Дар дурдасттарин деҳаи Панҷакент — Фароб, ки аз маркази шаҳр дар 90  километр ҷойгир аст, худо накарда, нафаре бемор шаваду зарурати интиқоли ӯ ба беморхонаҳои шаҳр пеш ояд, наздикони мариз ба соҳибони нақлиёти шахсӣ рӯи ниёз меоранд. Он ҷо маркази саломатӣ ҳаст, вале на ҳама беморонро мешавад дар ин гӯшаи дурдаст ташхису табобат кард.

— Маркази саломатии деҳаи Фароб замоне дорои мошини ёрии таъҷилии тамғаи УАЗ буд. Ин ҷо таъкид ба тамғаи мошин ба ин хотир аст, ки дар роҳҳои душворгузар ва фарозу нишеби деҳаҳои куҳистон на ҳар мошин кор медиҳад. УАЗ-и шӯравӣ мошини ҳарҷогард буд,- мегӯяд собиқ сардухтури маркази саломатии деҳаи Фароб Алиҷон Усмонов.

Ҳоло бошад, на танҳо маркази саломатии деҳаи Фароб, балки аксари беморхонаҳои минтақавӣ, ки шумораашон ба 13 адад мерасад ва марказҳои саломатӣ, ки 40-то ҳастанд, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.

Дар беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва шаҳраки Суғдиён воҳиди кории нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, вале мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.

Тибқи маълумоти беморхонаи марказии шаҳр, ба маркази саломатии деҳаҳои дурдасти Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ворӯ ва Моғиён соли 2018 мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст. Ин кӯмаки сохторҳои вилоятии соҳа дар соли 2018 мебошад.

Дар маҷмуъ, ҳоло ба беш аз 260 ҳазор нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 34 воҳиди кории духтурон ва кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи бо хидматрасонии ёрии таъҷилӣ фаро гирифтани аҳолӣ 22-то кам мебошад. Тибқи меъёрҳои соҳавӣ ба ҳар 10 ҳазор нафар бояд як бригадаи ёрии таъҷилӣ хидмат расонад.

Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳр ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Тавре сарвари пойгоҳи ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ба муроҷиин 3 бригадаи умумитиббӣ, 29 нафар духтурони навбатдор, 12 нафар беҳёр, 4 нафар танзимгар, 5 нафар тозакорон ва 9 нафар ронандагон шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд. Дар ҳудуде, ки пойгоҳ хизмат мерасонад, беш аз 60 ҳазор нафар сокин ҳастанд ва тибқи меъёр боз ба 2 мошини ёрии таъҷилӣ бо бригадаи табибон эҳтиёҷ доранд.

Тавре аз маълумоти пойгоҳи ёрии таъҷилии тибии беморхонаи марказии шаҳр бармеояд, қисмати бештари даъватҳо ба амрози дилу рагҳои хунгард, руҳӣ-неврологӣ, узвҳои нафаскашӣ равона гардидааст ва тӯли ду соли охир пойгоҳ ба 552 нафар сокинони деҳоти атрофи шаҳр низ хизмати тиббӣ расонидааст. Дар ин солҳо 3137 нафар аз тариқи пойгоҳи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Оё сокинони ҷамоатҳои деҳот низ аз чунин ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрдоранд? Дар сурате, ки ба 14 ҷамоати деҳот ҳамагӣ 4 мошини ёрии таъҷилӣ хизмат мерасонад, дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Тибқи меъёр, тавре зикр шуд, барои Панҷакент, ки наздик ба 300 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат доранд, на кам аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ва мутобиқи он бригадаҳои умумитиббӣ ва махсус лозим аст.

Таҳлили даъватҳо ба пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр собит мекунад ва онро сардухтури пойгоҳ М. Сафаров низ таъкид менамояд, ки ин ҷо ба мошини ёрии таъҷилии муҷаҳҳази замонавӣ, ки барои беморони дил, кӯдакон ва ёрии изтирорӣ (эҳёгарӣ) махсус гардонида шудааст, эҳтиёҷ доранд.

Маблағе ки дар соли 2018 барои таъмини фаъолияти пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, ба як даъват мутаносибан баробари як сӯзандору ва ним литр сӯзишворӣ аст. Оё мешавад бо ин маблағ ҳатто ба як бемор хизмати тиббӣ расонид ё ба маҳали дурдасти атрофи шаҳр сафар кард? Яъне, баъзан аз бемор ё соҳибони бемор пул талаб кардани духтурони ёрии таъҷилӣ аз ҳамин таъминоти ночиз сарчашма мегирад ва ин таъкиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро, ки ёрии аввалияи тиббиро дар мамлакат барои аҳолӣ комилан ройгон мегӯяд, зери суол мебарад.

Зиёда аз ин, дар тамоми шаҳр ҳоло коргоҳи истеҳсоли оксиген, ки барои беморон дар ҳолатҳои изтирорӣ зарур аст, мавҷуд нест ва ба ин сабаб 3 маҷмуъ асбоби оксигендиҳии пойгоҳи ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии шаҳр низ истифода намешавад.

Хулоса, касал нашавед ва коратон ба ёрии таъҷилӣ наафтад! Беҳтарин орзу дар соли нави 2019.

Хуршед ФОЗИЛОВ, МТЖТ

Добавить комментарий