фардо карданд. Насиб бошад, меравам, дар пешаш чанд сомонӣ мегузорам…

Эй бародар, падари 82-солаи ту муҳтоҷи пулат нест ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки бо ин амалат қарзи фарзандиатро адо намекунӣ!

Чун яккаписар будаму дар телевизиони «Мавҷи озод»-и ноҳия ва МТМУ-и рақами 1 кор мекардам, борҳо дар семинарҳо чӣ дар шаҳри Душанбею Хуҷанд ва Варзоб аз ҷониби телевизион ба муддати ҳафтаҳо иштирок мекардам. Пеш аз рафтан падарам аз пасандози нафақааш гарчанде эҳтиёҷ набуд, маблағи муайяне медод, то ин ки ба гуфтаи худаш «гушнаю ташна» намонам. Вақте бармегаштам, бо як самимияту муҳаббат чун айёми хурдсолиам ба оғӯш мегирифту натиҷаи сафарҳоямро мепурсид. Падари 102-солаам ба ман, ки соҳиби набера будам, чун айёми наврасиам муносибат мекард. Пайваста дуо мекард: «Худованд ҳеҷ гоҳ дасти камро набинию баракати фарзандонатро бинӣ». Дуои падарам мустаҷоб гардид ва шукронаи фарзандонам мекунам, ки дар куҷое набошанд, дастёру мададгори ҳамешагии мананд.

Ба самти шаҳри Кӯлоб равон будам. Марде, ки дар паҳлуям менишаст, ҳангоми аз паҳлуи қабристон гузаштан даст ба дуо бардошт. Воқиф гаштам, ки дар он ҷо гӯри падараш аст ва барои охирин бор дар иди Қурбон ба зиёраташ омадааст. Ҳар гоҳе, ки аз ин ҷо гузарад, роҳравон бо дуо даст ба рӯ мебарад ва гӯё ҳамин қарзи фарзандии худро иҷро мекунад.

Бо даъвати як шиносам меҳмони хонадони ӯ шудам. Дар ҳуҷрае, ки ман ва чанде аз меҳмонон нишастем, писари соҳибхона аз ҳама боло якпаҳлу дароз кашида, бо як кибру ғурур чой менӯшид. Падараш дар поёни пойи ӯ нишаста, ба писараш хизмат мекард. Ин гуна писар гирифтори бемории маънавӣ аст ва қарзи фарзандии худро дар назди падараш фаромӯш кардааст. Ин манзараро дида, суханони коргардони филми эронии «Юсуф паямбар» марҳум Фараҷҷуллоҳи Силоҳшур ба ёдам омад: «Агар ман дар ошёнаи якум нишаста бошам, фарзандонам ҳеҷ гоҳ ба хотири эҳтироми падар ба ошёнаи дуюм намебароянд». Аҳсан ба чунин фарзандону тарбиятгари онҳо!

Боре падари ҳамсинфам, ки дӯсти наздики падарам буд, ба мактаб омада, аз ҷабру ҷафои фарзандаш ба хотири ҳамсараш шикоят намуд: «Агар нӯшидагӣ бошад, ба сӯям даст боло карда, дашномҳои қабеҳ медиҳад». Магар чунин хислати бади инсон, аз қабили нописандию беэҳтиромӣ нисбат ба падарро, ки боиси чашми гирёни ӯ мегардад, Худованд мебахшад? Ҳаргиз!

Хуб медонӣ, ки фардо чист саранҷоми кор,

Хокӣ ҳастӣ, то тавонӣ шав ҳалиму хоксор.

Ту зи панди талху ширинаш ҳамеша ёд ор,

Кори неку азми неку номи некаш пос дор.

Қуввати дил мешавад дар рӯзи майдонат падар,

Чашмаи рӯҳи равону нури имонат падар.

Эҳтироми падарро ба ҷо оварда, ӯро тоҷи сар намоем ва гиромӣ дорем, зеро падар пушту паноҳ ва қиблагоҳи хонадон аст. Давраи ҷавонӣ зудгузар аст. Амали ба падарат раво дидаатро аз фарзанди худ интизор шав. Аз ин рӯ, эҳтироми падарро ба ҷо оварем, то ин ки дар оянда пушаймон нашавем.

Писар, баҳри падар ҷонат фидо кун,

Кафи пояш бибӯс, нарм-нарм садо кун.

Ба вақти зиндагиаш меҳрубон бош,

Ки фардо дер шавад, имрӯз нидо кун.

 

Рӯзимади ТОҲИР,

ноҳияи Восеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here