Ё мушкили ношунавоён дар Тоҷикистон

 

«Ман барои он ба омӯзиши ин забон сар кардам, ки фарзандам нуқси ношунавоӣ дорад. Мисли дигар модарон мехоҳам, ки ӯро фаҳмам, бо ӯ суҳбат кунам, ҳамаи хоҳишашро иҷро намоям»,- мегӯяд модаре, ки дар факултаи психология ва таҳсилоти фарогир таҳсил мекунад.

Аз тамоми аҳолии ҷаҳон, ки то моҳи майи соли 2019 беш аз 7,7 млрд (www.countrymeters.info) шудааст, 10% мушкили шунавоӣ доранд. Тибқи омори Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон (ИМНТ), дар кишвари мо шумораи нафарони ношунаво ё камшунаво ба 30 ҳазор мерасад, ки аз ин миён ҳамагӣ 4200 нафар дар ИМНТ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз он, ки ин гуруҳи одамон дар муоширати ҳаррӯза ба мушкилӣ дучора мешаванд, инчунин ҳангоми баъзе корҳо, аз қабили ташхиси духтур дар дармонгоҳ, иҷрои коре дар идораи нотариалӣ, мурофиаҳои судӣ ва амсоли ин, мушкилоти шахсони ношунаво ва камшунаво даҳчанд мегардад.

Дар Тоҷикистон ягона муассисаи таълиме, ки дар ин самт мутахассис омода мекунад, ин факултаи психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ба қавли декани факултаи психология ва таҳсилоти фарогир Мунира Обидова, дар факултаи мазкур донишҷӯён аз рӯйи ҳашт ихтисос таҳсил мекунанд, ки яке аз онҳо ихтисоси сурдопедагогика ва информатика аст, ки он ҳам қаблан танҳо сурдопедагогика буд.

— Факултаи психология ва таҳсилоти фарогир соли 2015 таъсис дода шуд ва ихтисоси сурдопедагогика ва информатика, ки қаблан аз соли 2009 дар базаи дигар факулта буд, яке аз қисматҳои он ба шумор меравад. Соли аввали таъсисёбии ихтисос ҳамагӣ 25 нафар ба он дохил шуданд, аммо аз сабаби он, ки донишҷӯён оид ба он маълумот надоштанд, баъдан ба дигар факулта ва ихтисосҳо интиқол гирифтанд. Аввалин хатмкунандагони мо ҳамагӣ 6 нафар буданд, ки ҳамаи онҳо дар мактаб-интернатҳои махсус бо кор таъмин шуданд,- мегӯяд муаллима Обидова.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар оғози кор ихтисоси мазкур танҳо сурдопедагогика буда, муаллимони соҳаи мазкурро барои муассисаҳои махсусгардонидашуда омода мекард, аммо чанд соли охир ин ихтисос ба сурдопедагогика ва информатика табдил дода шуд, то хатмкардагони он тавонанд дар баробари муаллими забони ишора, аз фанни информатика дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ дарс диҳанд.

Таври маъмулӣ, нафаре, ки ба омӯзиши ин ё он ихтисос рӯ меорад, пеш аз ҳама мехоҳад мушкили шахсии худро ҳал кунад. Зебо Бидиева, тарҷумони забони ишора дар ИМНТ мегӯяд, ки аз хурдӣ аллакай аз баъзе нозукиҳои ин забон огоҳӣ дошт.

— Чун аз оилаи ношунавоён ҳастам, аз хурдсолӣ аллакай оид ба ин забон маълумот доштам. Баъдан баъде, ки дар курсҳои махсуси тарҷумонии Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон таҳсил кардам ва соҳиби шаҳодатнома шудам, ба ҳамин иттиҳодия ба кор даромадам. Имрӯзҳо дар ИМНТ 7 нафар тарҷумони забони ишора кор мекунанд, ки ҳамаи онҳо хатмкардаҳои курсҳои махсус ҳастанд,- иброз медорад Зебо Бидиева.

Ҳамсуҳбати дигари мо Хоҷаева — донишҷӯйи курси 4-уми бахши ғоибонаи ихтисоси сурдопедагогика мегӯяд, ки ба хотири дарк кардани хоҳишу талаботи фарзандаш ба омӯзиши забони ишора рӯ овардааст.

— Ман барои он ба омӯзиши ин забон сар кардам, ки фарзандам чунин нуқс дорад. Мисли дигар модарон мехоҳам, ки ӯро фаҳмам, бо ӯ суҳбат кунам, ҳамаи хоҳишашро иҷро намоям ва аз ҳама муҳим, дар таҳсили илм дар оянда ҳам ба ӯ ёрдам карда тавонам,- мегӯяд Хоҷаева М.

Тавре Мунира Обидова мегӯяд, дар аввал мушкили донишҷӯёни ихтисоси мазкур он буд, ки на ҳамаи онҳо оид ба касби ояндаи худ маълумот доштанд, бинобар ин, барои ҳалли ин нофаҳмӣ устодон ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ рӯзи дарҳои кушод баргузор карда, аз нозукиҳои ихтисоси мазкур ба довталабон маълумот медиҳанд.

Абдуҳабиб Зоҳидов, донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси сурдопедагогика мегӯяд, ки дар оилаашон ва аз наздиконашон касе дорои нуқси ношунавоӣ набуд, бинобар ин, дар аввал ҳам оид ба касби ояндааш маълумоте надошт.

— Ман танҳо дар раванди таҳсил дидам, ки ин чӣ забон асту устодон чӣ тавр дарс медиҳанд. Дар маҳфили «Дастони гӯё» иштирок карда, аз нозукиҳои ин ихтисос каме бохабар шудам. Чун ҳоло дар курси се мехонам, тасмим дорам, ки дар оянда тарҷумони касбии забони ишора шавам. Ҳарчанд медонам, ки дар кишвари мо аз рӯйи ин забон тарҷумон омода намекунанд, аммо ният дорам, ки баъди хатми курси панҷум, агар дар кишвари худамон ихтисоси тарҷумонӣ таъсис дода нашавад ҳам, дар ягон давлати дигар таҳсили худро идома диҳам. Мехоҳам минбаъд дар Тоҷикистон дар ин самт кор кунам, чунки воқеан мутахассисони касбӣ дар ин самт дар кишварамон каманд,- таъкид мекунад Абдуҳабиб.

Саттор Қувватов, роҳбари Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон устоди ДДОТ буда, дар омода намудани мутахассисони сурдопедагогика саҳми арзанда дорад, далели камбуди тарҷумонҳои забони ишораро тасдиқ карда, мегӯяд, ки факултаи психология ва таҳсилоти фарогири донишгоҳ танҳо сурдопедагог, яъне муаллимони забони ишора омода мекунад, ки онҳо минбаъд дар муассисаҳои таълимӣ дарс дода метавонанд, аммо мушкилоти камбуди тарҷумонҳои соҳа то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст.

— Дар кишвар ҳамагӣ якчанд нафар тарҷумони забони имову ишора аст, ки хатмкардаҳои замони шӯравианд. Барои он ки хоҳишмандони ин ихтисос бештар шаванд, бояд пеш аз ҳама дар барномаи таълимӣ ихтисоси тарҷумонӣ ворид карда шавад. Дигар қадаме, ки метавонад хоҳишмандони тарҷумони забони ишораро бештар кунад, ин додани мақоми давлатӣ ба ин забон аст. Бояд гуфт, ки дар 31 давлати дунё ба ин забон мақоми давлатӣ дода шудааст ва агар Тоҷикистон ҳам ин корро анҷом диҳад, хеле хуб хоҳад шуд,- мегӯяд Саттор Қувватов.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, барои тарҷумони забони ишора шудан на камтар аз панҷ сол таҳсил бояд кард. Гуфтаҳои ҳамсуҳбати моро муаллима Обидова низ тасдиқ карда, илова намуд, ки имрӯзҳо бинобар талаботи худи донишҷӯён, аз ҷумла нафарони ношунаво ва камшунаво, ки онҳо низ дар факултаи мазкур таҳсил мекунанд, зарурати ҷорӣ намудани ихтисоси тарҷумони забони ишора ба миён омадааст.

— Барои омода намудани тарҷумонҳо дар ин самт ба Вазорати маориф ва илми кишвар мактуб равона карда, интизори иҷозатнома ҳастем,- гуфт Обидова. Аммо ба андешаи тарҷумони соҳа Зебо Бидиева, беҳтар аст, агар омода намудани тарҷумонҳои забони ишора ба зиммаи Донишкадаи забонҳо вогузошта шавад.

Тавре гуфта мешавад, ҳарчанд барои таълими мутахассисони забони ишора имрӯзҳо китоб ва дастурамалҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ омода шудаанд, аммо яке аз дигар мушкилоти соҳа норасоии муаллимони фанҳои дақиқ аст.

Маврид ба ёдоварист, ки то ба имрӯз факултаи мазкур бо ихтисоси сурдопедагогика 100 нафар мутахассис омода кардааст, ки аз онҳо 13 нафар ношунаво ва камшунаво будаанд. Айни замон 97 нафари дигар дар бахши рӯзона ва ғоибонаи факулта дар ин ихтисос таҳсил мекунанд.

… Ашхоси ношунаво ва камшунаво узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳо низ мисли мову шумо инсонанд. Ҳарчанд узви сомеаи онҳо суст бошад ҳам, дигар узвҳояшон хеле шадид аст, ки мо ҳатто тасаввур карда наметавонем. Онҳо ба ғайр аз шунидан, аз уҳдаи тамоми кор мебароянд.

 

М. НОЗИМӢ

 

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ки аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон” ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Добавить комментарий