Яке аз мушкилиҳои 1-и имрӯз ҷудошавии ҳамсарон буда, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ба ҷои он, ки пошхӯрии оилаҳо коҳиш ёбад, рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Сабаб чист, ки мардум бо умеду ормони зиёд, бо қарз фарзандашонро оиладор мекунанду баъди чанд муддат никоҳ вайрон мешавад? Паёмад, сабаб, оқибат ва роҳҳои ҳалли ин проблемаро аз мудири кафедраи сотсиология, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Миров Фирӯз Сафаралиевич пурсон шудем.

 — Сабаб чист, ки пошхӯрии оилаҳо рӯз ба рӯз зиёд мешавад?

— Ҷудошавии оилаҳо сабабҳои гуногун дорад. Масалан, барои моликият ё мувофиқ наомадани характерҳои ҳамдигар ё бо дахолати шахсони сеюм (волидон, бародар ё хоҳарон). Баъзан вақт ҳарчанд навхонадорон зиндагиашонро давом додан мехоҳанд, аммо аъзои оила онҳоро водор менамоянд, ки ҷудо шаванд. Ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки модари духтар ҳам омада духтарашро аз хонаи шавҳараш маҷбурӣ гирифта мебарад. Дар аввал волидайн таҳрик медиҳанд, ки “ту ака дорӣ, додар дорӣ, туро нигоҳ мекунанд, хор намешавӣ”, лекин як сол нагузашта, таънаву маломат сар мешавад. Вақте ки зан шавҳар кард, дигар аъзои хонавода ҳисоб намешавад. Агар гашта омад, ӯро ҳамчун меҳмон қабул мекунанд. Мо гуфта наметавонем, ки чанд фоизи оилаҳо бо кадом сабаб ҷудо шудаанд. Ҷудошавии оилаҳо — ин хоси ҷомеа аст. Дар ҷое, ки оила аст, ҷудошавӣ ҳаст. То ҳол ба ягон давлат муяссар нашудааст, ки ин ҷиҳатҳоро пурра аз байн барад. Дар баъзе ҳолат шумораи ҷудошудагон меафзояд, баръакс, боз коҳиш ҳам меёбад. Мувофиқи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 12000 оила пош хӯрдаанд, ки аксарияташонро навхонадорон ташкил медиҳанд.

— Барои чӣ шумораи ҷудошудагон ин қадар зиёд аст?

— Таъсири равандҳои беруна ва ҳам ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз ба Тоҷикистон ворид гаштааст, шумораи ҷудошудагонро меафзояд. Сабаби асосӣ дар он аст, ки мардҳо мехоҳанд оиларо мисли пештара идора кунанд. Занҳо бошанд, дигар намехоҳанд мисли пешина зиндагӣ кунанд. Дар оила вақте келин карда меоранд, чунин ба назар мерасад, ки келин на барои фарзанд, балки барои худашон, барои кору бори хона аст. Келини онҳо бояд меҳнатию гапдаро бошад, хизмати тамоми хонаводаро кунад, ҳунари говҷӯшию нонпазӣ дошта бошад. Намегӯянд, ки келини мо босавод, касбу ҳунар дошта бошад. Духтарҳои имрӯза ҳуқуқҳои худашонро медонанд, ҷаҳонбиниашон дигар шудааст. Боз тамошои филмҳои туркӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба феълу амали онҳо бетаъсир намемонад.

— Ҷудошавии ҳамсарон чӣ оқибатҳоро ба вуҷуд меорад?

— Агар шумораи ҷудошудагон зиёд шудан гирад, таъсири манфии онро кӯдакон эҳсос мекунанд. Ҳаёти кӯдакон тағйр меёбад, хуб таҳсил намекунанд. Зиндагии зане, ки ҷудо шудааст, хеле вазнин мегардад. Дар Тоҷикистон таъминкунандаи оила мардҳо ҳастанд. Занҳо пас аз ҷудошавӣ ба каҷрафториҳо даст мезананд, то рӯзгори худу фарзандонашонро пеш баранд. Ин зарар ба мард нисбатан камтар аст. Вай ҳам аз ҷиҳати равонӣ зарар мебинад, варзандҳояшро пазмон мешавад, ранҷ мекашад. Аммо таъсири манфӣ ба зан зиёдтар аст. Оила аз падару модар ва фарзанд иборат аст. Агар инҳо ҷудо шуданд, оилаи нопурра мешаванд. Аксарияти фарзандони ин гуна оилаҳо озурдахотиранд, камсаводанд, оянда зиндагиашон мушкил мешавад.

Дар ҷудошавии ҳамсарон як чизи нисбатан “мусбат” ҳаст. Мисол, агар  зане, ки зери зӯроварии шабонарӯзӣ қарор гирифта бошад, раҳоӣ меёбад. Аз оне, ки мард занро ё зан мардро азоб медиҳад, ҷудо шудан хуб аст. Шояд онҳо мувофиқи характери худ ҳамсар ёбанд. Боқӣ ҷудошавии ҳамсарон худ як фоҷиаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

— Роҳи ҳалли масъаларо ҳамчун ҷомеашинос дар чӣ мебинед?

— Барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тарҳрезии барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва сайтҳои интернетӣ, ки ба муқаддас будани оила бахшида шудаанд, ба манфиати кор аст. Ҳама чиз аз дониш сарчашма мегирад. Аввал мебинем, меомӯзем ва баъд кор мекунем. Бе тайёрӣ оила барпо карда намешавад. Ба ҷавонон фаҳмонидан лозим, ки ба қадри оила расанд ва ҳуқуқи оилавии худро донанду уҳдадориҳои оилавии хешро иҷро намоянд.

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here