Зинаҳое, ки ба сарсониҳои ҷавонон замина мешаванд

 

Шубҳае нест, ки ҷавонӣ замони сохтанҳосту бо нерӯи он ҳар кореро метавон уҳда кард. Ва ҳар касе ки ба ин гуфта эътиқод дорад, имонаш комил аст. Вале ин ҷо бояд ба назар гирифт, ки аз ҳеҷ чиз чизе сохтан бо дилхоҳ қувва нашояд. Мисли ин ки ҳеҷ мумкин нест дар биёбоне аз қум хона бино кард, агарчи соҳиби дилхоҳ қувва ҳам бошем.

Воқеан, ҷавонӣ замони бунёду талошҳост. Заминаи ҳамин давра инсонҳоро дар оянда ширинкому некҳол мегардонад. Зимнан, ҷавонӣ роҳ мехоҳад. Роҳ ба сӯи умедҳо. Роҳ ба сӯи ҳадафҳо. Роҳ ба сӯи орзуҳои нек. Роҳ ба сӯи сохтану бунёд кардан… Ва садҳо роҳҳои дигар, ки то нуқтаи охирон як ҷавонро бурда расонаду аз ӯ як шахсияти муваффақ дар кору зиндагӣ созад. Ин роҳ бояд қувваи ҷавониро ба таври зарурӣ дар роҳи бояд истифода кунаду онро барҳадар надиҳад. Ин роҳ бояд ҷавониро сарсону саргардон накунад. Ин роҳ бояд ҷавониро пеши дигарон зору залил накунад. Ин роҳ бояд ҷавониро пеши дигарон муштипар нишон надиҳад. Балки ин роҳ бояд ҷавониро ба тавре роҳнамуд созад, ки дар хаёл фақат як чиз бошад — “Бо ин қувва дилхоҳ корро метавонам уҳда кунам!”.

Ва воқеан ин ҷумла бояд бо як ҳисси бузург ва саросар бо оҳанги боварӣ садо диҳад. Вале ҷавонони мо имрӯз то кадом дараҷа ба худу ба роҳҳое, ки баҳри онҳо сохтаанд, бовар доранд, саволу шубҳа аст. Ин ки фисади асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, хуб аст. Дар ҳамин росто фисади асосии роҳгумзадагони кишварро низ ҷавонон ташкил медиҳад. Чанд фоизи муваффақ нишони комёбию муваффақият нест, чаро ки аксарият дар роҳгумӣ қарор доранд. Барои чӣ хонанд? Куҷо раванд? Ба кӣ муроҷиат намоянд? Ба дастури кӣ пеш раванд? Киро роҳнамо қабул кунанд? Диплом баҳри чист? Маоши ночиз ба чӣ мерасад? Чаро бояд оиладор шуд? Чаро бояд оиларо пароканда кард? Чаро бояд муҳоҷир шуд? Чаро бояд ҷон доду нон ёфт? Ва ҳазору ҳазор саволи дигар аст, ки асли зиндагии қишре аз ҷавонони кишварро бозгӯ мекунад.

Масъала дар ин аст, ки ҳокимиятҳои маҳаллӣ ҳамеша гӯш ба он медиҳанд, ки кай Ҳукумати кишвар садои фармонеро баланд мекунаду онҳо даст ба кор мешаванд. Яъне, азм аз пеши худ барои беҳбудӣ ва ояндаи ҷавонон ками андар кам аст. Одат шудааст, ки бояд зери нағорае бирақсанд. Ё магар чӣ зарар дорад, ки бахшҳои ниҳодҳои мухталифи кишвар дар навоҳӣ иқдомҳои наву ҷолиберо баҳри роҳнамудии ҷавонон пешбарӣ кунанд? Қолабҳои шахшудае, ки ҷавонии ҷавонони моро солҳост барабас медиҳад, гуноҳи худи ҷавонон нест. Балки бепарвофалакию беаҳамиятии зиёд нафарон ҷавонони зиёдро дар чорроҳаи зиндагӣ ба роҳгумӣ андохтааст.

 

РОҲИ АВВАЛ

Таҳсил дар мактаби миёна

Дар кишвари мо имрӯз ҳар ҷавоне, ки падари бою пулдор ё “таға” дорад, мумкин ояндаи хуб низ дошта бошад. Чаро ки барои таҳсил дар беҳтарин мактабҳо, мисли литсеву гимназия ва мактабҳои президентӣ зӯри ҳар кас намерасад ва инро ҳама медонанд. Агарчи саводи кофию фаҳмиши васеъ низ бошад, вақте пул нест, пас таҳсили хуб ҳам нест. Аммо ин ҷо роҳи дигар мавҷуд аст. Чаро ба роҳ мондани дарсҳои хубу хонданӣ дар мактабҳои миёнаи одӣ низ набошад? Гуноҳи ҷавони камбағал нест, ки ӯ дар фазои нохуби таҳсил дар мактаби миёна аз тамоми буду дораш бимонад. Ва дар оянда аз надоштани саводи кофӣ ва огоҳ набудан аз чизе, намедонанд, ки дар куҷо кадом ихтисосро бихонанд. Ҳамин тавр рӯзҳову моҳҳои зиёд ба мактаб барои чӣ меравад, худаш намедонад. Чун низоми мактабҳои миёна ҳамин гуна аст, ки ҷавононро барои эҳсоси масъулият водор намесозад. Барномаҳои мактабӣ он гунае нестанд, ки шавқи як ҷавонро бедор созаду ӯро ахиран ба ҷое расонад. Китобҳову ашёи хониш низ хело кам дар ташаккули ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот, саҳм мегузоранд. Чун аз чопаш солҳо сипарӣ шудаасту онҳо мувофиқ ба ду даҳсолаи пешанд. Ҷавони тоҷик замоне тасмими ниҳоӣ барои интихоби касбу ҷои таҳсил мегирад, ки мактаби миёнаро хатм намудааст. Дар ҳамин зина алаккай аксарияти ҷавонон роҳгум мезананд. Ва шуруъ мешавад роҳи аввали роҳгумӣ.

 

РОҲИ ДУЮМ

Аз интихоби касб то таҳсил дар мактабҳои олӣ

“Муҳим ҷое хонаму дипломеро соҳиб шавам”. Ҳамин аст таъбири аксарият хатмкунандагони макотиби миёна. Фикри ин ки бо интихоби касбе роҳи ояндаи худро ҳамвор кунанд, кам ба сари ҷавонон меояд. Чун қобилияти паст, камсаводӣ ва ҷаҳонбинии кӯчаке, ки аз мактаби миёна гирифтааст, имкон намедиҳад, ки ӯ ба воситаи касбе ояндаи худро равшану хуб бинад. Яъне, агар ихтисосеро интихоб кунанд ҳам, моҳияти онро дуруст дарк намекунад, ки бо ин касб ман киву чӣ мешам.

Ёвари мудири Маркази миллии тестӣ Абдувосит Юлдошев чанде қабл ба яке аз расонаҳо чунин иттилоъ дода буд, ки “имсол майли бештари довталабон ба гуруҳи ихтисосҳои чорум — ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ аст, ки шумораи умумии довталабон 173%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ҷои дувум гуруҳи ихтисосҳои ду — тиб, биология ва варзиш қарор дорад, ки теъдоди хоҳишмандони ин бахш 170%-и нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Мисли собиқ довталабон, мутаносибан тахассуси табииву техникиро камтар интихоб мекунанд”.

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар фаҳмиши аксари довталабон “Ман ҳуқуқшинос мешавам”-у “Ман табиб” ҷой дорад. Дар ҳоле, ки садҳо касбу ихтисоси дигар мавҷуд аст, заминаи нохуби макотиби миёна фаҳмиши аксари ҷавонони моро аз ин васеътар накардааст. Ҳамин надоштани фаҳмиши васеъ ҷавононро дар рӯ ба рӯи интихобе қарор медиҳад, ки аслан талаботи бозори меҳнат нест. Ё чуноне дар аввал гуфтем, танҳо бо доштани диплом ва таҳсил дар ҷое фикри қисме аз ҷавонон ба охир мерасад. Ва баъди шомил шудан ба мактаби олию таҳсил намудан дар он, дар роҳи дуюми роҳгумӣ гом заданро шуруъ мекунанд.

 

РОҲИ СЕЮМ

Аз хатми донишгоҳ то ҷои кор

Табиист, ки дар аксар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар агар навъе карда ҷавонон дохил шаванд, дипломи онро соҳиб мешаванд. Талабот он қадар ҷиддие нест, ки аз як ҷавон мутахассис омода кунанд. Аз як сӯ ҷавон агар худаш майлу хоҳиш надошта бошаду аз нофаҳмӣ дохил шуда бошад, аз ҷониби дигар устодони макотиби олӣ низ он қадар дилсӯз нестанд, ки ояндаи як ҷавонро фикр кунанд. Кам иттифоқ меафтад, ки як хатмкарда баробар бо хатмаш соҳиби ҷои кору нони даҳон шавад. Ба истиснои баъзе ҳолатҳо. Ҷавоне, ки ду даъфа дар роҳгумӣ қарор гирифтааст, баъди хатми донишгоҳ акнун дар роҳи сеюм қарор мегирад — ҷои кор. Дари сад идораро мезанаду хоҳиши ба кор қабул шуданашро мекунад. Агар корхонае аз ӯ забондонӣ талаб кунад, дигарӣ мутахассиси хуб буданро талаб мекунад. Баъдтар аз ҳама сеюмӣ аз ӯ таҷрибаи кориро талаб мекунад, ки мутаассифона имрӯзҳо шарти аввали бакоргирии аксарияти корхонаҳо шудааст. Дар ҳамин ҷо як ҷавон дарк мекунад, ки ин ҳама вақташ беҳуда гузаштааст ва аз роҳнамоие кор гирифтааст, ки охираш роҳгумист.

 

РОҲИ ЧОРУМ

Сарсониҳо ва мушкилиҳои ҷавонӣ

Ҳамарӯза ба селаи бузурги муҳоҷирони кишвар гуруҳ-гуруҳ ҷавонон низ ҳамроҳ мешаванд. Дар ин миён қисмеро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки соҳибдипломанд. Мутаассифона, дониши нокофӣ (дар баъзе ҳолатҳо кофӣ), дипломи нокораву ҷои кори каммаош, фазои танги фаъолият бахше аз ҷавонони моро дилшикаставу дилмонда кардааст ва ба кадом дар сар халондани худро намедонанд. Донишгоҳро навъе карда бо ташнагиву гуруснагӣ хатм мекунад. Дипломро чорае карда соҳиб мешавад. Вақте мебинад, ки аз рӯи дипломаш дар маҳали зисташ кор пайдо намекунад, маҷбур мешавад дар шаҳр монаду кор кунад. Бо сарсониҳои зиёд кор ҳам пайдо мекунад. Аммо ин сарсониҳо дар худ ҳеҷ шавқу шур ва талош надоранд. Чаро ки як ҷавони тоҷик хуб медонад, ки бо ин кору маошаш дар ояндаи наздик соҳиби зиндагии хуб ва сарпаноҳ намешавад. Ва баъди як ё чанд соли кораш мебинад, ки обаш ҳеҷ ранг намегирад, корро мегузораду меравад думболи муҳоҷират. Акнун шуруъ мешавад роҳе, ки роҳгумиаш баъзан бо маргу дар аксар ҳолат бо маризиҳо анҷом мепазирад.

 

ХУЛОСА

Ё роҳнамое барои роҳро ёфтан

Роҳнамоии ҷавонон аз мактабҳои миёна, ҳатто аз боғча бояд шуруъ шавад. Дар ҳамин давра ба кадом касбу кор қобилияти ҷавонон фаҳмида шаваду онҳо дар ҳамон самт дастгирӣ ёбанд. Шарт нест, ки ҳама духтуру ҳуқуқшинос шаванд. Фазо бояд тавре сохта шавад, ки ҷавонон ояндаро танҳо дар диплом доштан набинанд. Яъне, фаҳмиш чунин бошад, ки бе диплом ҳам метавон ояндаро бунёд кард. Аммо муҳити фаъолият низ ҳамин имконро бояд ба ҷавонон диҳад, ки онҳо роҳи фаъолиятро ёбанд. Имкониятҳое бошад, ки агар ҷавон қудрати таҳсил дар мактабҳои хубро надошта бошад, ҷои кори хуб пайдо карда натавонад, бо кори дигаре ояндаи худро бунёд созад. То рӯзе , ки агар муваффақ буданро дар гуруҳи кӯчаки ҷавонон донем.

Агар макотиби миёна барои беҳ намудани шакли тадрисашон чора наандешанд, агар ҷавонон надонанд, ки барои чӣ таҳсил мекунанд, агар ҷавонон баъди хатм барои чӣ диплом гирифтанашонро надонанд, агар фазо барои сохтани ояндаи ҷавонон хуб нашавад… Бояд саҳеҳ дарк кард, ки ағлаби ҷавонони мо ҷавониро сарфи сарсониҳои беҳуда намудаанд ва то замоне чунин аст, онҳо аз ин чорроҳаи роҳгумӣ дур намераванд.

 

Сипар МАВЛОНӢ

Добавить комментарий