“… Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем…”
Эмомалӣ РАҲМОН

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолияти худро бо нерӯи созанда ва илҳоми беандоза аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст. Кулли устодон ва донишҷӯёни донишкада аз сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар ҷонибдорӣ намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои дурнамои ҳукумати мамлакат камари ҳиммат бастаанд. Хушбахтона, дар кишвари соҳибистиқлоли мо толибилмон тамоми шароити замонавиро соҳиб буда, аз рӯи назарсанҷиҳо соли 2018 Тоҷикистон дар бобати дастрасии таҳсилот дар миёни 154 мамлакати дунё ҷои 54-ро ишғол кардааст, ки ин нишондод мо — зиёиёни кишварро водор мекунад, то хубтару беҳтар фаъолият намоем.
Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», консепсияҳои миллии илм, таълим ва тарбия, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи маориф қабул гардидаанд, фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоишу супоришҳои вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидро сармашқи доимии худ қарор дода, баҳри иҷроиши онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Натиҷаи ҳамин чораандешиҳои саривақтӣ ва босамар буд, ки донишкада дар соли 2018 дар самтҳои фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Муаззамхон АНСОРӢ, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Сифати таълим
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 8 сол қабл, аз аввалинҳо шуда ба низоми нави таълим — низоми кредитӣ гузашт ва курсҳои 1-5 бо ин низом таълим мегиранд. Айни замон дар Донишкада 2563 нафар таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1402 нафар дар шуъбаи рӯзона, 1043 нафар дар шуъбаи ғоибона — фосилавиро ташкил менамоянд. Инчунин, 118 нафар дар магистратура касби камол доранд. Ба донишомӯзон 122 нафар устодон, аз ҷумла, 54 нафар номзадҳо ва доктори илм дарс медиҳанд, ки 14 нафар доктори илм ва 40 нафари онҳо номзади илм ҳастанд. Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло 20 нафар унвонҷӯ мебошанд, инчунин 36 нафар омӯзгорон ба докторантура, магистратура ва унвонҷӯӣ пешниҳод карда шуданд.
Аз оғози соли таҳсили 2017-2018 барои донишҷӯёни курсҳои якуми ҳамаи ихтисосҳо низоми нави таълимии 24 соата ба роҳ монда шуд. Ҳарчанд ин низоми таълим барои устодону донишҷӯёни курсҳои 1 нав аст, онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нозукиҳои ин намуди таълимро аз худ намоянд. Дар факултети ғоибона низ низоми нави 24 соата ба роҳ монда шуд, ки ҳоло донишҷӯёни курси 1 ва 2 бо ин низом таҳсил мекунанд.
Раёсати донишкада барои самаранок ва пурмаҳсул гузаштани машғулиятҳои дарсӣ аз техникаю технологияи ҳозиразамон истифода мебарад. Феълан дар донишкада 232 адад компютер, ки 154 ададаш ба интернат пайваст мебошад, фаъолият менамояд. Дар донишкада 12 синфхонаи компютерӣ амал мекунад, ки бо 144 адад компютер таъмин буда, ба 2 нафар донишҷӯ 1 адад компютер рост меояд. Илова бар ин, дар донишкада боз 46 адад компютер дар утоқҳои корӣ, 36 адад тахтаи электронӣ, 21 адад принтер, 1 адад факс, 21 адад сканер, 36 адад проектор, 21 адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 65 адад камераҳои назоратӣ, 5 адад базаи камераҳои назоратӣ, 10 адад телевизор, 8 адад сервер, 38 адад асбобҳои дигар, аз ҷумла, 12 адад дастгоҳи коркарди чӯб, 9 адад дастгоҳи буррандагӣ ва васлкунии металл, 1 адад компрессор, 3 адад генератори барқ, 3 адад нерӯдиҳандаи барқии офтобӣ, 10 мошинаи дарздӯзӣ, 1 адад плоттер, 6 адад дастгоҳи полиграфӣ (Ромаёр R 375, Эра, дастгоҳи муқовабандӣ, дастгоҳи коғазбурӣ BR 760 MM, Тегилка, пресс), 1 адад сатри даванда, 4 адад дастгоҳи баландгӯяк бо 12 адад микрофон, 2 адад видеокамераҳои рақамӣ, 2 адад фотоаппарат мавҷуд аст.
Бо истифода аз ин техникаю технологияи ҳозиразамон устодон кӯшиш намуда истодаанд, ки машғулиятҳо шавқовар ва мақсаднок гузаранд. Дар ҳар як кафедра дарсҳои кушод амал мекунад. Дар 12 кафедра 40 маротиба дарсҳои кушод ва конференсияҳо гузаронда шуданд, ки барои баланд бардоштани савияи илмии донишҷӯён нақши муҳим мебозад.
Барои донишҷӯёни ӯзбекзабон бошад, дарсҳои иловагии омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст ва дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддат аз забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда шудааст, ки ин иқдом барои ба амал татбиқ намудан Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ” мебошад.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо мақсади пурзӯр намудани заминаи таълимӣ, гирифтани таълими иловагӣ аз 1 октябри соли 2015 «Мактаби математика», «Мактаби физика», «Мактаби химия» ва «Мактаби биология» таъсис дода шудааст. Барои донишҷӯёни ӯзбекзабон дарсҳои иловагии омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ
Маркази таҳсилоти фосилавӣ тибқи фармони ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон тибқи карори Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ташкил гардидааст.
Марказ дорои китобхона мебошад, ки дар он 5000 нусха ададбиёт барои таҳсилоти фосилавӣ мавҷуд аст. Доир ба 150 фанни таълимӣ версияи электронии адабиёт гирд оварда шудааст. Ҷараёни таълим бо ёрии технологияҳои гуногуни омӯзиши фосилавӣ аз ҷумла кейстехнологияҳо бо дастрас намудани маводҳои таълимию методӣ дар намуди чопӣ, дискҳои электронӣ, аудио ва видео дискҳо, технологияи почтаи электронӣ, технология бо шабакаҳои глобалии «Интернет» ва технологияи пахш намудани аудио ва видеосаптҳо ва радифии телекоммуникатсионӣ амалӣ мегардад.
Мавқеи «Интернет» ва истифодаи он дар ин шакли таълим бисёр муҳим буда, донишҷӯён аз Интернет-портал fosilavi.dotpanj.tj ва online.dotpanj.tj, ки донишкада тартиб додаст, истифода мебаранд. Дар ин портал барномаҳои корӣ, тавсияҳои методӣ, ҷадвали дарсҳо, матни лексияҳо, дарсҳои КМРО, видеофрагмент, видеоконфронс, модулҳо (тест) барои санҷиш аз ҳар як мавзӯъ ва бисёр маводҳои дигар ҷой дода шудааст. Барои додани супоришу вазифаҳо, ҷамъ кардани корҳои санҷишӣ, корҳои назоратӣ, ҳаргуна мусоҳибаҳо почтаи электронӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаъоли ташвиқотию тарғиботӣ дар соли таҳсили 2018-2019 ба донишкада тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 732 нафар довталабон дохил шуданд, ки аз онҳо 533 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 199 нафар донишҷӯ ба тариқи фосилавӣ мебошанд. Инчунин, ба тариқи анъанавӣ 43 нафар ба магистратура, 367 нафар ба таҳсилоти дуюм, 64 нафар ба идомаи таҳсил, 111 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба донишкада қабул гардидаанд.

Илм ва инноватсия
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шуда, он дар самтҳои гуногун гузаронида мешавад. Дар равияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани маводҳои дарсӣ аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ-методӣ як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд, ки дар Шӯрои олимони факултетҳо ва Шӯрои олимони донишкада баррасӣ шудаанд: «Барномасозӣ ва амалӣ намудани технологияи муосири коммуникатсионӣ», «Хусусиятҳои ташаккул ва муаммоҳои рушди иқтисодиёт ва худидоракунии маҳаллӣ», «Масъалаҳои вариатсионии Дрихле барои муодилаҳои эклептикӣ дар соҳаи маҳдуд таназзулёбанда», «Типологияи муқоисавии ҳиссаҳои нутқ дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ», «Методикаи таълими фанҳои гуногун», «Таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои экологии баландкуҳҳои Тоҷикистон», «Проблемаҳои таҳлил, аудит ва муҳосибот дар соҳаи иҷтимоӣ», «Масъалаҳои ташаккули системаи маскуншавии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ», тарҷума ва омӯзиши манбаъҳои муҳими таърихӣ оид ба таърих ва маданияти халқи тоҷик дар асрҳои миёна. Тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои водии Зарафшон омӯзиши таърих ҳаёти маданӣ-маънавӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар замони шӯравӣ ва солҳои истиқлолият”, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 солагии Саразми бостонӣ аз ин зумраанд.
ДОТП бо Донишгоҳи Оксфорди Англия, донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Австрия, Германия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва марказҳои илмиву макотиби олии касбии кишварамон ҳамкории илмӣ ва таҳсилот дорад.
Ректори донишкада устод Ансорӣ М.Қ. дар конференсияҳои илмӣ-амалии мактабҳои олии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Омски Федератсияи Русия, инчунин, дар Донишгоҳҳои шаҳри Чимкент ва «Сирдарья»-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, ширкат варзида, бо маърӯза баромад намуданд.
Масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, педагогика, илм бо донишгоҳҳои зерин ҳал карда шуд, аз он ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Ниҳон ва Донишгоҳи давлатии Айчии Ҷумҳурии Ҷопон, Донишгоҳи «Сырдарё» дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи минтақавии-инноватсионии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи молиявии Омск дар назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Маркази таълимию фарҳангии «Конфутсий»-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо як қатор сафоратхонаҳо, аз он ҷумла Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои наздики байналмилалӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав баргузор гардид, 6 нафар донишҷӯёни ДОТП аз фанҳои мухталиф ғолиб дониста шуданд. Ҳамчунин, дар озмуни «Донишҷӯи сол» намояндагони донишкада фаъолона ширкат варзида, ба даври ҳам вилоятӣ, ҳам ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забони чинӣ, гирандаи якчанд ифтихорномаву сипосномаҳои ҳукумати шаҳри Панҷакент, вилоят ва ҷумҳурӣ, донандаи хуби забони чинӣ ва англисӣ, аълочии хониш Рофиева Мунира Шоимовна донишкадаро дар ин озмуни бонуфуз муаррифӣ кард.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент тайи як сол 7 конференсияи илмӣ-амалии сатҳи байналмилалӣ, 4 мизи муддавар, 1 семинари амалӣ дар мавзуъҳои мухталиф ташкил карда шуд, ки ин нишондиҳанда сутуданист.

Робитаҳои байналмилалӣ
Дар соли 2018 дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар донишкада корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Инчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, педагогика, илм бо донишгоҳҳои зерин ҳал карда шуданд: Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд, Донишкадаи давлатии забонҳои Самарқанд, Донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Донишгоҳи Академияи «Сирдарё», Донишгоҳҳои иҷтимоӣ ва инноватсионии минтақавӣ, байналмилалӣ, техникии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи Уйғури муқаррарӣ, Донишкадаи давлатии хадамоти Омск, Академияи давлатии тиббии Омск, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Омск, Донишгоҳи техникии давлатии Омск, Донишгоҳи давлатии Омск, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии Кемерово.
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои номбурда аз гузаронидани конфренсияҳо, семинарҳо, форумҳо, вебинарҳо, муҳокимаҳо оид ба мавзуъҳои муайян, дар шакли онлайн, инчунин иштироки бевосита ва фосилавии ҳамкорони хориҷии мо дар ин чорабиниҳо иборатанд.
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, Россотрудничество, сафоратҳои Русия, Чин, ИМА, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Туркия ба донишҷӯёни донишкада имконият медиҳад, ки онҳо ба барномаҳои идрорӣ ва мубодилаи барномаҳо иштирок варзанд ва ба таври ройгон муддате таҳсил намоянд. Дар донишкада анъанаи даъвати кӯтоҳмуддати устодон аз ин кишварҳо барои дарс гуфтан ва бо тарзи фосилавӣ, яъне бо тарзи дистансионӣ ҷорӣ карда шудааст.
Инчунин барои дарсгӯӣ олимони намоёни Академияи илмҳои ҶТ, донишгоҳ ва донишкадаҳои намоёни ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.
Дар Донишкада марказҳои фарҳангии Амрико, Чин, Арабистони Саудӣ, ва Русия фаъолият намуда, кори зиёдеро дар омӯзиши забонҳо, омода сохтани донишҷӯён барои таҳсил дар ин кишварҳо ва ғайраро амалӣ менамоянд. Марказҳо дорои китобхонаҳо буда, бо китобҳои тахассусӣ, филмҳои омӯзишию фарҳангӣ, компютерҳои пайваст бо Интернет ва ғайра таъмин мебошанд. Ба устодону донишҷӯён имконият фароҳам оварда мешавад, ки онҳо дар ин кишварҳо муддате коромӯзӣ ё таҳсил намоянд. Марказҳо ба гирифтани грантҳои гуногуни таҳсилотӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамкории байни ДОТП бо донишгоҳҳо ва сафоратхонаҳои дар боло қайдгардида баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, конфренсияҳо, семинарҳо, форумҳо, вебинарҳо, муҳокимаҳо оид ба мавзуъҳои муайян, дар шакли онлайн, инчунин иштироки рӯзона ва ғоибонаи ҳамкорони хориҷии мо ин чорабиниҳоро дарбар мегирад.

Китобхонаи донишкада
Дар замони Истиқлолият саҳмгузорӣ дар пешбурди маърифатнокии ҷомеа, ташвиқи осори куҳан ва дастовардҳои навини илму фарҳанг, инчунин ҷалби хонандагони синну соли гуногун ба китобу китобхонӣ истифода аз падидаҳои навини муосир ҳадафи асосии низоми китобдорист.
Маҳзани умумии китобхонаи донишкада иборат аз 12556 дона китоб буда, аз он 8540 дона китобҳои соҳавӣ, 848 дона бадеӣ, 1743 дона методӣ ва 1425 дона адабиётҳои гуногун мебошад. Китобхонаи донишкада мунтазам бо Китобхонаи миллии Тоҷкистон ва дигар китобхонаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ҳамкории зич дошта, барои рушди доимии муносибатҳои тарафайн кӯшиш мекунад.
Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент китобхонаи электронӣ аз соли 2012 инҷониб фаъолият намуда, дорои 81000 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва тахассусӣ мебошад, ки донишҷӯён аз онҳо истифода мебаранд. Ба ғайр аз ин, бо ташаббуси раёсати донишкада ва бо дастгирии ректори донишкада Ансорӣ М. Қ. аз хориҷи кишвар як миқдор адабиётҳо ба китобхонаи электронии донишкада ба тариқи электронӣ ворид карда шудаанд.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дорои китобхонаҳое мебошад, ки барои устодону донишҷӯён, ҳаводорони китоб ва мутолиа хизмат мерасонад.
Толорҳои қироати китоб дар бинои асосии донишкада барои 60 нафар, дар “Қасри Геолог”-ҳо барои 50 нафар ва дар бинои СИМУРЧ баҳри 50 нафар омода карда шудааст, ки толибилмон метавонанд чи китобҳои дарсӣ ва чи китобҳои илмиро самаранок истифода баранд.
Ҳамчунин донишкада дорои китобхонаи муҷаҳҳазонидашудаи электронӣ мебошад, ки хушбахтона, робита бо тамоми китобхонаҳои дунёро барояшон барқарор менамояд. Китобхонаи электронии донишкада дорои 21 нуқтаи компютерӣ ва 160 ҷои нишаст мебошад.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 аз ҷумла омадааст, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”. Инчунин, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм, Хадамоти назорат дар соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ назоратро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пурзӯр намоянд.
Аз ин рӯ, кулли кормандони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 гузошта шудаанд, тамоми чораҳои лозимаро меандешанд.

“МТЖТ”

Добавить комментарий